Бахшҳо
14 сен 2017 10:35Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Cабти 2 ҳодисаи қатли падар аз сӯи писар дар 2 рӯзи охир

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тайи ду рӯзи гузашта ду ҳодисаи қатли падар аз сӯи писаронро ба қайд гирифтааст.

Тибқи иттилои ВКД маъмурини милиса марди 25-сола, сокини ноҳияи Аштро бо гумони қатли падари 47-солааш боздошт кардаанд: “Дастгиршуда 12-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 22:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ ба ҳавлии истиқоматиашон омада, бо падараш ҷанҷол кардааст. Зимни муноқиша писари маст бо истифода аз бели хоҷагидорӣ якчанд маротиба ба сар ва узвҳои бадани падараш зада, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расондааст”.

ВКД афзуд, ки чунин як ҳодисаи нанговари дигар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст: “Марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкур рӯзи 13-уми сентябри соди ҷорӣ, тахминан соати 13:00-дақиқа ба ҳавлии истиқоматии падараш, марди 65-сола омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 5-маротиба ба узвҳои баданаш задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Тоҷик
Эээээ ҳайвонҳо писар нашуда муред!!!

Мухочир
Ин хама бадбахти дур будани мардум аз ислом аст агар воизони хакгуйро аз минбари масчид дур намекардан ин бадбахтихо рух намедоданд

Дар чахон гум шуда мехри падару фарзанди
Варна Рустам ба чи боист сари Сухроб хурад.
хар ки бо душмании халк равонаст чу бахр
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.
Катраи май сари Мансур баровард ба дор
Э вой бар он, ки хама умр майи ноб хурад.
(Сайидо)
вакти он расидааст, ки фуруши машруботи спиртиро низ пурра аз сари нав ба танзим дарорем.

ОРР
Давраи ин чи шурест дар ин даври камар мебинам омад . Худоё бандагонатро ба рохи рост хидоят намо, ки ин кудратро танхо худат дори..........Тоҷик,

шахрванд
инхоро хукми катл кардан даркор аст. аз Худо наметарсидаант

Муслим
Ягон вақт тааҷҷуб накунед!!! Дар оянда чуни ҳодисаҳо бисёр мешванд чун вақти мо қонуне қабул кардем ки мусалмон то 18 сола ба масҷид наравад пас аз ин гуна ҳодисаҳо нороҳат набояд шуд. Масҷид нарвад арақнӯш мешавад одами мастро паст мегӯянд дар ҳолати сарҳуши ҳаркор карданаш мумкин... эҳ зиндагӣ... Аллоҳ ҳидоят кунад ҳамамона...Тоҷик,

Paymon
Мухочир,
In hama badbahti ba islom nazdik budani mardum ast. 70 soli Shuravi kase masjid nameraftu kasero na mekusht va na tajovuz mekard.

аскар
акаи мухочир 100% гапотон рост АСТ, чои бахс нест

Мо маводхи нащъадорро пешгири мекунему ин машруботи спиртии русс истехсолгарро не (русс- водкои живеть)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)