Бахшҳо

Шукурҷон Зуҳуров: Дар баробари роҳи пулакӣ бояд роҳи алтернативӣ ҳам мавҷуд бошад

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон мегӯяд, дар баробари роҳи пулакӣ, бояд роҳҳои алтернавтивӣ низ мавҷуд бошанд. Ҷаноби Зуҳуров ин нуктаро 11 октябр зимни қабули созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа” иброз дошт.

Раиси Маҷлиси намояндагон вақте дар масъалаи нигоҳдории роҳҳо суҳбат мешуд, дар хитоб ба Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, бояд масъалаи гузаштани мошинҳои гаронвазн, ки боиси харобшавии роҳҳо мешаванд, ба таври ҷиддӣ назорат шавад: “Як масъули ҷавобгар бояд бошад. Аз гумрук, аз сарҳад гузаштан то сари ҳар роҳи алоҳидае, ки аз нав сохта мешаванд, бояд масъули ҷавобгар бошад. Боз оянда пулакӣ шаванд агар, умуман намемонанд гузаштан. Баъд мумкин беҳтар шавад, лекин имрӯз коре кунем, ки роҳҳо вайрон навашаванд. Барои роҳи пулакӣ сохтан мо бояд роҳҳои алтернативӣ дошта бошем, то одамҳое, ки масалан маблағу имконияти гузаштан надоранд, тавассути он ҳаракат кунанд”.

Ин ҳарфҳо дар ҳолеанд, ки чанд сол қабл ягона роҳи заминии пайвандгари пойтахти Тоҷикистон бо шимоли он тавассути ширкати IRS пулакӣ шуд. Дар ин масир роҳи алтернативӣ мавҷуд нест ва ин ҳолат вокунишҳоеро дар пай дошт. Бар асоси хабарҳои дарёфтӣ ояндаи наздик чанд қисмати дигари роҳҳои мошингузари кишвар ҳам пулакӣ хоҳанд шуд.

Дар ҷаласаи рӯзи 11 октябр Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон иқрор кард, ки аз сохтмони роҳ дида, нигоҳдории он мушкилтар аст. Ӯ тасдиқ намуд, ки роҳҳоро асосан воситаҳои нақлиёте хароб мекунанд, ки вазни аз меъёр бештар доранд. Худоёрзода афзуд, тибқи меъёрҳои пешбинишуда дар роҳҳо ба мошинҳои вазни то 40 тонна иҷозаи ҳаракат дода шудааст ва мошинҳои вазинине, ки вориди кишвар мешаванд, дар терминалҳои наздисарҳадӣ бояд борҳои худро фароранд: “Бо ин амал барои нақлёти ватанӣ ва корхонаҳое, ки ба кашонидан ва бор кардану фаровардани бор машғуланд, ҷойҳои корӣ нав пайдо мешавад”.

Саидҷаъфар Исмонов, вакили Маҷлиси намояндагон дар хитоб ба вазири нақлиёт гуфт, барои назорати мошинҳои гаронвазн тарозуҳо гузошта шудаанд, аммо ин мушкил танҳо бо назорат бурдан аз тариқи чунин тарозуҳо ҳал намешавад: “Мо дидем ки баъди соати 12, 2-и шаб боз ҳамон мошинҳо бо вазни то 80 тонна мегузаранд. Барои ҳалли ин масъала ба ҳукумат ягон барнома пешниҳод кардед? Масалан назорат кардед, ки кадом фирма мегузаронад, мебахшед, вақте як одам аз бонк 5 ҳазор доллар қарз мегирад, тамоми сохторҳои қудратӣ онро ҳазор бор тафтиш мекунанд, сад бор даъват мекунанд. Гап дар бораи қариб миллирад доллар меравад, ҳамагӣ 4 фирма дар он ҷо кор карда, масалан, бой шавад, роҳро тамоман назорат намекунанд”.

Ин вакили Маҷлиси намояндагон дар идомаи масъалагузориҳояш дар мавриди нигоҳдории роҳҳо, ҳамчунин ҳолати феълии нақби “Чормағзак”-ро мавриди интиқод қарор дод. Ӯ дар хитоб ба вазири нақлиёт гуфт, нақби “Чормағзак” 4,5 километр дарозӣ дорад, “агар мабодо дар миёни ҳамин нақб мошине вайрон шавад, шахсоне, ки бемории асма доранд, алергия доранд ё кӯдак бошанд аз он ҷо баромада наметавонанд, дар ҳамон ҷо мемиранд. Он ҷо нигоҳубин надорад, пур аз хок аст, равшанӣ нест, умуман назорат нест дар он ҷо, бо ин чӣ гуфта метавонанед?”

Худоёр Худоёрзода дар посух ба интиқодҳои Саидҷаъфар Исмонов гуфт, “ин хел гап нест, ки дар нақби “Чормағзак” умуман назорат нест ё вазорат кор намекунад. Баъзан вақтҳо барқ хомуш мешавад мо бо “Барқи Тоҷик” дар тамос мешавем, барқро медиҳанд. Он ҷо техникае ҳаст, ки агар мошин вайрон шавад фавран мошинро аз он ҷо мебароранд”.

Дар идомаи ин баҳс Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, вақтҳои охир дар дохили нақб равашанӣ нест ва дуди ғализ зуд берун кашида намешавад: “Соли аввал хуб буд, ҳоло чунин нест, аз ин хафа шудан лозим нест, ин сухани мардум ҳаст, ки тавассути нақб ҳаракат мекунанд”.

Баъди баҳсу баррасиҳо, созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе- Қӯрғонтеппа” аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардид. Арзиши умумии лоиҳа 96,38 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз ин маблағ 17 миллону 18 ҳазор доллараш саҳми ҳукумати Тоҷикистон, боқимонда саҳми Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мебошад.
Мӯҳр
Замоне, ки ба таври пинхони Рохи Душанбе-Чанокро пулаки мекардед, боре нагуфтед, ки чаро ин рохи бе алтернатива пулаки мешавад.Акнун вакте навбати пулаки шудани роххои минтакахои дигар сар шуд, аз алтернатива ёд кардед а?

а
Ба Худоерзода чи ин кадар часпидед? Аз дасти вай чизе намеояд. Хамаи масъалахоро дигар шахсон хал мекунанд. Ки будани онхоро хуб медонед. Ана ба хамонхо часпед, агар гурда доред.

Нострадамус
Фикр мекунам, ки Шукурҷон Зуҳуров вақту соаташ наздик шудагӣ. Ё ягон гап шунидагӣ дар бораи тақдирашу вазифааш, ки ин қадар ҷасур шудааст.

Хайрон
ОФАРИН ШУКУРЧОН ЗУХУРОВИЧ! ШУМО ЯКЕ АЗ БЕХТАРИН РАИСОНИ МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОНЕД,КИ ДАР ТАМОМИ МАСОИЛИ КОНУНХОИ КАБУЛШУДА ИБРОЗИ АКИДА МЕНАМОЕД ВА РУИРОСТ ХАРФ МЕЗАНЕД, МАСЪАЛАИ РОХИ АЛТЕРНАТИВИ БУДАНРО ХАНУЗ ДАР КАБУЛ КАРДАНИ КОНУН БАРОИ ТАВАСУТИ РОХИ ПУЛАКИ БА ШИМОЛ АЗ ЧОНИБИ ЯК ВАКИЛ ЧИДДИ МАСЪАЛАГУЗОРИ КАРДА ШУДА БУД КИ ХАМОН ДАВРА ХАМ ВАЗИРИ НАКЛИЁТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН НИСБАТ БА МАСЪАЛА БЕИТИНОИ ЗОХИР КАРДА БУД.

Офарин Вазири Наклиет бо дар хамин чо хам Шумо часуритон нишон додед, ахсан ба Шумо мана хамин хел вазир бояд бошад!


Уважаемые депутаты, министр транспорта, правительство и представители компании IRS, проблема безальтернативности, в том числе единственной платной дороги, связывающей через два перевала Душанбе и Худжанд, решается довольно просто. Необходимы просто две вещи. Перед терминалом на трех из пяти подъездах ставится ограничитель по высоте транспортного средства, который позволяет проехать легковому траспорту и минивенам. Ввести дифференциацию оплаты. Проезжающие через ограничитель полностью освобожаются от уплаты. Тяжелый грузовой транспорт проходит через два других терминала и оплачивает износ дороги и ущерб, который наносят ей большегрузы. Тогда не нужно будет демонтировать, закрывать дорогу на строительство и монтаж весов. Хотя можно закрыть временно по очереди один за другим проезды без ограничителей и вмонтировать весы для большегрузов. Нужно элементарное желание, действительное желание соблюсти закон, не позволяющий делать единственную безальтернативную горную артерию платной и не нарушать права граждан, действительно решить эту проблему, а не заниматься лакировкой проблемы. А политическое решение сами знаете, от кого зависит, кому принадлежит IRS, платные терминалы и в чей карман, минуя бюджета попадают все деньги за эксплуатацию дороги, на которую получен государственный долг от Китая.

Хами халки точикда хайрон мешам!Як нафар гап аз номи шумо меген ки и Раис вакти раисиш буд шидай ки ихели гапо мезана.Агар ки гап назанан меген чиба расо хапан хичка гап намезана. Халк худуш намедона чи мехохад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Сентябр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)