Изҳороти ВКХ Тоҷикистон дар мавриди озмоиши силоҳи ҳастаии Пхенян
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, бо нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши навбатии силоҳи ҳастаӣ аз сӯи Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея ҳамақида аст.
Ин ниҳод дар изҳороти расмие озмоиши силоҳи ҳастаии Пхенянро дар рӯзи 3 сентябри соли равон иқдоми таҳрикомез хонда гуфтааст, “он ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод менамояд”.
Дар идомаи ин изҳорот, гуфта мешавад, “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳо барои ҳаллу фасли қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея аз тариқи абзорҳои сиёсию дипломатӣ ҷонибдорӣ мекунад ва даъват ба амал меорад, ки Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея меъёрҳои дахлдори ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ-ро ба таври ҳатмӣ иҷро намояд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |