Дипломати тоҷик қаҳрамони мусобиқаи тенниси рӯи миз дар Теҳрон
Як дипломати тоҷик қаҳрамони мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни сафоратхонаҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ эълон гардидааст.
Торнамои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, атташеи иқтисодии сафорати Душанбе дар Теҳрон дар мусобиқаи тенниси рӯи миз ҳамаи ҳарифонашро шикаст дода, ба мақоми аввал расид ва медал, диплом ва ҷоизаи асосиро соҳиб шуд.
Ба иттилои манбаъ, ин нахустин мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни кормандони сафоратхонаҳои кишварҳои узви СҲИ буда, бо ташаббуси Муассисаи фарҳангии СҲИ роҳандозӣ шудааст: “Рақобатҳо миёни 17 нафар аз кишварҳои узви СҲИ бо ҳакамии доварони варзида бо роҳбарии довари дараҷаи байналмилалӣ Муҷтабо Собирӣ доир гардид”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |