Бахшҳо

Суҳбати ошкорои Э.Раҳмон дар бораи заминфурӯшӣ, “лимит”-и барқ ва ифротгароӣ дар Рӯдакӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 3-юми октябр дар деҳаи Гулбуттаи деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бинои навбунёди мактаби рақами 59-ро ба истифода дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар мактаби навбунёд нахуст ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи омӯзгор, яъне ҷашни касбии аҳли маориф, ки ҳамасола дар аввали моҳи октябр таҷлил мегардад ва Рӯзи забони давлатӣ, ки 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфтааст: “Моро зарур аст, ки ба ин рукни муқаддаси миллӣ, яъне забони давлатӣ арҷ гузорем ва онро барои фарзандон ба мисли аҷдоди некноми худ бегазанд ба мерос монем”.

Раисиҷумҳур бо такя ба таҳлилҳо афзудааст, ки дар маҳалҳои аҳолинишини атрофи деҳаи Гулбутта ва умуман, дар ҳамаи деҳоти ноҳия афзоиши аҳолӣ ва нарасидани ҷойҳои нишаст дар мактабҳо хеле зиёд мебошад ва роҳбарони Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро бояд бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд доир ба ин масъала чораҳои мушаххас андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки дар замони муосир омӯхтани технологияҳои иттилоотӣ, азхудкунии нозукиҳои кор бо онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз интернет нақши торафт муҳим пайдо карда истодааст: “Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи мақсадноку самарабахши таҷҳизоти иттилоотиву коммуникатсионӣ дар бисёр муассисаҳои таълимии кишвар то ҳанӯз ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Барои тақвият бахшидан ба ин самти фаъолият чанд рӯз пештар дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар барои солҳои 2018-2022 қабул карда шуд. Бовар дорам, ки дар доираи татбиқи барномаи нав омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотӣ ва ба ин васила дар самти боз ҳам беҳтар шудани сифати таълиму тарбия ба пешравиҳо муваффақ мегарданд”.

Раисиҷумҳур инчунин аз вазъи ҷинояткорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ изҳори ташвиш кардааст, ки агар соли 2016 нисбат ба соли 2015 11 фоиз зиёдтар ҷиноят содир шуда бошад, танҳо дар ҳашт моҳи соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 содиршавии ҷиноятҳо қариб 17 фоиз афзудааст: “Аз ҳама ташвишовар ин аст, ки содиршавии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин торафт зиёд шуда истодааст”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки танҳо тайи чор соли охир нисбат ба 168 нафар сокинони ноҳия барои ҷалб ва шомилшавӣ ба ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ ва ҳаракатҳои экстремистӣ парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шудаанд: “То ҳол 36 нафар сокинони ноҳия дар муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил карда истодаанд”.

Раисиҷумҳур инчунин аз бетартиибию бенизомиҳои истифодаи замин дар ноҳия зикр кардааст, ки ба гуфтаи ӯ ҳоло ҳам идома доранд: “Ба ибораи дигар, заминфурӯшӣ дар ноҳия ба дарди бедаво табдил ёфтааст. Бадтар аз ҳама, заминҳои ҳосилхези таъиноти кишоварзӣ бо мақсади ғайрикишоварзӣ фурӯхта мешаванд. Дар натиҷа тайи се соли охир 58 хоҷагии деҳқонӣ барҳам хӯрдааст, зеро заминҳои онҳо пурра фурӯхта шудаанд ва хоҷагиҳои деҳқонӣ безамин мондаанд”.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 20 соли охир қариб дуюним ҳазор гектар заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз гардиш бароварда шудаанд, ки 11 фоизи замини кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳанд: “Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда соли 2016 қариб 3 гектар ва соли 2015 қариб 32 гектар замин фурӯхта шудааст. Худи ҳамин сол низ фурӯхтани дуюним гектар замин ошкор карда шудааст. Чунин вазъ тақозо менамояд, ки роҳбарони ноҳия ва ҷамоатҳои он, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корро дар самти пешгирӣ кардани содиршавии чунин қонуншиканиҳо ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд”.

Эмомалӣ Раҳмон аз сокинони ноҳияи Рӯдакӣ хостааст, ки дар хотир дошта бошанд, ки дар наздикии пойтахти давлат зиндагӣ мекунанд: “Аз ин рӯ, кӯшиш намоед, ки дар баробари фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар риояи қонунияту тартибот, яъне таъмин намудани волоияти қонун, тарбияи дурусти фарзандон, эҳтироми фарҳангу анъанаҳои миллӣ ва тарзи либоспӯшиву одоби муошират ҳамқадами сокинони пойтахт бошед”.
Раисиҷумҳур бо зикри фарорасии тирамоҳу зимистон ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда, таъкид кардааст, ки тибқи маълумоти пешакӣ зимистони имсола хеле тӯлониву сард меояд: “Бинобар ин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва умуман, ҳар сокини кишвар ба масъалаи истифодаи самараноку сарфакоронаи нерӯи барқ ва гармӣ эътибори ҷиддӣ бояд диҳанд”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки агар хоҳем, ки аз нерӯи барқ мунтазам истифода барем ва дар фасли сармо муассисаҳои иҷтимоӣ, хонаву кошонаамон гарму фурӯзон бошанд ва ба ҷорӣ намудани маҳдудияти истифодаи нерӯи барқ маҷбур нашавем, бояд нерӯи барқ ва гармиро сарфакоронаву мақсаднок истифода барем ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳем: “Ҳамчунин, ба роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони ноҳия хотиррасон месозам, ки корҳои ободониро боз ҳам вусъат бахшида, дар маркази ноҳия ва деҳаҳо мисли пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе ҳарчи бештар иншооту майдончаҳои бозии кӯдакон ва варзиш бунёд намоянд ва барои мардум, алалхусус, наврасону ҷавонон шароити хуби машқу тамрин ва истироҳатро муҳайё созанд”.
Мӯҳр
Офарин Чаноби Оли, хамааш рамзи-рузи Рудаки, рузи Омузгорон, рузи Забони давлати дар дехаи Гулбатта хамааш Оли.......Калонтарин нохия чумхури мардум бояд сипос гузор бошанд........

Гариби мухочир
Эмомали рахмон инсофан бигуям идеяхои хуб дори аммо мардумро озод намегузори вагарна ин мардум аз пешво не балки пайгамбар метарошиданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)