Бахшҳо
31 авг 2017 11:22Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Корти электронӣ дар автобусҳо: Поёни баҳси бақияпулӣ ва тақдири “кондуктор”-ҳо

Шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки то охири сол автобусҳои мусофирбари пойтахт бо низоми пардохти электронӣ муҷаҳҳаз шуда, фурӯши кортҳои электронӣ барои мусофирон шурӯъ мегардад.

Улуғбек Каримов, масъули лоиҳаи низоми пардохти электронӣ дар Душанбе, 30 август зимни муаррифӣ дар Душанбе гуфт, лоиҳа аз 4 марҳила ибрат мебошад: “Марҳилаи якум анҷом ёфта, ҳоло корҳо дар марҳилаи дувум идома доранд”.

Каримов дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, баъди татбиқи лоиҳаи мазкур, кори «кондукторҳо» бо шеваи дигар идома меёбад: “Нисфи онҳо барои назорати хизматрасониҳо ва қисми дигарашон барои корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мусофирон боқӣ мемонанд”.

Масъули ин лоиҳа таъкид намуд, ки дар пай татбиқи низоми падохти электронӣ баҳсҳои баргардонидани бақия ҳалли худро меёбад: “Таҷҳизоте, ки насб мешаванд, роҳкирои пешбинишударо гирифта, бақияи маблағ дар суратҳисоби корти электронии мусофир мемонад, ки дигар ҳеҷ мушкил пеш нахоҳад омад”.

Каримов афзуд, то охири ҳамин сол дар 250 автобус бояд таҷҳизоти пардохти электрониро насб намоянд: “Таҷҳизотро мо аз Бералус, Олмон, Таиланд ва дигар кишварҳо меорем, муҳлати фармоиши баъзе таҷҳизот то 60 рӯз тӯл мекашад”.

Қурбон Саидзода, муовини раиси шаҳри Душанбе гуфт, роҳандозии низоми пардохти электронӣ дар заминаи ҳамкории бахши хусусӣ ва давлатӣ татбиқ гардида, беҳтар аст, ҷомеа дар раванди амалишавии он пешниҳодҳои худро ироа намоянд”.
Мӯҳр
Бояд коре кард, ки корти алохида не балки он кортхое бонки, ки мо айни хол истифода мебарем барои гирифтани маош хамон истифода шавад.

Аввал равуои худи автобусҳоро танзим кунед. Дар аввалу охири хатсайр даҳҳо автобус пинак зада меистанду шаҳрвандон дар истгоҳҳо нимсоатӣ интизори автобус. Бояд дар ҳар як истгоҳ ҷадвали омадани автобус дақиқа ба дақиқа овезон бошаду ронандагон онро риоя кунанд. Ана баъд ба кортҳои электронӣ гузаред.

Салом
Пешниҳоди бародар ки гуфт, корти бонки истифода шавад, каме ноамн аст. Корти ҷудо аз корти бонкӣ бояд ташкил дода шавад ки пули корти бонки ба иштибоҳ ба дастгоҳ наравад ё ҳисоб хато нашавад.

2
Икдоми хуб аст офарин .Хамин тролебуси №5-а кай рохандози мекарда бошанд ки медонад? чунки аз гипрозем то театри чавонон ва гулистон рафтан мушкил аст танхо бо такси метавони рафтан.

Саломун алекум кормандони муҳтарами сомонаи озодагон
Ҳукумати Тоҷикистон нав ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоссае кардааст ин кор чанд сол пеш бояд мешуд чаро ки дар дигар кишварҳо чандин сол пеш ин амалӣ шудааст. Вале боз ҳам хуб аст. Аммо дар масъалаи корт, ҳар чизе барои худ хуб аст ки корти ҷудогонае дошта бошад бахши автобус барои ин масъала ҳатман корти ҷудогонае дошта бошад ҳангоми кашидани корт раҳпулӣ утумутик аз корт кам мешавад. Ин як кори одди аст ман пешниҳод дорам ва он ин ки бояд ҳамеша дастгоҳҳо дар автобусҳо ҳамеша фаъол бошад вале агар фаъол набошад ба ҳамватанон огоҳ када шавад ки нисфи роҳкиро пардохт гардад дар ин сурат ронандагон ҳамеша дар фикри фаъоли дасдгоҳҳо мешаванд аз тарафи дигар ба мусофирон огоҳ карда шавад ки пули роҳкиро тавассути корт Масалан 50 дирам бидуни корт 1 сомонӣ дар ин сурат мусофирон ҳамеша талош мекунанд ки корт барои худ таҳия кунанд
Муваффақ бошед

Собир
Шахсони имтиёздор чй кор мекунанд? Иштирокчиёни ЧБВ, интернатсионалистон, нафакагирон, кормандони шоиста... Озодагон ин масъаларо хам пайгирй кунед, мухим аст, боз чанчол нахезад...

гуманист
Хамин хизматрасони хуб шавад, мо розием, ки хамон ду сомон дар "маршруткахо" ва се сомиони дар "таксихо" дода, ба вакташ ба чойи корамони расем. Бехтар аз он аст, ки барои чанд дирами бакия чандин соати умрамон дар рох мегузараду асаби ба чойи кор мерасем ва чанд мушкили дигар дар чойи кор ба вучуд меорем. Намешуд, ки чорае ёбему маршруткахоро ба низом дарорем?! Ё ин ба манфиати корчалонхо нест.
Чанд руз аст таксихои се сомона дуруст кор намекунанду машрутхо хам. Хамагон катор-катор соат-соат дар рохравхо маршрут интизор мешаванд.
Тачхизотхоятон аз худатон. Барои мардум шароите мухаё кунед, ки сари вакт ба корашон расанд, на инки ними умрашон дар рох гузарад.
Шумо ВАЗИФАДОРХО хич вакт бояд фаромуш накунед, ки барои КАЛЛАхоятон, ки як масъаларо ба манфиати ХАЛК хал кунед, вазифа додаанд, набошад аз хамон рохгузар хич фарке надоред!

Собир,
"Кормандони идораҳои давлатӣ чӣ кор мекунанд?", гӯед. Ман бисёр дидаам, одамоне, ки нафақахӯр ё инвалид нестанд, ба пулчинакҳои автобусу троллейбус ҳуҷҷатҳои сурх нишон медиҳанд. Ин хел мусофирони бепулрав беҳад зиёданд. Дар бораи милисаву низомиён ку ҳоҷати гап ҳам нест. Онҳо ҳеҷ вақт пул намедиҳанд. Пас кӣ пул медиҳад? Боз ҳамон донишҷӯ, муаллиму духтуру коргарони оддӣ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)