Бахшҳо
18 окт 2017 16:44Хабарҳои ҷаҳон

ВВС: Кремл тасмим гирифт, Навалнийро ба интихобот роҳ надиҳад

Дар Кремл баъди чанд моҳи машваратҳои пӯшида тасмим гирифтанд, ки мухолифи рус Алексей Навалнийро ба интихоботи президентӣ роҳ надиҳанд. Дар ин бора бахши русии Би-би-сӣ бо такя ба сарчашмаҳояш дар дастгоҳи президенти Русия хабар медиҳад.

Дар ибтидои сол, бино бар иттилои Bloomberg, дар Кремл имкони роҳ додани Навалний ба интихобот бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳ ва ташкили сару садои маъракаи интихоботӣ, баррасӣ шудааст. Моҳи июл раиси Комисияи марказии интихоботии Русия Элла Памфилова гуфт, агар Навалний доғи судиашро дар робита ба парвандаи "Кировлес" бекор кунад ё қонунгузории кишвар тағйир ёбад, мумкин аст ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ сабти ном шавад.

Аммо 17 октябр Памфилова ба таври қатъӣ изҳор дошт, ки Навалний ҳаққи ширкат дар интихоботи президентиро надорад. Вай танҳо дар соли 2028 метавонад номзад шавад, гуфт раиси комсияи интихоботӣ.

Алексей Навалний ҳанӯз моҳи декабри соли 2016 дар бораи номзад шуданаш хабар дод. Аз он замон то кунун вай маъракаи таблиғотиро ба роҳ монда, дар саросари Русия 79 ситод таъсис додааст. Пешбарии номзадии ӯро қариб 600 ҳазор шаҳрванди Русия ҷонибдорӣ кардаанд. Аммо бар асоси қонунгузории Русия вай ҳаққи ширкат дар интихоботи соли 2018-и президентиро надорад.

Моҳи майи соли ҷорӣ додгоҳ парвандаи Навалнийро дубора баррасӣ ва ӯро "дар дуздии амвол" айбдор дониста, панҷ сол шартан зиндонӣ кард.

Интихобот дар Русия бояд 18 марти соли 2018 баргузор шавад. Владимир Путин, президенти амалкунандаи Русия то кунун дар бораи пешбарии номзадиаш тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.
Мӯҳр
О буродаро ами Навалний бачаи махай. Агар бмонанша дар интихобот хатман 1 фоиз овоз мегира.
Чува намефахман марам хдм хайрун очаш хам хайрунай

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)