Бахшҳо
17 окт 2017 09:39Тоҷикистон / Тема дня

Баъди дашному таҳқири намозгузорон ва се рӯзи боздошт Холдоров корашро идома медиҳад

Шокир Холдоров, масъули бахши танзими ҷамоати “Чоряккорон”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар саҳни масҷид намозгузоронро дашном дод, ба ҷойи кораш баргаштааст.

Дар ин навор дида мешуд, ки ӯ барои набастани дари масҷиди Меҳробод мулло ва намозгузоронро дашном медиҳад. Баъди дар интернет нашр шудани навор ва вокунишҳои зиёд ба он Холдоров барои бозпурсӣ ба мақомот даъват шуда ва се рӯз дар СИЗО-и шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ нигоҳ дошта шудааст. Ӯ бар асоси моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба андозаи 500 сомонӣ ҷарима пардохт намуда, дубора ба вазифааш баргаштааст.
Шокир Холдоров рӯзи 16 октябр дар утоқи кориаш бо кормандони Радиои Озодӣ суҳбат карда, гуфтааст, “воқеан барои чанд ҳарфи дағалонае, ки дар саҳни масҷид гуфтам, узр мепурсам. Раиси маҳаллаи деҳаи Меҳробод ба наздам омад, ман гуфтам, ки равед ба мардум фаҳмонед, ман бахшиш мехоҳам”.

Дар ҳамин ҳол, Сияршоҳ Саидаҳмадов, раиси маҳаллаи Меҳрободи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ба муҷозоти Шокирҷон Холдоров аз тарафи мақомоти интизомӣ розӣ нест, чун ин як ҷазои сабук аст. Ба таъкиди Сияршоҳ Саидаҳмадов, мардуми деҳаи Меҳробод аз рафтори дағалона ва дашномҳои қабеҳи Шокирҷон Холдоров то ҳанӯз ором нашудаанд ва ба ҳеҷ сурат ӯро намебахшанд: "Ин масҷиди панҷвақта ҳамаи санадҳои лозимаро дошт ва бинои он бо маблағу қувваи мардум сохта шудааст. Барои ҳамин, мардум дари онро дар вақти намоз боз намуда, намозгузорӣ мекарданд. Мо ба вазорати фарҳанг ва дастгоҳи президент нома навиштаем ва талош хоҳем кард, ки масҷидро дубора фаъол кунем".

Аммо намояндагони Кумитаи дин ва расму оин дари масҷиди Меҳрободро бастаанд ва ҳоло он фаъолият надорад.

Акс аз Радиои Озодӣ
Мӯҳр
Frion
Мардуми хамон махала бояд ба суд мурочиат кунанд барои зиёни маънави ва тахкиру тухмат задан ба салафия!

Ман ба масъалаи хуччат доштан ё надоштани масчид дахл намекунам, инаш кори худашон. Аммо маро чи нигарон кардааст?! як нафар мансабдор мардумро дар чои мукаддас омада тахкир мекунад ва бо ивази 500 сомони чарима озод мешавад. Ин маънои онро дорад ки хар нафар масъули ин ё он ниход метавонад мардумро тахкир кунаду ба ивази 500 сомонияк озод шавад, пас ору номус, эхтироми инсон, арзиши конун, кучост?! Наход кор то хамин дарача шавад! Бахудо шармандаги, агар хамин кор дар ягон давлати дигар мешуд, инхел инсонхоро аз кор мерондан ё хабс мекардан.

Иктибос аз гуфтахои ин шахси бефаросат: "Раиси маҳаллаи деҳаи Меҳробод ба наздам омад, ман гуфтам, ки равед ба мардум фаҳмонед, ман бахшиш мехоҳам”.
Э инсон, ту бояд худат назди мардум рафта аз онхо бахшиш пурси, на мардум пеши ту оянд! Шармандаги....

ali
Frion,
Ту ачоиб одами ба кадом суд?ба судеки хизмат на ба мардум мекунад?хамаи сохторхои давлати максади бастани хамаи масчидхоро доранд,боз мегуи ба суд мурочиат кунед,агар хамин рафторро ягон намозгузор мекард холаш чи мешуд?говсудаш мекарданду хадди акал 15сол равони зиндон мекарданд,

Кулоби
ман агар ба чои хамон мардум мебудам,барои хамин дашномош ва хакоратхош,аз бахри хама чиз мегузаштам ва дандоноша мешукастм. лекин аз намудаш маълум хаст,ки номардай. мард боша як ба як мезанем.

Барои тах,к,иру дашноми як дех,а одам дар ч,ои ч,амъияти масчид, 500 сомони ч,арима ва бо корашро давом медих,ад.
Бисëр хандаовар, адолат куч,ост?

Агар конунан рафтори ин майдамансабдорро нигох кунем,албатта гайриконуни мебошад.Ман фарк байни амрикоие,ки Куръонро оташ зада буд ва шахсеро,ки бар масчид,яъне хонаи Худо биёяду хамаро ба 3 харф дашном дихад, намебинам.Инчо хомушии прокуратура низ аён аст,назорати конун дар дасти ин ниход астя-ку.
Чунин рафтори ночо аввалан шаъни хкуматро назди мардум поён задааст ва вакте чаримаи 500сомона карданд боз хам беэхтироми бар конун буда хашми чомеъаро меоварад.Оё мумкин аст чунин шахсони тасодуфи дар чунин мансаб кор кунанд.
Танзимгари расмии хукумат аввал аз таърих ва дини мардум бояд бохабар бошад ва вакте ки мутахассис саводи кофи дораду арзанда бар вазифааш бошад,пас вай маданияти муомила дорад.Мутаассифона ин шахс аз саводу маданият фарсаххо дур
аст,кучо муошират ба мардум.Инчунин чунин амалхо боиси сахти норозигии мардум нисбати хукумат мегардад.Дигар инки агар хукумат хохад,ки пешрафт кунад бояд сиёсати комили чобачогузории кадри дошта бошад,аксарият мансабхо бояд тарики конкурси дода шавад,сиёсати нодурусти чобачокунии кадрхо боиси хароба ва вайронии давлат мегардад, агар ниходхои низомии давлат бар чунин вокунишхо хунукназарона муносибат кунанд, ин кор бар зарари нафъи бехатари ва босуботии давлат хохад гашт.

Ҳаким
бузургон гуфтаанд;
Мискин хар чи бетамиз аст,
Чун бор ҳамебарад, азиз аст.
Говону харони борбардор,
Беҳ з-одамиёни мардумозор.
Имруз моро бисёр зарурате пеш омадааст, ки ё ҳокимон ҳаким шаванд ё ҳакимон ҳоким!


мухочир
шояд пинхони унвон дода бошанд

Салом хамакаса мардум ин беномусии мо пастии мо мо рози нестемки ин обратно бо раис шуда кор кна ин хдш кияй хамара хакорат мекардай бо барои хамука хакоратош бо ивази 500 сомони халос мешудай агар ягон камбагал мешуд говсуд мекарданша 2 е 3 хазор долар штаф мекардан бо ин гуфтай ки раве мардума гувеки ман бахшиш мепурсам так не честно мо ай руи бесаводимон барои хамихели корхо гап намезаннм кафо мондагием ин бояд дигар кор накунад дар ин вазифа мо намехохем инхали раис ту раиси барои хути барои халк ягон хизмат накарди и намекни так что ягон раиси дигара интихоб кунан ки одами хуби бо номус боша халк бояд ба чаноби оли нависанд чаноби оли агар фахма иншолох хамаш хуб мешаду конуни мешад агар ягон хатоги боша узур аз ман ба халки хамин деха

Равон кардани раиси маҳала барои узр хоҳи боз як таҳқири мардуми маҳала асту бас, яъне шумо ки ҳастед ки боз ман рафта узрхоҳи кунам. Мард мешуд худаш рафта ҷавонмард барин узр мепурсид.

Шокир Холдоров: "Раиси маҳаллаи деҳаи Меҳробод ба наздам омад, ман гуфтам, ки равед ба мардум фаҳмонед, ман бахшиш мехоҳам”. Фармондиҳии ина бинед. Бовар кунед ҷояш девонахона мебошад.

Дар урфият мегуянд, ки: То сахт нагуи, суст меояд... Фикр мекунам Шокир Холдоров ягон ҷиноят содир накардааст. У бо масъулияти балан танҳо вазифаи дар наздаш истодаро бо мақсади пешгирии гуногун андешии мазҳабӣ иҷро кардааст.

ali
Маъруф,
То дар чомеа гуногунандеши тахамул нашавад демократиясози имкон надорад.

Салом хамватанони азиз ин кор ихел намешавад агар ин раиса озод мекардан хело хуб мешуд ва дар дигарон касоеки вазиваи инхели доран дарс меша инча як гапи дигарай ки политикахам хаст анар хамин холдоров хуб мешуд бо забони ширин гап мезад хама хуб мешуд лекин холдоров дар мобайни пош дорад дигарон надоран..... дар сари хамихели раисо ки нигох мекунад хамунда нависанд ариза хабар боло равад хамаш хуб мешад бисер одамхо меган бе одоб буд бо забони ширин мор аз хонааш баромадаст хай ман дар сари вазифаюм ку раиси махалара пеши ман фаред куне раис омад рав халка фахмон ки ман узр мехохум хдш намера барои ки дар курси шиштагияй проста мужик шудан даркорай инхеликати давлати мо пеш намера агар забони ширин мешуд хама мефахмидан лекин гуики ман раисум фалон мекунумта и намеша дусти азиз холдоров илтимос аз ин вазифа рав все равно халк намехоханд ки хамин сохада боши мода даркор нест инхели раиси Халка мего...... рав авал хурмату изата ед гир хокзанира не кахрут накуна раис ман рост мегум дустони азиз ягон хатоги боша аз тарафи ман ман узр мехохам ман дуст медорам ватанамро мо бояд пеш равем на ин ки кафо дустом дар амони худо бошен!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)