Масъулини агентии Тоҷикстандарт мегӯянд, бо назардошти боло рафтани арзиши сӯзишворӣ дар нуқтаҳои савдои он ҳолатҳои фиреби харидорон ба мушоҳида мерасад.
Тавре аз ин ниҳоди давлатӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, тайи 3 моҳи ахир дар Тоҷикистон беш аз 1,5 ҳазор тонна сӯзишворӣ ғайристандартӣ дониста шуд. Манбаъ мегӯяд, ин миқдор сӯзишвории ғайристндатӣ асосан аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ вориди бозор мегардад: “Соҳибкорони инфиродӣ аз ширкатҳо сӯзишвориро мехаранду бо ҳиллаву найранг навъи онро боло нишон дода, қимат мефурӯшанд. Яъне тамғаи он мувофиқат намекунад. Маслан, бензини навъи А-80-ро А-92 гуфта савдо мезананд”,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр