Бахшҳо
24 авг 2017 16:35Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Хушоянду фоидаовар: Tcell дар истироҳатгоҳҳои тобистона аз бехатарӣ дар Интернет гуфт

Тобистон – фасли истироҳат, махсусан барои насли наврас аст. Дар саросари ҷумҳурӣ мактаббачаҳо тобистонро дар истироҳатгоҳҳо мегузаронанд. Моҳи август ширкати Tcell аз ҳоли иддае аз истироҳаткунандаҳои истироҳатгоҳҳои минтақаҳои кишвар дидан карда, ба онҳо дарсҳои “Бехатарӣ дар Интернет”-ро гузашт.

Ширкати Tcell лоиҳаи “Бехатарӣ дар Интернет”-ро моҳи апрел роҳандозӣ карда, вобаста ба ин дарсҳоро дар мактабҳои гуногуни пойтахт гузаронд. Ширкати Tcell лоиҳаи нави дарозмуддати “Бехатарӣ дар Интернет”-ро оғоз кард, ки барои мактаббачаҳо (14-17 сола) нигаронида шуда, ҳадафаш баланд бардоштани фарҳанги қоидаҳои рафтор дар шабака ва роҳҳои канорагирӣ аз таҳдидҳои интернетӣ мебошад.

Шумори истифодабарандагони Интернет дар ҷаҳон ҳамарӯза меафзояд. Барои бисёриҳо Интернет як воситаи муҳим аст, ки ҳамарӯза онро тариқи компютер, телефон ва ё дигар дастгоҳҳо истифода мебаранд. Бисёриҳо ҳаёти худро бе дастрасӣ ба Интернет тасаввур карда наметавонанд. Дар асри технологияи рақамӣ барои бисёре аз тиҷоратҳо кор дар Интернет гарави муваффақият аст.

Инсонҳо бо дастрасӣ ба Интернет бе ҷуғрофиёи маҳдуд аз ҳама нуқтаҳои олам мехонанд, корашонро анҷом медиҳанд. Ин равандҳои ҷаҳонӣ ба тамоми сайёра таъсир мерасонанд ва тадриҷан ба минтақаи мо низ меоянд. Мо Интернетро барои муошират, ҳамкорӣ, гузаронидани тадқиқот, иҷрои супоришҳо, ҳифзи маълумот, харид, идоракунии суратҳисоб ва барои бисёр корҳои дигар истифода мебарем. Интернет манбаи муфид аст, аммо мутаассифона баъзан вақт он ба руҳияи нозуки кӯдакону наврасон таҳдид мекунад. Зодагони баъди солҳои 1990 дар дунёи маҷозӣ, телефонҳои мобилӣ, асбобҳои аскбардорӣ ва бозиҳои видеоӣ дар даврони Интернет тавлид шудаанд.

Онҳо ба имконоти беохири шабака дастрасӣ доранд, муошират мекунанд, фикрҳои худро баён мекунанд, тавассути Интернет ҳамфикронашонро пайдо месозанд, кор мекунанд ва меомӯзанд. Ин насл ба навгонӣ зуд мутобиқ мешавад, тағйиротро зуд қабул менамояд. Интернет манбаи муфид аст, аммо мутаассифона баъзан вақт он ба руҳияи нозуки кӯдакону наврасон таҳдид мекунад. Дар “дарс”-и интерактивӣ бачаҳо дар бораи бехатарии Интернет, роҳи дуруст, муфид ва бехатар истифода бурдани шабака, қоидаҳои рафтор дар Интернет ва аз чӣ канора гирифтанро мефахманд. Дарсҳои шавқовар дар бораи бехатарӣ дар шабака дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи “Хивҷ”-и ВМКБ, “Шоҳин”-и Қайроқум ва “Зимчуруд”-и Варзоб гузаштанд.

Бачаҳо дар бораи фирор аз таҳдидҳои интернетӣ, қаллобони интернетӣ, барномаҳои рамзшикан, вирусҳо ва иттилои бардурӯғ маълумот гирифтанд. Ҳамчунин ба мактаббачаҳо қоидаҳои оддии рафтор дар шабака - ба бегона бовар накардан, ахбори шахсии худро боз нагузоштан, ба пешниҳодҳои “фоидаовар” розӣ нашудан, суроғаҳои номаълумро нохун назаданро омӯхтанд.

Лоиҳаи “Бехатарӣ дар Интернет” то оғози соли таҳсил идома хоҳад кард. Баланд бардоштани огоҳии наврасон дар бораи истифодаи дурусти шабака вазифаи муҳими стратегии ширкат мебошад, зеро ҷавонон муштариёни фаъолони шабака мебошанд. Ҳамчун масъулияти иҷтимоии ширкат, Tcell барои рушди фаъолияти бисёр соҳаҳои ҷомеа, аз ҷумла маориф кумак мекунад.

Tcell- бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)