Бахшҳо

Зафаробод: Шикояти омӯзгорон аз нагирифтани маош

Бархе омӯзгорони Коллеҷи техникии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд мегӯянд, ҳудуди шаш моҳ мешавад, ки музди меҳнати худро аз ҳисоби шартномаи донишҷӯён дастрас накардаанд.

Аббос Ҳакимов, як муаллими ин коллеҷ панҷшанбеи 5 октябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз моҳи феврал ба ин сӯ маоши худро, ки аз ҳисоби шартномаи донишҷӯён ҷудо мешавад, нагирифтааст. Ӯ афзуд, дар баробари вай чанд омӯзгори дигар ҳам дарёфт накардаанд: “Ба роҳбарияти коллеҷ муроҷиат кардем, гуфтанд, масъалаи ҷудо гардидани маблағ аз Вазорати маориф ва илм тасдиқ нашудааст”.

Мирзо Рамазониев, собиқ омӯзгори Коллеҷи техникии Зафаробод, ки ҳоло дар мактаби миёна дарс мегӯяд, гуфт, маоши 5 моҳаашро нагирифтааст. “Дар коллеҷ нақшаи шартномаи донишҷӯён иҷро шудааст, вале маоши шартномавии моро намедиҳанд. Ҳоло фарзандам дар беморхона аст, пуле надорам, ки барои муолиҷаи вай харҷ кунам”,-афзуд Рамазониев.

Ба гуфтаи ӯ, чан бор аз мудири коллеҷ ва муҳосиб суол кардаанд, ки кай метавонанд маоши худро дастрас намоянд, аммо ҷавоби дақиқ нагирифтаанд: “Пештар ваъда карданд, ки то Иди Истиқол маошатонро пардохт мекунем, аммо ҷашни Истиқолол ҳам гузашту аз маоши мо хабаре нест”.

Амир Урумхоҷаев, муҳосиби Коллеҷи техникии ноҳияи Зафаробод дар суҳбат ба “Озодагон” пардохт нагардидани маоши омӯзгорон аз ҳисоби шартномаи донишҷӯёнро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, дар наздиктарин фурсат ин масъала ҳалли худро меёбад: “Мо сметаи иловагӣ тартиб дода, пешниҳод кардем. Он дар Вазорати маориф ва илм тасдиқ шудааст, вале дар Вазорати молия ҳанӯз тасдиқ нашудааст. Дар суратҳисобамон маблағ ҳаст, ҳамин ки сметаи иловагӣ тасдиқи худро ёфт, дигар ягон мушкил нест. Ҳоло ваъда карданд, ки имрӯз ё пагоҳ тасдиқ мекунем”.
Мӯҳр
точик
А бародаро мешудас ку

Маошро чи кор мекунед, ба чои маош ШУКРОНА кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)