Оҷонсӣ: Масъули бахши танзим аз соҳиби тӯй 1075 сомонӣ пора гирифтааст
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди бахши танзими шаҳри Турсунзода бо иттиҳоми талаби ришва хабар дод.
Ин ниҳод дар гузориши телевизионие эълом кард, Андалеб Ҳакимов, масъули бахши танзим дар ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода аз шаҳрванд “А”, ки барои гузаронидани тӯйи домодиву арусӣ муроҷиат кардааст, 1075 сомонӣ пора хостааст. Дар ин гузориш, ки шоми рӯзи гузашта телевизиони “Тоҷикистон” намоиш дод, гуфта шуд, “Ҳакимов Андалеб Абдураҳмонович мансаби худро на ба манфиати давлату миллат, балки ба манфиати шахсӣ истифода намудааст. Ӯ зимни гирифтани маблағи мазкур аз шаҳрванд “А” дар утоқи кориаш боздошт гардида, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира гашт”.
Ба иттилои оҷонсии зидди фасод, нисбати Ҳакимов бар асоси моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |