Бахшҳо
19 сен 2017 08:07Тоҷикистон / Сиёсат

Президенти Тоҷикистон дар Ню-Йорк бо Дабири кулли СММ мулоқот кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк бо Антониу Гуттериш, Дабири кулли Созмони милали муттаҳид мулоқот кардаанд. Ин дидор дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии СММ сурат гирифтааст.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар ин дидор нақши СММ дар мусоидат ва дарёфти ҳамдигарфаҳмӣ байни давлатҳо ва мардуми ҷаҳон барои сулҳу субот ва рушди устувор таъсиргузор арзёбӣ шуда, таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар ин замина ҳамкории густурдаро бо СММ ва ниҳодҳои тахассусии он идома хоҳад дод: “Ба нақши Тоҷикистон аз ҷумла дар иштироки фаъол дар татбиқ ва роҳандозии Рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин дар ташвиқу таблиғи мудирият ва истифодаи оқилонаи ин манбаи барои инсоният ҳаётан муҳим баҳои баланд дода шуд”.

Манбаъ меафзояд, изҳори бовар карда шуд, ки СММ ва ниҳодҳои тахассусии он ҷиҳати татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 фаъолона мусоидат намуда, дар рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвари мо нақш мегузорад: “Дар мулоқот доир ба татбиқи амалии ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” ва дигар мавзуҳои муҳими аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, аз ҷумла, таъмини амнияти энергетикӣ, рушди мунтазами гидроэнергетика дар Тоҷикистон, ҷонибдорӣ аз ташаббуси “Энергияи устувор барои ҳама”, бунёди “Пули энергетикӣ” CASA-1000, ҳифзи захираҳои об, пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим, кам намудани партовҳои газҳои зарарнок ба ҳаво ва ғайра фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд”.

Дар ин дидор мавзӯи таъмини амнияту субот дар Афғонистон, мубориза алайҳи терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ба баррасӣ гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта баъди ҳузур дар ифтитоҳи Бозиҳои осиёӣ аз Ашқободи Туркманистон ба Ню-Йорк сафар кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)