Бахшҳо

Ҳабси абад барои қатли ҳамҷинсгаро, насби парчами ДИИШ ва таркиши маргбори Қӯрғонтеппа

Додгоҳи олии Тоҷикистон Шарифҷони Зокир, сокини 20-солаи шаҳри Қурғонтеппаро барои пайравӣ аз гурӯҳи ба ном “Давлатӣ исломӣ”, қатли ҳамҷинсгаро ва анҷоми таркиши маргбор дар назди бинои додситонии ҳарбии ин шаҳр ба ҳабси якумра маҳкум кард.

Тибқи иттилои додгоҳ Шарифҷони Зокир дар омода намудани парчами “Давлати исломӣ”, куштор ва таркиши маргбори назди Прокуратураи ҳарбии Қӯрғонтеппа гунаҳкор дониста шуд.

Манбаъ афзуд, Додгоҳи олӣ ҳукми Шарифҷонро, 28 август содир намуда, 4 тан аз ҳамроҳони ӯро низ барои пайравӣ аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз 5 то 15 сол равонаи зиндон кард: “Додгоҳ нисбати бародари Шарифҷон, Раҷабҷони Зокир ( соли таваллуд 2001) 5 сол, нисбати Файзиев Равшан, (соли таваллуд 1996) чордаҳ сол, ба Рустамҷон Амирхоҷаев (соли таваллуд 1998) сенздаҳ сол ва ба Саъдӣ Саидов (соли таваллуд 1986) понздаҳ сол ҳукм баровардааст”.

Миёни маҳкумшудагон Саъдӣ Саидов, сокини шаҳри Душанбе буда, боқимонда сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа мебошанд. Ба иттилои Додгоҳ, зимни муҳокима муайян гардид, ки Шарифҷони Зокир соли 2015 ақидаҳои ифротгароёнаро қабул карда, мунтазам ба сомонаҳои интернетии аъзои иттиҳоди экстремистӣ ва террористии «Давлати исломӣ» медаромадааст: “Ӯ худро бо номи «Умари Хуросонӣ» ба қайд гирифта, аз барандагони ин барномаҳо бо лақабҳои «Муовия», «Абу Муҳоҷир», «Абу Усомаи Норакӣ», «Саҳоба», «Холид ибни Валид», «Абу Муози шомӣ» дарсҳои экстремистӣ дар мавзӯъҳои «Тавҳид», «Шурудҳои Оллоҳ», «Навоқизи ислом», «Кофирону муртадон», «Бидъадон», «Фарз будани ҷиҳод дар Тоҷикистон», инчунин тартиби омода кардани таҷҳизоти тарканда ва усулҳои ба қатл расонидани одамонро омӯхтааст”.

Манбаъ афзуд, ки Шарифҷон давоми соли 2015 оид ба ҳадафҳои иттиҳоди ҷиноятии «Давлати исломӣ» ба бародари ноболиғаш Раҷабҷони Зокир, писарамакаш Р. Амирхоҷаев ва Р. Файзиев маълумот дода, онҳоро барои иштирок намудан дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятии мазкур ҷалб намудааст. Шарифҷони Зокир моҳи сентябри соли 2015 ба воситаи интернет супориш гирифтааст, ки барои ташвиқ кардани «Давлати исломӣ» парчами онро аз матоъҳои ранги сиёҳ ва сафед омода намояд. Бо ҳамроҳии бародари ноболиғаш Раҷабҷони Зокир парчами «Давлати исломӣ»-ро ба андозаи 80х50 см омода намуда, расми онро бо телефони мобилиаш сабт намуда, ба воситаи барномаи «Зелло» ба «Хаттаб» ирсол намудааст.

Инчунин бо ҳамроҳии Р. Файзиев парчамро ба теппаи «Қӯрғон» ва боғи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа бурда, бо намоиш додани он дар саҳни шаҳр расмҳо гирифта, онро ба аъзои «Давлати исломӣ» бо лақаби «Хаттаб» ба воситаи барномаи интернетӣ фиристодааст.

Муайян гардидааст, ки моҳи августи соли 2016 Шарифҷони Зокир аз роҳбарони иттиҳоди ҷиноятии “Давлати исломӣ” супориш гирифтааст, ки барои тасдиқ кардани устувории ақидаҳои худ шахсони майли бачабозидоштаро дар маҳали истиқоматии худ муайян карда, бинобар маҳкум гаштани чунин шахсон дар дини Ислом онҳоро ба қатл расонад ва ҳолати мазкурро ба навор гирифта, ба онҳо фиристонад: “Шарифҷони Зокир нақшаи ба қатл расонидани сокини деҳаи Элтӣ, ноҳияи Бохтар «Н.Қ.С» тарҳрезӣ намуда, бо ӯ дар ҳудуди деҳаи Элтӣ вохӯрда, зимни суҳбат оид ба майли бачабозӣ доштани номбурда боварӣ ҳосил мекунад. Сипас шаби 13 августи соли 2016 «Н.Қ.С»-ро ба ҷои таъйиншуда даъват карда, аз шароити мусоид, яъне хам шудани охирин истифода бурда, бо корд ба узвҳои ҳаётан муҳим- гардан, сар ва пушт чор маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа ин шахс дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Ба иттилои додгоҳ, роҳбарони иттиҳоди ҷиноятӣ аз амалҳои ӯ қонеъ гашта, ба номбурда супориш доданд, ки тарзи омода кардани таҷҳизоти таркандаи фосилавиро тибқи дарсҳои интернетии онҳо аз худ намуда, як адад таҷҳизоти таркандаи озмоишӣ омода намояд. Дар мурофеаҳои додгоҳӣ маълум шудааст, ки Шарифҷон моҳи декабри соли 2016 тибқи дастурамалҳои аъзои иттиҳоди «Давлати исломӣ» аз унсурҳои дастрас таҷҳизоти таркандаи хурд омода намуда, онро дар ҷои беодам ба кор дароварда, лаҳзаи таркишро ба навор гирифта, онро ба аъзои фаъоли иттиҳод ирсол намудааст.

Додгоҳ мегӯяд бар ивази ин амалаш роҳбарони иттиҳоди ҷиноятӣ 29 декабри соли 2016 ба ӯ ва ҳаммаслаконаш ба воситаи низоми интиқоли маблағи пулии электронии ҶДММ «Яндекс-денги» ба номи узви иттиҳод Р. Файзиев 6000 рубли русӣ ирсол намудаанд. Шарифҷони Зокир 8 январи соли 2017, тахминан соати 4:00 бо худ маводи таркандаи худсохт гирифта, ба кӯчаи Логинови шаҳри Қурғонтеппа ҳозир шудааст. Ӯ таҷҳизоти таркандаро дар ҳолати омодабош қарор дода, зери мошини хизматии патрулии тамғаи ВАЗ-21010, рақами қайди давлатиаш 0515М03, ки дар назди бинои ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа қарор дошт, гузошта, аз ҷои ҳодиса дур шудаст. Тахминан соати 7:00 бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва тарсонидани аҳолӣ таҷҳизоти таркандаи худсохтро ба воситаи занги телефон ба кор даровард.

Манбаъ афзуд, 19 январи соли 2017 барои омода кардани дигар намуди таҷҳизоти тарканда роҳбарони иттиҳоди ҷиноятӣ ба номбурда ва ҳаммаслаконаш такроран ба воситаи низоми интиқоли маблағи пулии электронии ҶДММ «Яндекс-денги» 3000 рубли русӣ ирсол намуданд: “Баъди дастрас кардани маблағи пулӣ Шарифҷони Зокир ҷузъҳои маводи таркандаро дастрас намуда, бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва тарсонидани аҳолӣ, таҷҳизоти таркандаи худсохти фосилавӣ тайёр кардааст. 30 январи соли 2017, соати 4:00 бо мақсади такроран содир намудани амали террористӣ, маводи таркандаро зери мошини тамғаи «Хундай» гузоштааст. Тахминан соати 7:00 таҷҳизоти таркандаи худсохтро ба воситаи занги телефони мобилӣ ба кор даровардааст. Баъди анҷом додани амали террористии мазкур, ӯ ба аъзои иттиҳоди «Давлати исломӣ» оид ба ин амалаш ба воситаи барномаҳои «Зелло» ва «Телеграмм» хабар дода, хоҳиш кардааст, ки барои такмил додани дониши террористии худ оид ба омода кардани таҷҳизоти тарканда аъзои таҷрибадори иттиҳоди ҷиноятӣ бо ӯ робита барқарор намоянд. Бо супориши роҳбарони иттиҳод, ӯ бо узви дигари фаъоли иттиҳод бо лақаби “Абу Амина”, ки шахсияташ ба тафтишот маълум нест, робитаи интернетӣ барқарор намуда, аз номбурда дар хусуси омода кардани таҷҳизоти тарканда таълимоти иловагӣ гирифтааст”.

Додгоҳ олӣ иттилоъ дод, ки давоми моҳҳои феврал-марти соли равон ӯ аз бозорҳои шаҳри Душанбе ва Қӯрғонтеппа унсурҳои заруриро дастрас карда, дар дохили зарфи оҳанин таҷҳизоти таркандаи худсохти фосилавӣ тайёр карда, барои зиёд кардани таъсири марговари таҷҳизоти тарканда ба дохили он оҳанпораҳои гуногунҳаҷм ҷойгир намудааст: “Бегоҳии 10 ва 11-уми марти соли 2017 ду маротиба таҷҳизоти таркандаро ба кӯчаи Айнии шаҳри Қӯрғонтеппа бурда, онро дар канори роҳ дар ҳолати омодабош ҷойгир карда, интизори гузаштани хизматчиёни ҳарбии Русия мешавад, аммо бо сабаби нагузаштани шахсони мувофиқ таҷҳизоти таркандаро ба кор надаровардааст. Шаби 12-уми марти соли 2017, тахминан соати 21:00 ӯ маротибаи сеюм таҷҳизоти таркандаи худсохтро ба канори роҳи пиёдагарди кӯчаи Айнии шаҳри Қӯрғонтеппа, назди бинои Прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа ҷойгир карда, барои ба кор даровардани он дар масофаи муайян аз дигар тарафи роҳи мошингард камин гирифт. Тахминан соати 21:00 ӯ бо мақсади бо роҳи таркиш, ки тарзи хавфнок ба ҳисоб меравад, ба қатл расонидани пиёдагард Ҳасанбой Раҳмонов ва бо ин роҳ халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ такроран амали террористӣ содир карда, таҷҳизоти таркандаи худсохтро ба воситаи мавҷи ратсия ба кор даровардааст. Дар натиҷа таркиш ба миён омада, Ҳасанбой Раҳмонов бо гирифтани ҷароҳатҳо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Манбаъ мегӯяд, Шарифҷони Зокир баъди оне ки мефаҳмад, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба кирдорҳои зиёда аз 1-солаи ӯ маълумот пайдо кардаанд, қасди фирор мекунад, вале дар шаҳри Душанбе боздошт мешавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)