Вазир капитани маст, ки пиёдагардро зер кард, аз мақомот ронд

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон капитани милитсия Раҳимов Парвиз Раҳматовичро барои идораи мошин дар ҳолати мастӣ ва зер кардани пиёдагард аз сафи мақомоти умури дохилӣ озод кардааст.
Тибқи иттилои ВКД садама бо иштироки капитани маст 22-юми августи соли 2017, соати 21:30-дақиқа дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ рух дод: “Автомашинаи «Опел-Астра», таҳти идораи ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани Раҳимови 31-сола ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Қаҳҳоров, дар ҳудуди кӯчаи С.Шерозии пойтахт пиёдагард Маҳмадов Хисрав Бобохонович соли таваллудаш1984, сокини ноҳияи Восеъро зада аз пой афтондааст. Ронанда капитани милиса маст будааст”.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст: “Нисбати ҳодисаи мазкур аз ҷониби шуъбаи тафтишотии РВКД дар шаҳри Душанбе мавод тартиб дода шуда, аз рӯи тобеъият барои чораандешӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |