Бахшҳо

Нигаронии Э.Раҳмон аз дахолати зиёди мақомоти санҷишу назорат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ гуфтааст, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар дар қиёс бо нишондиҳандаи 20 соли пеш аз 83 дарсад ба 30 дарсад расонида шуд.

Дар ин мулоқот, ки имрӯз, 14октябр ба муносибати Рӯзи соҳибкорон баргузор шуд, Президент таъкид кардааст, ки аз соли 2015 то имрӯз дар кишвар 820 корхонаи истеҳсолӣ бо 20 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ ташкил шудааст. Аз ин ба гуфтаи раисҷумҳур 80 корхонаи муштарак бо фонди оинномавии беш аз 800 миллион сомонӣ мебошанд. “Ислоҳоти амалигардида ва фаъолияти пурсамари бахши хусусӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуда, Тоҷикистон се маротиба ба даҳгонаи давлатҳои ислоҳотгар шомил гардид ва тибқи арзёбии агентиҳои рейтингии ҷаҳонӣ дар байни кишварҳои ҷолибтарини сайёҳӣ мавқеи дуюм ва дар байни кишварҳое, ки дар онҳо гирифтани раводид осон аст, мавқеи чорумро ишғол намуд”,-изҳор доштааст ӯ.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, аз соли 2018 марҳалаи сеюми татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ оғоз мегардад, ки дар самти дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ яке аз санадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад: “Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ доир ба таҳким бахшидани шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тавсеаи моликияти хусусӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва баланд бардоштани мавқеи соҳибкорӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва дастгирии соҳибкорӣ ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд”.

Президент дар идома афзуда, ки бо мақсади аз байн бурдани дахолати беасоси мақомоти назорат ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор қонун “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” қабул карда шуд, ки тибқи он минбаъд санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ аз рӯи хавф амалӣ карда мешавад: “Дар доираи ислоҳоти мазкур шумораи мақомоти санҷиш то 28 номгӯй кам гардида, соли ҷорӣ санҷишҳо нисбат ба соли гузашта 70 фоиз камтар шудаанд. Бо вуҷуди ин, дахолати мақомоти санҷишу назорат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ҳанӯз ҳам зиёд ба назар мерасад, ки ин боиси нигаронист.
Бо мақсади пешгирӣ кардани санҷишҳои беасоси фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва такмил додани низоми бақайдгирии санҷишҳои баргузоршаванда ба Вазорати адлия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи андоз супориш дода мешавад, ки лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда таҳия ва пешниҳод намоянд”.


Ба омори Эмомалӣ Раҳмон, солҳои 2013-2016 ҳаҷми умумии манбаъҳои андозбандие, ки нисбат ба онҳо имтиёзҳои андозӣ татбиқ шудаанд, қариб 60 миллиард сомонӣ ва маблағи имтиёзҳои воқеан истифодашуда 9 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда қариб 30 фоизи маблағи андозҳои дохилии дар ин давра ба буҷет воридгардидаро ташкил медиҳад: “Ҳоло дар кишвари мо барои соҳибкорон ва сармоягузорон имтиёзҳо ва сабукиҳои зиёди андозӣ муқаррар карда шудаанд. Вале тавре ки корҳои назоратии мақомоти андоз нишон медиҳанд, ҳоло ҳам як қисми андозсупорандагон дидаву дониста, ба вайрон кардани қонунгузории андоз роҳ медиҳанд. Масалан, аз рӯи натиҷаи санҷишҳои дар соли 2016 ва ҳашт моҳи соли 2017 гузаронидашуда маблағи андози аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорон) пинҳонкардашуда 1 миллиарду 520 миллион сомониро ташкил кардааст. Дар иртибот ба ин, таъкид месозам, ки риояи талаботи қонунгузорӣ, эҳсоси масъулият дар назди ҷомеаву давлат ва нишон додани маърифати баланди ҳуқуқиву молиявӣ аз ҷониби соҳибкорон омили муҳимми пешрафти кишвар маҳсуб меёбад”.

Дар дидор бо соҳибкорон раисҷумҳур изҳор доштааст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти кишвар сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми беш аз 84 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар ҳаҷми 37 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст: “Таҳлили сохтори воридоти молҳо нишон медиҳад, ки дар 4 соли охир ба кишвар ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ гандум ва ғалладонагиҳо, орд ва маҳсулот аз он 2,6 миллиард сомонӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 1,6 миллиард сомонӣ, равғани растанӣ ва чорво наздик ба 2,7 миллиард сомонӣ, маҳсулоти тайёр аз орд ва гандум 2 миллиард сомонӣ, маҳсулоти коркарди меваю сабзавот 470 миллион сомонӣ, маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ 800 миллион сомонӣ, нӯшокиҳои ташнашикан 780 миллион сомонӣ, рангубори сохтмонӣ беш аз 1 миллиард сомонӣ, маҳсулоти фармасевтӣ қариб 2 миллиард сомонӣ, либос, пойафзол ва қисмҳои онҳо ва маҳсулоти бофандагӣ ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ ворид карда шудааст”.

Раисҷумҳур гуфтааст, ҳоло дар кишвар 81 муассисаи томактабӣ, 45 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва як муассисаи таҳсилоти олии касбии хусусӣ фаъолият дорад. Ӯ ин рақамро “хеле кам” унвон карда, илова намудааст, “тайи 10 соли охир аз ҷониби соҳибкорони саховатманди ватанӣ 132 бинои муассисаи таълимӣ бо беш аз 25 ҳазор ҷойи нишаст ва ба маблағи 105 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Танҳо соли ҷорӣ 14 муассисаи таълимӣ бо харҷи 32 миллион сомонӣ бунёд гардидааст”.

Президент ба масъалаи фоизҳои қарзии бонкҳо низ дахл кардааст: Ӯ гуфта: “Аз сабаби баланд будани меъёри фоизҳои қарзӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, ки меъёри миёнаи онҳо бо асъори миллӣ 25-30 фоизро ташкил медиҳад, мушкилоти норасоии воситаҳои гардон ҳанӯз ҳам ҷой дорад. Ҳол он ки фоизи миёнаи амонатҳои қабулшудаи бонкҳо бо асъори миллӣ 13-15 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 5-6 фоизро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, фаъолияти номуназзами баъзе бонкҳои тиҷоратӣ боиси халалдор шудани фаъолияти соҳибкорон, аз ҷумла паст шудани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, гардиши молиявӣ ва дигар нишондиҳандаҳои корхонаҳо гардидааст. Бинобар ин, ба роҳбарони Бонки миллӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявӣ дастур дода мешавад, ки ба масъалаҳои таъмин намудани рушди устувори низоми бонкӣ ба беҳтар кардани сифати дороиҳо, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, пурзӯр намудани идоракунии хавфҳо, зиёд намудани сармояи асосӣ, такмил додани усулҳои идоракунии корпоративӣ, сатҳи пардохтпазирӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият диққати ҷиддӣ диҳанд”.

Ӯ афзуда, ки барои татбиқи ислоҳот дар самти қарздиҳӣ зарур аст, ки аввалан феҳристи ягонаи электронии гарави амволи ғайриманқул, бо дарназардошти муттаҳид гардонидани он аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ва навъи дороӣ, инчунин, низоми иттилоотии электронии бақайдгирии қарздорон ташкил карда шавад: “Дуюм, дар қонунгузории мамлакат ҳуқуқи афзалиятноки қарздорони таъминкардашуда муқаррар гардида, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави амволи манқул”, Кодекси гражданӣ ва дигар санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд. Бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба кишвар ва рушди бахши хусусӣ Бонки миллӣ, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ дар муҳлати кутоҳтарин лоиҳаи санадҳои қонунгузориро оид ба гарави молу мулки манқул таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод намоянд”.
Мӯҳр
модоме ки хаки гумруку андоз пешаки мачбури ситонида шавад, албатта на сохибкор мемона на носфуруш хама дилашон ай сармоягузори дар кишвар мемона.

Носфуруш
Дар баромад гуфтанд ки хамаи проблемахои бизнесменора медонам. Инчо чи хел фахмидан мумкин?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)