Нахустин шумораи нашрияи «Муҳоҷир» дар Тоҷикистон ба табъ расид.
Тавре аз хадамоти муҳоҷират ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, рӯзномаи «Муҳоҷир» оид ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Тоҷикистонро дар кишварҳои хориҷа ва муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони хориҷаро дар Тоҷикистон, назорат ва ҳолати будубоши онҳоро инъикос мекунад. Ин нашрияи тозатаъсис дар шумораи нахустинаш роҷеъ ба масъалаи ташкили сафар, вазъи умумии кору зиндагӣ, қонуну қоидаҳои кишвари қабулкунандаи муҳоҷирни тоҷик матолиби мухталифе ба табъ расонид.
Идораи нашрияи мазкур аҳли қалам ва тамоми хоҳишмандонро барои ҳамкории зич даъват менамояд.
Мӯҳр