Бахшҳо
26 янв 2012 09:40Адабиёт

Ҳасрати бозгашт

Муаллимаи фанни таърих аст ин зан ва хеле ғайратманду фаъола ва то ҷое босаводу хушзеҳн ва бас ҳунарвару маъракаоро ва билахира, зебост ва соҳиби ҳусни ҷамила.

Аммо афкораш ҳамвора ба як нукта чарх мезанад, хаёлу пиндораш ба пеш, ба оянда на, бал-он доиман дорад майл ба гузаштаҳо, аммо на гузаштаи дури ҳазорсола, на панҷсадсола ва на ҳатто дусадсолаи ахир. Мечархаду мечархад давру бар ва ба дарозову вусъати як айёми зиндагонии маснӯӣ, ки сари миллати тоҷик таҳмил дода буданд: замони аз ҳадсу тахминҳои ин бону, "тиллоии Шӯравӣ".
Ҳар лаҳзаву ҳар соот ҷилави сӯҳбатҳои гарму аз шавқу шааф афрӯхтаи ҳозиронро сӯйи дигар мекашад, ба авҷу шасти ҳикоятҳову ноқилони ину он ҳодиса нохосту ногаҳонӣ латма ворид мекунад. Ҳамагон ғарқ дар ҳайрат лаб бар лаб мечаспонанд, тавони ҳарф заданро аз каф медиҳанд, нороҳат ва то ҳадде шикастадилу навмед низ мегарданд.
Чӣ ҳарфҳое дилгиркунанда мерезад аз даҳони кӯчаку хуштарҳаш! Чӣ суханҳои ғариб, боварнокарданӣ! Бо истимои ин ақоид ва андешапардозиҳои ғамзо пеши худ мегӯӣ ва хештанро ба фиреб тасалло медиҳӣ: "Кош ин бонуи хушсухану қашанг ва латифпайкару хушрехтаъзо бо дурахши чеҳраи арғувонияш ба саҳву иштибоҳе роҳ дода бошад, кош, кош, кош...". Ва аммо..
- Медонед, чӣ, - як ваҳшате навзуҳур дар оинаи чашмонаш мунъакис мегардад ва ҳастаи ваҳму воҳима неш мезанад дар оби мардуми дидааш;
- Ман ҳайронам, балки ғуссае дардолуд дар ханҷараам лона монда. Шумо аз ман бипурсед, не, не, шумо боре аз дардҳои бедавои қалбам огаҳӣ биёбед.
Ҳуззор - омӯзгорони деҳ ва ҳампешаи зан гаҳ ба чеҳраи воқеан ҳам гӯйи аз кадом хабари нохушу даҳшатгуне дард фаро гирифта ва гоҳе ба ҷумла аъзои ӯ, хосатан дастонаш, ки ба гунаи аҷибе ба ларзидан даромадааст, менигаранд ва бас ҳайратзада домани нигоҳи хеш бозпас ҷамъ меоранд ва ба замин медӯзанд.
- Ин хел таълиму тарбия давом ёфтан гирад, хонандагон пагоҳ-фардо падару модарашонро ҳам шинохтан намехоҳанд, - даҳонаш хушк шуда, гирифта-гирифта мебарорад овоз.
- Не, шумо бигӯед, ки чаро?
- Хайр, ана "чаро?" - дилгир шуда мепурсад ҷойнишини роҳбари мактаб, ки бас шӯху зариф мардест.
- Ҳаҳ ғоз додӣ, гапа... механдад...
- Чаро ки мактабиён имрӯз намедонанд, ки Ленин кист? - баланд хитоб мекунад муаллима ва гӯё осмони ғаму андӯҳи ногаҳонӣ, инак болои сараш фурӯ меафтида бошад, оҳи сард аз ҷигар мекашад.
Ленине, ки замоне доҳию пешво ҳисоб меёфт, замоне барои бахту саодати тамоми халқу миллатҳо ҷонбозиҳо карда буд (аз ҷумла, тоҷикон) имрӯз гумном ва аз ёдҳо фаромӯш аст. Ҳайф... ҳайф...
Ҳамин тавр, гӯӣ бо қалби мағмум сухан меронад ӯ ва аз сукунати зуҳурнамуда рамуз гирифта, идома медиҳад ба гуфтораш, ки ҳай давраи шукуфоне буд, давраи Шӯравӣ. Октябрятҳо нишони сарисинагие, бо сурати замони кӯдакии доҳӣ доштанд. Писараке зебосурате бо чеҳраи хандон... мӯйи ҷингалаашро намегӯед. Ва ёди барои ин зан ширину роғиб дар лабонаш мавҷи масаррату шодмониро ҳувайдо месозад. Пионерҳо, комсомолҳо ифтихоре доштанд, ки сурати Ленин дар нишоншон нақш гардидааст.
- Оҳ, - бо ҳавас чашм пӯшида мегӯяд бонуи банди хаёл. - Галстуки сурхро намегӯед! Дар гиребони куртаи оҳорию утукардаи мактабиён базеб ҷилва мекард, дурахше дошт. Ҳамааш дар фаромӯшхонаи таърих чун ашёи нодири осорхона нуҳуфта монд. Он ҳама манзараҳоро дар хобу хаёл мебинам, буд-набуд... Ана акнун чӣ давру давроне фаро омада, ки он доҳии бузургворро касе аз насли ҷадид намедонаду намешиносад. Дареғ...
Даме, лаҳзаяке чашмони зан, аз қавли кампири Оламбӣ роҳ мебинанд, дурудароз ва батаанӣ менигараду менигарад аз панҷара ба берун, ба майдони боғи мактаб, ки дарахтон дар ин сармои зимистон лухту арён, шабеҳи шахсони дар фикри амиқу гарон ғарқшуда менамоянд ба чашм ва селаи зоғҳои сафеду сиёҳи калон-калон андаруни песабарф минқор мезананд ба замин, минқор мезананд..
Яке ба худ меояд муаллима ва боз ҳам бо овози дардолуд:
- Эҳ... - гуфта таваҷҷӯҳи муаллимонро ба худ мекашад:
- 70-сола давлатро барбод доданд. Давлатеро, ки Ленину ҳамсафонаш бо хуни дилу муборизаҳои беамон бунёд карда буданд. Давлатеро, ки бобову бобокалонҳои мо "мурда-мурда", сӯхтаву ҷон ба каф бигрифта, пояҳояшро асос гузошта буданд. СССР-еро ба боди фано доданд, ки танҳо аз шунидани номаш кишварҳои абарқудрати ҷаҳон тарсида, ба ларза медаромаданд. Канӣ шерамарде, ки инчунин давлате бисозад? Канӣ як чунин доҳӣ? Не, шумо ба ман бигӯед, чаро ин давлатро аз байн бурданд? Ба киҳое лозим буд? Ба Амрико? Ба Горбачёв, ба Елтсин? Ба кӣ охир?!
Ҳама ҳамчунон сокиту хомӯш...
- Як гурӯҳе ба ном "равшанфикр" (дар байни мову шумо ҳам ҳастанд онҳо) аз Горбачёв авлиё офариданд. ӯ демократия дод, озодӣ дод, ошкоргӯӣ овард, девори Берлинро аз ҳам рехт, армияро аз Афғонистон хориҷ кард, бознигарию тадқиқи тозаву воқеии таърихро роҳандозӣ намуд, нашри осори динию фалсафӣ ва адабиро, ки зери чангу ғубори чоҳу мағоки таърих афсурдаву рутубатзада мехобиданд, ба роҳ монда, "рӯйи об баровард". Ҳамин хел мегуфтанд дӯстдорони Горбачёв ва таблу доира мезаданд, гӯши фалакро ба қомат меоварданд. Аммо...
Ваю Елтсини арвоҳзада ин давлатро, ки монанд ба як дарахти бас мӯҳташаму тановар буд, аз решаву беху бун барканда партофтанд. Ҳосил чӣ шуд? Чаро шумо хомӯшед? Чаро ҳарфе дар миён намеандозед? Чаро?
- Халқу миллатҳои сарафрохтаву бошараф ва бовиқору осудаҳолро дар назди оламиён ба зону шинонданд, бечораву оҷиз ҷилва доданд, садақахоҳу гарданкаҷ намуданд. Ҳамин тавр, набуд? - худ суол медиҳад зан ва посух медиҳад:
- Ҳамин тавр буд, ҳамин тавр буд! Мову шумо акнун нону орд мекофтем, ба ёриҳои гуманитарии давлатҳои дасисабоз мӯҳтоҷ мешудем. Хок бар сари "авлиёҳоятон"...
Зан ором гардид, оташи ҳаяҷони изтиробаш тадриҷан фурӯ биншаст ва дафъатан чашм ба берун дӯхт. Ҳамин лаҳза буд, ки муаллими дигаре, ки "Мубориз" лақаб дошт, ошуфта бархост зи ҷо ва гӯё дар анҷумане сухан меронда бошад, ғазаболуд овоз баланд кард:
- Шумо як умр дар ҳасрати Ленину давлати Шӯравӣ месӯзед. Аммо чаро намегӯед, ки ин давлат алайҳи дин мубориза шурӯъ кард? Чаро миллати аъзами тоҷикро аз фарҳангу тамаддуни ҳазорсолааш, аз хату алифбои ниёконаш дур намуд? Шумо чаро намегӯед, ки тӯли 70 сол роҳбарони ҳизби коммунист ва ин давлат мардуми ранҷбару азиятдидаро бо афсонаи дурӯғини "сохтмони коммунизм" ба доми фиреб мекашиданду амалан худ хонаи райият хароб карда, қасру кӯшкҳои осмонбӯс месохтанд баҳри худу фарзандонашон? Тарозуи адолатро вайрон мекарданд. Зиндагии мардум кай, дар куҷо шоҳона мегузашт? Як умр ба истиснои чанд мактаби навсохт, дигар фарзандони мардум дар ҷамеи деҳу рустоҳо дар бинои гилину шифтҳояш қамишӣ сабақ меомӯхтанд. Ана ҳамин мактаби якқабатаи худамонро соле қабл бунёд карданд, вагарна дар оғили колхоз бӯ гирифта, то охири умр дарс мегузаштем. Дардҳои он замони "тиллоӣ" бисёранд, кадом якашро мегӯӣ?!
Аммо маро дигар чиз ба ҳайрат мебарад. Давлати Шӯравии тиллоии шумо ҳамагӣ 70 сол амри вуҷуд кардааст, дар ҳоле, ки мамлакати бавусъату паҳнои Сосониёни худамон 400 сол (4 аср!) ҳукмронӣ карда буд. Чаро шумо аз дигар бузургони тоҷик, ҳадди аққал Яъқуби Лайси Саффорӣ, ки забони тоҷикиро бори аввал ба коргузории дарбор роҳ дод, чизе намегӯед? Аз Дориюшу Куруш ва баъдтар Исмоили Сомониву Мунтасир ёде намекунед? Оё шумо медонед, ки Мунтасир барои нигоҳдории давлати абарқудрати Сомониён чӣ такудаву ҳарбу масоф кард, чӣ худхӯриҳо аз сар баргирифт? Охир аз парокандагии тарафкашиҳои ҳокимони маҳаллӣ кушта гардид ва ормонҳои дили хешро ба хок бурд. Шуморо намедонам, аммо ман ҳамеша барои Мунтасири мубориз ҷигаркабоб мемонам, барои ҷомаи амал напӯшидани таманноҳояш хуни дил мехӯрам. Аммо Ленин...
Ленин бо ғояву ормонҳои дурӯғини хеш ҷумла халқияту миллатҳоро ба "манқурт" табдил дод, ғулом кард. Обилаву зардоб ва ангуштони хуншори дастони занону модарони тоҷикро дар пахтазорҳо ҳеҷ кас фаромӯш накардааст. Маро дуруст фаҳмед. Ба Ленин барои минбаъд дигар ҳеч халқият, ҳеч бани башар ниёзу эҳтиёҷ надорад. Касе ба Маскав, ба Мавзолей ба зиёраташ ҳам намеояд. Ҳама бо ҳадафу ормонҳои миллии хеш аз пайи сохтмони давлатҳои соҳибистиқлоли худ ҳастанд. Мо бояд инро амиқ дарк кунем.
Марди 35-40 сола буд ин муаллим ва бо ҳақиқатҷӯйиву адолатхоҳияш маъруф гардида буд дар қаламрав. Пас ӯ ҳам ором гардид.
- Медонед-чӣ, - ба "моҷаро" ҳамроҳ шуд ҷонишини директор, баҳсатон хуб аст. Мегӯянд-ку: ҳақиқат зодаи баҳс аст. Лекин як чизро фаҳмед, ки давлати Шӯравӣ ҷиҳатҳои хуб ҳам дошту бад ҳам.
- Ленин пайғамбар буд! - дод зад аз ҷояш муаллими кӯҳансоли ҷуғрофиё.
- Касе, ки онҳоро "сиёҳ" мекунад, кӯрнамак аст, - оби даҳонаш парида ғазаб кард муаллими физика, ки 60-сола ҳисоб меёфт.
- Шумо ақл доред? - тааҷҷубзада овоз баланд кард муаллими кимиё, ки синнаш ба 70 дакка мехӯрд. - Кадоматон ба болои гӯри падару модаратон лагад мезанед? Канӣ, бигӯед? Кадоматон?
- Гӯри падару модар ба ин баҳс чӣ дахл дорад? - норизогӣ кард муаллими нисбатан ҷавонтари таълими меҳнат.
- Ана ҳамон Ленину Сталин барои мо падар барин буданд, - ба гапаш идома дод муаллими кимиё. Мо падарамонро таҳқир нахоҳем кард!
Шояд баҳс то ба дер ҳангом бо чунин як ҷараён давом мекард. Ногоҳ дари дафтари муаллимонро кушода, директори мактаб ворид гардид.
- Чӣ ин қадар баланд ғавғо доред? - ғур-ғур кард директор. - Як кас нафаҳмад, мегӯяд, ки ҷанҷоли бузург рафта истодааст. Оромонатар гап занед.
Баъд ӯ хабар дод, ки аз маҷлиси садорати ҷамоат омадааст.
- Гап ҳамин, - фаҳмонд вай. Ҳамин рӯз замин тақсим мекардаанд. Аз муаллимон касе, ки ҳуҷҷатҳояш тайёру омода аст, метавонад ба роҳ дарояд.
- Аз куҷо замин медодаанд? - пурсиданд чанд нафар.
- Аз талу пуштаҳои Сиёҳтеппа!
- Чӣ, замини ҳамвору обӣ намондааст дар ин қаламрав? - киноя кард муаллими кимиё.
- Ҳа, устоди содда, - хандид муаллиме, ки ҷонибдори таърихи гузаштаи миллат буд.
- Заминҳои обиву ҳосилхезро кайҳо амалдорон бо пули ҳангуфт ба савдо заданд. Фаҳмидед?
- Агар Ленин зинда мебуд, мемонд, ки замини давлатро таллаву тороҷ кунанд?... Эҳ... - оҳ кашид мӯйсафеди солхӯрда ва вазнин бархост зи ҷо.
...Дар як пилк ба ҳам задани чашмони ҳамаи муаллимон пароканда шуданд, мазмун, роҳ ҷониби мавзеи Сиёҳтеппа гирифтанд. Офтоб баланд гардидаву анвори навозишгараш ба чеҳраву рӯ форам мерасид. Зоғҳо ҳамакнун дар шохи дарахтони сафедор нишаста, қар-қар мекарданд.
Таътили зимистона идома дошт. Дар мактаб касе намонд...

 

Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)