Бахшҳо

Паёми табрикии Президент: Нагузорем, ки касони камбизоат боз ҳам қашшоқтар шаванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми табрикӣ ба муносибати Иди Қурбон мардуми кишварро ба ҳимояи фарҳанги миллӣ даъват намуда, таъкид кардааст, арзишҳои исломӣ ҷузъи он мебошанд.

Дар ин паём Президент ба қабули тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ишора намуда, ҳадафи онро баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва махсусан, оилаҳои камбизоат унвон кардааст: “Тағйиру иловаҳои воридшуда ба идҳои динии мо низ дахл дошта, бо харҷи кам гузаронидани рӯзҳои ид ва маросими азодориро пешбинӣ кардаанд. Мо бояд идро ба тӯй ва зиёфати бодабдаба табдил надода, онҳоро хоксорона, бо оростани дастархони маънавӣ доир намоем ва бештар ба ҷанбаи тарбиявию ахлоқии он диққат диҳем”.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, дар рӯзи Иди Қурбон бояд ба зиёдаравӣ роҳ надод ва бештар ба арзиши маънавии он, ки аз сухани нек гуфтан, дасти мадад дароз кардан ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо, аёдати падару модарон, беморону азодорон ва дигар аъмоли хайру савоб иборат мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир кард: “Мувофиқи аҳкоми шариат қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони доро воҷиб буда, касоне, ки ба ин кор имкон надоранд, бо дуо ба рӯҳи гузаштагон ва муомилаи неку ахлоқи ҳамидаи инсонӣ қаноати идро ҳосил менамоянд, ки ин низ фазилати ид ва одоби исломӣ мебошад. Дарвоқеъ, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бе оростани хони бодабдаба гузаронидани ид аз қадим хоси мардуми мо буд. Дигар ин, ки касеро ба иҷрои коре, ки аз тавону имконаш берун аст, маҷбур кардан, хусусан, дар шароити имрӯза, қарз гирифта қурбонӣ кардан ва ҳаққи фарзандонро кам намудан низ дар ислом нораво мебошад. Мо бояд ин масъаларо ба мардум возеҳу равшан фаҳмонем ва нагузорем, ки касони камбизоат боз ҳам қашшоқтар шаванд”.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома изҳор дошта, ки “хотирнишон месозам, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёриро ба ҷо овардан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишварамонро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидан, Ватанро сидқан дӯст доштан ва барои ободиву пешрафти он содиқона заҳмат кашидан низ рисолат ва вазифаи имониву инсонии ҳар яки мост. Фаромӯш набояд кард, ки дӯст доштани Ватан шарти имондорӣ мебошад. Дар ин рӯзи муборак, ки Худованд мустаҷоб гардонидани дуову ниёиши мусулмононро ваъда кардааст, дуо мекунем, ки дар кишвари мо сулҳу субот то абад поянда бошад ва хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон ободу осуда, пур аз саодату некбахтӣ ва файзу баракат гардад”.

Мардуму мусалмони Тоыикистон Иди Қурбонро фардо, 1 сентябр ҷанш мегиранд. Бар асоси қонунгузории кишвар ин рӯз истироҳат эълон шудааст, аммо ахиран Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон кард, 1 сентябр дар ҳама муассисаҳои таълимӣ рӯзи дарсӣ мебошад.
Мӯҳр
мехмон
Мардум кашшок нест! Саломати аз хама боигарии бехтарин хаст! Саломати ва хохиши кор кардан дорад мардум! Бо мехнат зиндаги ва дар идхо оростани дастархон хеч мушкилие надорад. Мардумро бо кор таъмин кардан даркор на ин ки бо танзимгари! ,,КОР БОШАД НОН МЕШАВАД, НОН БОШАД ИД МЕШАВАД" !!! Охин ин аст муаммо ва формулаи зиндаги!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Сентябр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)