Бахшҳо

Автопарк-мошинсарой, ҷонварбоғ- зоопарк, землемер- заминпаймо, маршрутка-хатгард…

Рустами Ваҳҳоб, донишманди шинохта ва аз муассисони гуруҳи “Дуруст бинависем” дар Фейсбук чандест барои корбарон гузина ё баробарии тоҷикии вожаву истиллоҳҳои русиро пешниҳод мекунад. Ин иқдом ба истиқболи гарми хонандаҳои Фейсбук рӯ ба рӯ шуд ва донишмандони дигар низ пешниҳодҳои худро ироа карданд. “Озодагон” тасмим гирифт, ин гузинаҳоро ба нашр расонад.

P.S. Ин рӯйхат такмил мешавад.



1) МОШИНСАРОЙ - автопарк

2) ХОБА - консерва
Тавзеҳ: Аз он ҷо, ки дар тоҷикӣ ба маънои косерва хобондан-консервирование (баъзан дар намак ё чизи дигар) ба кор меравад. Яъне мо чизеро дар ҳамон ҳоли мавҷудаш, то замони ба кор бурдан мехобонем, то дар ҳамон вазъ ҳифз шавад, ва мавқеъи истифода онро дар ҳамон ҳоли аввал дармеёбем. Консирвированний завод-ро ҳам корхонаи хобонда мегӯянд.

3) ЗИБОҒ (ҷонварбоғ) - зоопарк
Тавзеҳ: боғи ҳайвонот ду калима аст ва борҳо мушоҳида шуда, ки ҳайвонотро ба танз ба кор мебаранд ва аз гуфтани боғи ҳайвонот бисёриҳо парҳез мекунанд ва аз боғи ваҳшу вуҳуш эҳсоси ваҳшат.

4) ТАСМАЧЕН - рулетка
Тавзеҳ: Чен мухаффафи чанд (чан) (дар навишти форсӣ бидуни ё چن) яъне андоза (чандӣ, чандо) аст, ки дар талаффузи мардум "чен" шуда ба маънии андоза ва андозагирӣ роиҷ шудааст. Ин калимаро метавон ҳам номи ин асбоб кард ва ҳам баёни амале, ки бо он анҷом мешавад, яъне тасмачен кардан.

5) РАҲОНА - проездной билет

6) БОҒИ НАБОТ - ботанический сад

7) КУБО - комбайн

8) ЗАМИНПАЙМО - землемер
тавзеҳ: Ҳам номи асбоб ва ҳам мутахассис.

9) ОБАФШОР - соковыжималка
Тавзеҳ: Сок дар забони мо аслан оби мева аст. Мо оби ангур, оби анор, оби себ ва... мегӯем. Шарбати арабӣ дар забони мо каме тобиши дигар дорад. Оби холиси меваро маъмулан шарбат намегӯянд, балки фаровардаи онро (коркардшудаашро) шарбат меноманд, ки тағйире дар он шуда.

10) ДОРУЧАК - капельница

11) ОБРАВСОЗ - сантехник

12) ҲАВОСОЗ - кондиционер
Тавзеҳ: Кондиционер аз решаи "кондиция" (эътидол-муътадил) ба хотири сохтани (соз) ҳавои муътадил ва матлуб аст. "Соз" ба ғайр аз маънои сохтан (эҷод) ва сохтан (созгорӣ-эътидол) боз маънои асбобро ҳам дорад.

13) ПАРАЧАТР - парашют

14) СИМОНШӮР, БЕТОНШӮР - бетономешалка

15) СЕЧАРОҒ - светофор

16) ЧАКОНА - пипетка

17) ЗИНАГАРДОН - эскалатор
Тавзеҳ: Пиллагардон-ро ҳам мехостам изофа бикунам, аммо дидам, ки дар Эрон онро ба маънои пиллаи печишдор ба кор бурдаанд.

18) ЛАВҲИ ЛАМСӢ (ё ПАРМОСӢ) - сенсорный экран
Тавзеҳ: Умуман, сенсорный - ламсӣ (ё пармосӣ) ҳар чизе бошад.

19) КАША - трос для буксировки

20) ПОША - пульверизатор

21) ДИДГАР - камера наблюдения

22) НОРАФШОН - фейерверк, салют

23) ҚАҲВАСО(Й) - кофемолка
Тавзеҳ: Қаҳваос (Қаҳвос) ҳам метавон гуфт. Аммо ба назарам аввалӣ беҳтар аст.

24) НАМОГАРД-НАМОГАРДОН - пульт для телевизора

25) ГИРОНА - ключи (пульти) зажигания, заводные

26) ҚАФАСОБ - аквариум
Тавзеҳ: Барои ҳама навъ ҷонварони обзӣ, на танҳо моҳӣ.

27) ТОВТИР - коленчатый вал

28) ОШЁНБАР,ОШЁНПАЙМО - лифт

29) РЕЗБИН - лупа

30) ГАРДОНА (двигатель - мотор

31) РАНГНОЙ - запаска для авторучки

32) ХАТГАРД - маршрутка

33) НОМБАРГ - бейджик

34) РАҲНИШОН - дорожный знак

35) НИШОНБАРГ - визитка
Мӯҳр
Точик
Вакте, ки парашют, мотор ва гайраро, ки ихтироъ карди, чизе, ки мехони ном гузор, бисёри ин чизхо дар тамоми дунё хатто як ном доранд ва тарчума намешаванд. Ба мисоли автомобил, телефон ва гайра. То ба корхои бемаъни банд шудан, хуб мешуд, ки ягон чиз ихтироъ мекардем. Мардуми точик кораш факат шеърнависиву афсонависи.

Донишманд
Ягон технологияи нав дар сохахои илмхои дакик пешниход мешуд 1000 бор хубтар мебуд, ин забонбози моро пеш намебара , баръакс хеле кафо мебара, охир дар куча одамон меган, ки мо алаккай дар асри 21 карор дорем, намедонум рост боша ё дуруг. Ин пешниходхои Шумо ба асрхои 10-11 таалук доранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)