Бахшҳо
13 сен 2017 15:44Тоҷикистон / Сиёсат

ВКД: Гулмурод Ҳалимов ҳанӯз таҳти пайгард қарор дорад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини “ОМОН”-и Тоҷикистон ҳанӯз таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дорад. Ҳафтае қабл Вазорати дифои Русия гуфт, дар пайи як ҳамлаи ҳавоӣ “вазири ҷанг”-и ДИИШ – Гулмурод Ҳалимов кушта шуд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 13 сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар мавриди марги Гулмурод Ҳалимов ба мақомоти Русия дархост ирсол намуда, аммо ҳанӯз тасдиқи онро дарёфт накардаанд. Ӯ гуфт, дар ин бастагӣ ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ нисбати Гулмурод Ҳалимов қатъ нашуда ва мавриди кофтукоб қарор дорад.

Ҳафтаи гузашта “Россия сегодня” бо такя ба иттилои Вазорати дифои Русия хабар дод, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои Русия ба маҳалли террористон дар баробари Гулмурод Ҳалимов се қумондони саҳроии дигари таъсиргузори ДИИШ ва 40 ҷангии қатории ин созмони террористӣ маҳв шудаанд.

Русия дар ҳоле мегӯяд, Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини "ОМОН"-и Тоҷикистонро маҳв кардааст, ки дар гузашта расонаҳои ғарбӣ борҳо аз кушта шудани ӯ хабар додаанд. Бори охир моҳи апрели соли равон маҷаллаи “Таймс” аз марги Ҳалимовдар шаҳри Мосули Ироқ хабар дода буд. Ин расона бо такя ба манобеаш дар мақомоти низомии Ироқ навишт, ки "вазири ҷанг"-и созмони террористии “ДИИШ” Гулмурод Ҳалимов дар пайи зарбаи ҳавоӣ дар қисмати ғарбии Мосул кушта шуд. Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 дар як навори видеоӣ эълон кард, ба ДИИШ пайвастааст. Он замон ӯ раҳбарии “ОМОН”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро бар уҳда дошт. 30 августи соли 2016 Курт Райс, муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба таҳлилу таҳқиқи таҳдидҳои назди дафтари амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА дар як суҳбати телефонӣ бо хабарнигорон гуфт, Амрико барои маълумот дар бораи маҳалли будубоши Гулмурод ҳалимов 3 миллион доллар ҷоиза медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, Ҳалимов дар ИМА дар чанд давраҳои омӯзишии мубориза бо терроризм омӯзиш дида, як ҷанговари бисёр ҳирфаӣ мебошад ва аз шеваҳои муборизаи Амрико бо гуруҳҳои террористӣ огоҳ аст. Масъули Департаменти давлатии ИМА огоҳии Ҳалимовро аз шеваҳои мубориза алайҳи терроризм хатарнок хонда, илова намуд, “ин метавонад ба нафъи мо набошад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)