Бахшҳо

«Ашки қалам»- армуғони тозаи шоири муҳоҷир Абдулқодири Алавӣ

Ахиран дар Душанбе маҷмӯъаи нави ашъори адиби муҳоҷир- Абдулқодири Алавӣ (Алиев) таҳти унвони «Ашки қалам»  чоп шуд, ки рӯзҳои наздик ба дасти ҳаводоронаш мерасад.Китоб маҳсули эҷодиёти Алавиро, ки дар Маскав рӯйи саҳфа омадааст, дар бар мегирад.


Ёди ёру диёр, тараннуми Меҳан, васфи зебоиҳои кишвари афсонавӣ, мушкилоти доғ, вазъи иҷтимоӣ, ҳиҷрати ғамбор  мавзӯъи асосии шеърҳои шоирро ташкил медиҳад. Сарсухани «Ашки қалам»-ро Аҳрори Турсон навишта, абёти Абдулқодири Алавиро файласуфи тоҷик- Комил Бекзода қалам задааст. Муҳарририи ин китоб ба дӯши журналист Раҳматкарими Давлат вогузор шуда, он дар нашриёти «Шуҷоиён» интишор шудааст.      
Абдулқодири Алавӣ (Алиев) дар рустои Жамаки водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, хатмкардаи факултаи филологияи УДТ ба номи Ленин (ҳоло ДМТ) аст. Чанд вақт дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон кор карда, солҳои 1983 - 1986 дар Ҷумҳурии демократии Афғонистон адои вазифа намудааст. Солҳои 1987 - 1988 дар Доиратулмаъорифи тоҷик (Энсиклопедияи советии тоҷик, ва баъдан дар шӯъбаи таҳия, тарҷума ва нашри қонунҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон ба унвони сармутахассис то соли 1992 кор кардааст. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо ҳазорон фирориён Абдулқодири Алавӣ ба кишвари Русия, ба шаҳри Маскав кӯч баст ва вориди аспирантураи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Фарҳангистони улуми ин кишвар шуд ва дар соли 2000 рисолаи номзади илмро зери роҳбарии донишманди маъруфи соҳаи ироншиносӣ , доктори илми забоншиносӣ, профессор Ҷой Ийосифовна Эделман дифоъ кард. Баъдан муддате дар Ҷумҳурии Исломии Ирон кор кардааст. Феълан дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекунад ва ба кори илмӣ машғул аст.
Абдулқодири Алавӣ муаллифи чандин мақолаҳо ва китобҳои пурарзиш ба унвони "Ибораҳои пуристиори забони язгуломӣ" (Маскав, соли 1997) ва "Ибораҳои рехтаи забони язгуломӣ" (Маскав, соли 2001) мебошад. Инчунин маҷмӯаҳои ашъор бо номи "Насими Язгулом" (Маскав, 2002), "Ойини меҳр" (2009) ва ғайраро низ ба табъ расонидааст.  
Алавӣ дӯстдори шеъри классикист ва дар пайравии Абулқосими Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Носири Хусрав шеърҳо эҷод кардааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)