Бахшҳо

Табрикоти О. Раҳмон ба падараш: Аз дастархон то қавли фарзандон (ВИДЕО)

Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон тариқи як навори видеоӣ падар, устод ва роҳбаладаш-Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо 65-умин солгарди мавлудаш шодбош гуфтааст.

Озода Раҳмон дар навори 4 дақиқаӣ, ки аз ҷониби Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон нашр шудааст, падарашро “қиблагоҳи оқилу одилу донишманду хирадманд” хитоб карда, ба ӯ тамманияти аҳли оила ва қавли фарзандону наберагонашро баён доштааст.

Дар паёми шодбошии раҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла омадааст:

“Падари азизам, ифтихорам, устодам, роҳбаладу мураббии ғамхорам, имрӯз барои мо аҳли фарзандону наберагон ва пайвандон, як рӯзи пур аз шодмонию саодат аст. Ҷашни бузурги зодрӯзи Шумо бори дигар мо фарзандонро сари як дастархони пур аз навозишу меҳрубонӣ ва шукру сипос ҷамъ овардааст. Зиндагии пур аз нишоту саодати Шумо ва модари меҳрубонамон, давлатсозию давлатдории ҷавонмардонаву пур аз ифтихори миллиатон барои ҳар яки мо фарзандону наберагон мояи ифтихору сарбаландӣ ва дарси ибрат аст.

Падари азизам барои Шумо аз даргоҳи Парвардигор саломатӣ, умри пурбаракат, шодию нишоти аз ин ҳам бештар, давлати поянда, обрӯю нуфузи ҷовидонаро орзу менамоям. Бигузор ҳамеша бахту саодат ва сулҳу ваҳдати пойдоре, ки меъмораш шумоед, дар фазои Тоҷикистон азизи мо баландпарвозӣ кунад.
Мо ҳама фарзандону наберагон қавл медиҳем, ки мисли Шумо падари азизам, даст болои дил, барои Ватану сарзамин ва халқи азизи Тоҷикистон содиқона ва бо виҷдони пок хизмат мекунем.

Зодрӯзатон муборак падари азизу меҳрубонам!”


Озода Раҳмон паёми шодбошияшро бо шеъре поён бахшидааст, ки оғозаш чунин аст:

Рӯзу шаб бо завқи дил "Қуръон” тиловат гар кунӣ,
То дами субҳи сафо тоат, ибодат гар кунӣ.
Мисли Ҳотам доимо хайру саховат гар кунӣ,
Каъбаи ҳақро ҳазорон бор зиёрат гар кунӣ.
То падар розӣ набошад, тоатат мақбул нест...


Мӯҳр
Бисёр суханони хуб кайд кардан мухтарама раиса, инчунин мо хам пешвои худро табрик мегуем хамавакт аввало саломат бошад сояи сари Точикони Точикистону чахон бошад

самандар
мо низ дар табрики шумо шарик хастем апай азиз хамеща хайрхохи милат бошанд.

офарин. Бехтарин, 100% меарзад, рахмат ба шумо.......

Сагера
Дилам шукуфт аз ин суханнхо. Махсусан ибораи "қиблагоҳи оқилу одилу донишманду хирадманд". Мо хам мисли падар ва чун ин Ватан Пешвои миллатро дуст медорем ва нисбаташон эхтироми хосса дорем. Мехохем тарзе рафтор кунем, ки мехнати кардаашон то абад дар дили на танхо мардуми имруза, балки наслхои насл боки бимонад.

БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ
То ҳастӣ бар сари мо, эй Пешвои миллат,
Хоре намедарояд ҳаргиз ба пои миллат.
Ҳар кас намерасад гар бар қадри заҳмати ту,
Ӯро занад замоне биллаҳ Худои миллат.
Азабаски сабз кардӣ сар то сари Ватанро,
Сарсабзтар бигардӣ ту бо дуои миллат.
Баҳри наҷоти миллат кардӣ гузар зи ҷонат,
Ҷони ту дар амон бод, эй ҷонфидои миллат.
Имрӯз шасту панҷ аст умри мубораки ту,
Мавлуди ту муборак, мушкилкушои миллат!

Мирзо
Апачон суханхои бехтарин локин бисер гамгинона сухан гуфтед мохам ба табрикот шарикем

Салом ! Бехтарин табрикот мо низ шарикем....
Ниҳоли қоматат пурбор гардад,
Туро умри наку ҳам ёр гардад.
Дар ин дунё бизи сад соли дигар,
Ки дунё аз паят гулзор гардад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)