Бахшҳо

Паёми шодбошии Э.Раҳмон: Аз қатъи ҷанг то зарурати ҳифзи фарҳанги миллӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мардуми кишварро бо 26-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ, ки фардо 9-уми сентябр таҷлил мешавад, шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо саодату хушбахтӣ ва дар роҳи амалисозии нияту нақшаҳои некашон барору комёбӣ орзу намудааст.

Раисиҷумҳур дар паёми шодбошияш изҳор доштааст, ки “ин рӯз, барҳақ, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Мо дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии халқи худ тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем”.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон “дар пешорӯи давлати тозаистиқлоли мо вазифаҳои басо пурмасъулияту бузург, пеш аз ҳама, ҳифзи марзу бум, ягонагиву иттиҳоди миллӣ, барқарор намудани иқтисодиёти харобгашта, бунёди пояҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаву судманд бо кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ, густариши фарҳанги миллии ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир қарор гирифта буданд. Иҷрои ин вазифаҳо дар шароити рақобати шадиди сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза ва бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ аз роҳбарияти олии давлат сиёсати дурандешонаву пайгирона ва аз аҳли ҷомеа сабру таҳаммул, ягонагиву якдигарфаҳмӣ ва сарҷамъиро тақозо менамуд. Маҳз ҷаҳду талош ва муттаҳид гардидани сокинони мамлакат дар атрофи роҳбарияти давлату Ҳукумат ва дастгириву ҷонибдории онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлат омили асосии расидан ба сулҳу ягонагӣ дар ҷомеаи мо гардид”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки имрӯз моро зарур аст, ки бештар аз дирӯз кору фаъолият кунем, аҳлона заҳмат кашем ва кӯшиш намоем, ки кишвари худро ба давлати пешрафта ва сарзамини аҷдодиамонро ба як мулки обод табдил диҳем: “Баланд бардоштани сатҳу сифати рӯзгори сокинон дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мақоми меҳвариро ишғол менамояд. Мо минбаъд низ ҳамаи тадбирҳоро меандешем, ки дастгирии давлатиро дар ин самт боз ҳам тақвият диҳем, барои қишри эҳтиёҷманди ҷомеа кумакҳои давлатиро тавсеа бахшем, ба рушди оила ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осудаи сокинон ҳарчи бештар таваҷҷуҳ намоем, зеро омилҳои мазкур пояи муҳимми устувории ҷомеа мебошанд”.

Президент афзуд, ки миллати моро дар таърихи башар бо фарҳанги бою рангоранг ва шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳангаш мешиносанду арҷ мегузоранд: “Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки забону фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллии худро гиромӣ дорем, аз онҳо ифтихор кунем ва маънавиёти насли ояндасозро бо арзишҳои миллати куҳанбунёдамон тавсеа бахшем ва ҳамзамон бо ин, зеҳну шуури онҳоро аз олудашавӣ ба унсурҳои бегона ҳифз намоем. Насли имрӯза бояд ба қадри ранҷу заҳматҳои насли калонсол расад ва рисолати хешро дар роҳи ҳифзу ободии Ватан иҷро карда тавонад”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки мо ба насли ҷавони Ватани азизамон эътимоди комил дорем: “Соли ҷавонон эълон шудани соли равон ба он мақсад аст, ки ҷавонони саодатманди замони истиқлолият чароғи афрӯхтаи падаронро фурӯзон нигоҳ медоранд ва бо нури он роҳи худро дар пешрафти давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон равшан месозанд. Бо изҳори чунин умедҳои нек бори дигар кулли мардуми Тоҷикистони азиз ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бистушашумин солгарди истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, барояшон хонаи обод, иқболи нек ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям”.
Мӯҳр
Мо бо Шумоем Чаноби Оли! Шумо хастед, ки мо хастем. Зинда бод сулх, осоиштаги, Истиклолият, ВАТАН ва Пешвои миллати хайрхоу хирадманд. Зинда бод миллати ТОЧИК!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)