Бахшҳо

Дар Қирғизистон 41 номзад ба мақоми президентӣ аз имтиҳони забон гузаштанд

То 16 август 46 номзад ба мақоми президентӣ дар Қирғизистон имтиҳони забони қирғизиро супориданд. Кумитаи миллии Қирғизистон дар умури забони давлатӣ хабар медиҳад, ки аз ин шумор 41 нафар аз имтиҳон гузаштаанд.

Ҳафтаи ҷорӣ Комисияи марказии интихоботӣ ба номзади мақоми президентӣ аз ҷиноҳи порлумонии "Республика-Ота-Журт" Омурбек Бабанов, сарвазири пешин шаҳодатномаи номзадиро супурд. Вай расман номзади сабтиномшуда эълон гардид. То ин замон Темир Сариев, раиси ҳизби "Ак Шумкар" низ шаҳодатнома дарёфт кард. Сариев низ дар гузашта сарвазири Қирғизистон буд.

Интихоботи президентӣ дар Қирғизистон 15 октябр баргузор хоҳад шуд. 59 нафар эълон карданд, ки барои курсии президентӣ мубориза мебаранд.

Омурбек Текебоев, роҳбари ҳизби "Ота Макон", ки ҳоло зиндонист, натавонист имтиҳони забони давлатиро супорад. Зеро барои вай шароит фароҳам нашуд. Рӯзи чаҳоршанбеи 16 август, Текебоев бо айби фасодкорӣ 8 сол зиндонӣ шуд. Ин айбро сиёсатмадор рад мекунад. Ҷонибдорони вай мегӯянд, парвандаи ҷиноии Текебоев ангезаи сиёсӣ дорад ва бо ин баҳона ӯро аз иштирок дар интихобот маҳрум карданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Сентябр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)