Бахшҳо
29 сен 2017 18:26Хабарҳои ҷаҳон

Сенат номзадии Ҷон Хантсманро ба мақоми сафирӣ дар Русия тасдиқ кард

Сенати ИМА номзадии Ҷон Хантсманро ба мақоми сафири Амрико дар Русия тасдиқ кард.

Губернатори пешини иёлати Юта, ҷумҳурихоҳ Ҷон Хантсам ҳанӯз дар моҳи март сафир таъйин шуда буд. Кохи сафед то ҳанӯз номзадии ӯро барои дарёфти ризоият ба Сенат намефиристод. Кохи сафед то кунун мунтазири тасдиқи номзадии вай аз сӯи Москва буд. Тасдиқи дуҷониба аз сафирони нав - сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов ва Ҷон Хантсман дар мулоқоти моҳи июли президенти ИМА Доналд Трамп бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар саммити "Бистгонаи бузург" дар Ҳамбурги Олмон сурат гирифт.

Баъдтар дар ҷаласаи Сенат Хантсман сиёсатҳои Москваро яке аз хатарҳои асосӣ дар сиёсати хориҷии ИМА номид. Ба гуфтаи вай, Русия ба таҳдиди амнияту суботи Аврупо, дахолат кардан ба истиқлоли кишварҳои ҳамсояаш идома медиҳад. Хантсман ҳамчунин гуфт, ки Москва "бидуни шубҳа" дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 дахолат кардааст. Вай илова кард, омодааст ин масъаларо бо мақомоти Русия баррасӣ кунад. Кремл дахолат дар интихоботро рад мекунад.

Хантсман дар гузашта ИМА-ро дар Сингапур ва Чин сафирӣ мекард. Соли 2012 вай барои курсии президентӣ мубориза бурд. Хонаводаи Хантсман соҳиби корхонаи азими кимиёвӣ аст, ки дар Русия манфиатҳои молӣ дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)