Бахшҳо
07 май 2012 09:06Адабиёт

Ситойиш мекунам кӯҳи баланди рӯҳи инсонро

Ба муносибати 80-солагии устод Мӯъмин Қаноат Қарни бистум қарни фурӯпошии ҳуввияту фарҳанги порсизабонон дар Миёнрӯдон ва инҳитоти фикрии тоҷикон буд. Мо дар ин қарн ҳеч андешаманд ва ҳакиме, ки назариёти ӯ фаротар аз марзҳои Тоҷикистони кунунӣ таровида ва афкори мардуми минтақа ва ё худ ҷаҳони перомуни худро таҳти таъсир қарор дода бошад, ба дунё тақдим накардем. Ин амр аз назари воқеият ғайримумкин буд, зеро идиулужии коммунистӣ бо арзишҳои бунёдии мавҷудияти миллати мо дар ситез буд ва то ҷое тавонист онҳоро инкор ва саркӯб кард. Дуруст аст, ки дар муқобил, Шуравӣ аз поя як сохтори сиёсӣ ва иҷтимоии тоза мутобиқ бо талаботи ҳамон солҳо бунёд кард, аммо аз сӯи дигар сохтори аслӣ ва табиии иҷтимоии моро аз байн бурд, ки хисороти он бамаротиб бештар аз он чизест, ки аз он абарқудрат акнун ба мо мерос мондааст.

Дар ин робита, нависандаи бузург Алберт Камю дар бораи фоҷиае, ки мактабҳои тамомиятхоҳ дар қарни бистум ба сари башарият оварданд, дар мақолае бо номи "Гувоҳии озодӣ" навиштааст: "Таърихи расмӣ ҳамеша таърихи қотилони бузург будааст ва фақат имрӯз нест, ки Қобил Ҳобилро мекӯшад, аммо фақат имрӯз аст, ки Қобил Ҳобилро бо мантиқ мекӯшад ва сипас дархости медали ифтихор мекунад. Бадбахтӣ инҷост, ки мо дар замони маслакҳо ва он ҳам маслакҳои тамомиятхоҳ ва худкома зиндагӣ мекунем, яъне маслакҳое, ки чунон ба худ ва ба ҳаққонияти аблаҳонаи худ мутмаинанд, ки растагории ҷаҳонро танҳо дар султаи хеш мебинанд."

Бад-ин тартиб, ҳасрати аз даст додани арзишҳои милливу мазҳабӣ солҳои дароз дар синаи аҷдоди мо мисли як буғзи дерина ҳабс шуда буд ва касе ёрои баёни ин ҳақиқати талхро надошт, то ин ки дар соли 1956 кеши Сталинӣ дар Шуравӣ маҳкум шуд ва аввалин ҷарақаҳои озодандешӣ он ҳам дар қолаби кинояву истиора ва садҳо пардаи адабии дигар дар саҳифаҳои адабиёт роҳ ёфт. Ёдовар мешавем, ки аввалин ҷунбиши "бедории фикрӣ" дар Тоҷикистони кунунӣ аз солҳои 1960 ба баъд дар шеъри тоҷик шакл гирифт ва бидуни шак шоирони  ин давра аз поягузорони наҳзати бедории тоҷикон дар қарни бистум маҳсуб мешаванд. Аз ин миён чаҳор шоир; устод Мӯъмин Қаноат, равоншод Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва гули сари сабади адабиёти муосири Тоҷикистон Гулрухсор нақши асосӣ дар ташаккули худшиносии миллии тоҷикон дар нимаи дуввуми қарни бистум доштанд ва аз ҷумлаи чаҳор аркони ҷунбиши бедории фикрии тоҷикон маҳсуб мешаванд. Ин дастабандӣ бад-он маъно нест, ки қабл ва баъд аз инҳо шахсиятҳои худогоҳ ва дилсӯзи миллат вуҷуд надошта, балки мусалламан инҳо таҳти таъсири афроди огоҳи наслҳои қабл аз худ ба ин натиҷа расидаанд ва баъдан насли баъд аз худро таҳти таъсир қарор доданд. Мунтаҳо дастабандии мо бар асоси намуд зоҳир кардани ин гуна нигариш ва андешаҳо дар осори бузургони он давра сурат гирифтааст. Аз ин лиҳоз устод Қаноат пешвои ин ҳаракат дар адабиёти муосири тоҷик мебошад, ки бо сурудани шеъри "Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ" ва силсилаи "Созҳои Шероз" роҳро барои вуруди андешаҳои миллӣ дар адабиёти муосири тоҷик боз кард. Осори ин чаҳор шоир сарфи назар аз шева ва сабки саройиш мукаммили якдигар ҳастанд ва як ҳадафро талқину таблиғ мекунанд. Дидгоҳи сиёсии ва иҷтимоии ин аркони чаҳоргона аз ду бахш иборат аст; аввал посух гуфтан ба таҳқиру такзиби арзишҳои милливу мазҳабӣ аз сӯи дастгоҳи идиулужии ҳоким то солҳои 1960 ва дуввум таблиғи ин арзишҳо ба унвони усулҳои ҳаётбахши миллӣ ва ташвиқи мардум барои эҳё ва гиромидошти арзишҳои худӣ. Дар ин замина ҳар чаҳор шоир дар ҳақиқат муваффақ буданд ва рисолати хешро ба унвони як шоири миллӣ ба хубӣ анҷом додаанд. Мунтаҳо гаройиши устод Қаноат ва устоди равоншод Лоиқ ба фалсафаву ҳикмат, Бозор Собир ба тасвирсозӣ ва Гулрухсор ба эҳсосу отифа дар баёни мавзӯи мавриди назар бештар намуд пайдо кардааст.

Устод Қаноат, ки акнун 80-умин баҳори умри гаронмояаашро сипарӣ мекунад, осори худро умдатан дар қолаби достони ҳамосӣ эҷод кардааст ва то кунун низ ҳеч касе дар бораи ҷойгоҳи ҳикмат ва хирадварзӣ дар осори Мӯъмин Қаноат таҳқиқи ҷиддӣ анҷом надодааст. Ин дар ҳолест, ки шахсият ва осори устод Қаноат намоде аз намунаи хирадварзӣ ва ҳикмат дар адабиёти муосири тоҷик маҳсуб мешавад. Аз сӯи дигар мағзи достони ҳамосиро ҳикмат ва фалсафа шакл медиҳад ва устод Қаноат дар достонҳои хеш шаҳомати миллӣ, ҷойгоҳи тамаддун, рашодатҳои бузургони қавм, арзишҳои барозандаи миллӣ ва нақши шахсиятҳои миллӣ дар ташаккули тамаддуни ҷаҳониро ба хубӣ ба намойиш гузоштааст. Мавзӯи достонҳои устод баёнгари ин нукта аст, ки шоир бо шинохти авзои идиулужӣ ва сиёсии замони хеш, мавзӯҳоеро барои пардохтан интихоб кардааст, ки камтар таҳти таъсири офати рузмаррагӣ ва шиорҳои идулужик қарор гирифта, бақои онҳо ба унвони як арзиши адабӣ дар ояндаи дур пойдор бошад.

Устод Қаноат ба сухан ва суханварӣ ба унвони як падидаи муқаддас эътиқод дорад ва усулеро, ки лозимаи ин амр ҳаст, дар тули фаъолияти эҷодии хеш ба хубӣ риоят кардааст. ӯ дар ибтидои достони "Сурӯши Сталинград" ин бовари худро ба гунаи бисёр муассир баён мекунад:

Суханро вазну тамкини замин бояд
Суханро қудрати ҷонофарин бояд...

Сухан бояд раҳи тақдирро гирад,
Дуои модарони пирро гирад
Ва бо ҳикмат дами шамшерро гирад...


Ин нукот дар маҷмӯъ усул ва бардошти шоир аз ҷойгоҳи сухан ҳастанд, ки ин суханвари моҳир дар тули ҳаёти адабиаш ба он содиқ мондааст. Он чӣ устодро дар миёни лашкари фаровони адибони тоҷик мумтоз кардааст; ягонагии шеъру шахсияти барозандаи ӯст. Хирадварзӣ, матонат ва наҷобате, ки дар шахсияти ӯ ба камол расида дар ашъораш низ ба таври возеҳ таҷассум пайдо кардааст. Замоне мегӯяд, ки:

Ба тунди хашми дарёям,
Ба тамкин сабри саҳроям.
Ба нармu чун дили ошиқ,
Ба сахтu санги хороям.
Ба савдо рафта дунё чун
Самарқанду Бухороям
Макун дигар ту савдоям,
Ки дар савдои ту аз даст додам
сусту сахтамро,
Ки Доро будаму аз даст додам
тоҷу тахтамро.


Хонанда тамоми ин сифотро ба роҳатӣ аз лобалои ин сатрҳо эҳсос мекунад. Вожаҳо дар осори Қаноат корбурди вижае доранд ва маънои хосеро дар зеҳни мухотаб талқин менамоянд. Намоди рӯҳ дар осори Қаноат кӯҳ аст ва намоди модар - замин ва дарё рамзи ҳаёт аст. Чиниши калимот дар шеъри устод ба гунае аст, ки ҳангоми хониши он як зарбоҳанги мутантан эҷод мешавад ва рӯҳи ҳамосаро дар ботини хонанда нохудогоҳ ба вуҷуд меорад. Ба ин абёт таваҷҷӯҳ фармоед:

Ситойиш мекунам кӯҳи
баланди рӯҳи инсонро,
Фуруд меоварам ман қуллаи
кӯҳи Бадахшонро
Ба пои ту, аё гултеппаи бори
ҷаҳонбардӯш
Аё сайёраи сокит,
аё гаҳвораи хомӯш!


Дарди ҳуввият ва асолати миллӣ дағдағаи аслии шоир дар тамоми осори халқкардаи ӯст. Ба қавли Алиасғари Шеърдӯст: " Дар ҳақиқат шеъри Мyъмин Қаноат ҳамонанди шахсияти ӯст, асил, бомаҳобат, орому амиқ ва ба ҳангоми зарурат мамлӯ аз шӯру шавқ ва ҳамоса. Мyъмин Қаноат ҳамчун дигар шоирони точик дарди ҳуввият дорад ва ҳуввияти худро дар таърихи ниёгон ҷустуҷӯ мекунад." Замоне, ки устод Қаноат аз ин дард наҷво мекашид, кам касе гӯши шунаво дошт, ки умқи паёми шоирро дарк кунад. Аммо дардро намешавад, ки барои ҳамеша дар сина ҳабс кунӣ, ҳамдаме, ҳамрозе ва ҳамнишине мебояд то сирри нуҳуфтаро бо ӯ дар миён бигзорӣ. Бинобарин шоир ба боргоҳи зоти кибриёӣ рӯ меоварад  ва бо тамоми нерӯ бонг бармедорад:

Эй додгоҳи хокиён,
Эй осмони бекарон,
Танг аст ҳоли тоҷикон
Дар зери хоку хокдон !...


Устод Қаноат осори хешро бар асоси ду меҳвар эҷод кардааст: башарӣ ва ватанӣ. Мавзӯи осори ӯ дар доираи ҳамин ду меҳвар мечархад.

Достонҳои Қаноат зимни ин ки умдатан ба баррасии мавзӯҳои таърихӣ мепардозанд бо пирояи ҳунарӣ низ ороста шудаанд. Шоир дар тасвирпардозии ҳолатҳои ҷангӣ воқеан маҳорати баланд дорад. Барои мисол ба ин пора аз бозгарди сеи достони "Ситораи Исмат" таваҷҷӯҳ намоед:

Чӣ асроре, ки  пеш аз ҳамла
хандақ ҳамлу хомӯш аст,
Вале хандақ ҳама ҳyшу ҳама
чашму ҳама гӯш аст.
Ва хоби аскари омода ҳамчун
хоби заргӯш аст,
Хурyши қалби инсон зери сарпӯш ас
Ва мегардад замин пора ба вақти
ҳамла якбора,
Ва одам мебарояд аз замин
монанди истора...
Даме, ки ҳамлаи мо бо имое бесадо
сар шуд
Ва мо наздик рафтему ба мо
наздик сангар шуд,
Замини барфпӯши бе гияҳ
монанди дафтар буд:
Ки дар он як ҳиҷо, як нақши пое нест,
Ба ғайр аз шарфаҳои по садое нест...


Дар ин пора шоир ба таври шигифтангезе ҳолати омодабоши сарбозон дар хандақро бо шароити хоси маконии ҷабҳаи ҷанг ба тасвир кашидааст, ки дар зеҳни хонанда низ он манзара шабеҳи экрани телевизион намоён мешавад. Қаноат дар достонҳои ҷангӣ ва таърихии худ инсонро дар ҳолот ва мавқеиятҳои мухталиф ба тасвир мекашад.

Дар ҳамин достони " Ситораи Исмат" дар ҳолат ва мавқеияти дигар боз ҳам тасвире ҷолиб меофаринад:

Ситора мепарад аз осмони
субҳи симобӣ,
Ва меборад зи чашми осмон
ашки ятим обӣ.
Замини намкашида аз барои
ҷуфт нобоб аст,
Замири ғамкашида дар шаби
наврӯз нотоб аст.
Замини лойҷуфт аз баҳри
неши дона зиндон аст,
Ки аз зиндони лойӣ саркашидан
ғайри имкон аст.
Замини рӯзи наврӯзӣ ба мисли
синаи раҳм аст,
Сабоҳ ойинаи раҳмат, само
ойинаи ваҳм аст.

Қаноат дар осори худ аз саноеи ҳунарӣ бахусус муқобила, таҷнис, ташбеҳ, истиора ва мақолу ҳикматҳои мардумӣ моҳирона истифода мекунад. Дар пораи боло низ агарчӣ шоир манзараи пушти ҷабҳа ё ғайриҷангиро ба тасвир мекашад, аммо  калимот, таъобир ва саноеи адабии хосеро ба кор мегирад, ки хонанда аз мавзyи аслӣ, яъне ҷанг фориғ намешавад, балки асароти фарогири ҷангро дар ҷомеҳои башарӣ ба хубӣ эҳсос мекунад.

Тоҷикон метавонанд ифтихор кунанд, ки дар қарни бистум ҳади ақал як фарзанди онҳо дар бораи бузургтарин ҳодиса ва фоҷеаи ин қарн, ки ҷанги ҷаҳонии дуввум мебошад, асаре офарид, ки дар навъи худ беназир аст. Аз "Сурӯши Сталинград" мегӯям, ки ин фарзанди сарафрози халқи тоҷик аз сахттарин ва мудҳиштарин набарди ҷанги ҷаҳонии дуввум достоне офарид, ки русҳо бояд ба хотири халқи ин асари бузург барои ҳамеша аз тоҷикон сипосгузор бошанд. Мyъмин Қаноат бо истеъдоди баланди шоирӣ ва огоҳии таърихии худ ба хубӣ аз уҳдаи инъикоси фоҷеаи Сталинград- хунинтарин муҳорибаи ҷанги ҷаҳонии дуввум баромадааст. Ҷанг ва фоҷеаи он барои тамоми ҷомеаҳои башарӣ асароти яксон дорад ва тақрибан ҳамаи миллиятҳои курраи замин дар тули таърихи мавҷудияти худ ин фоҷиаи талхро таҷриба кардаанд. Бинобарин ба тасвир кашидани саргузашти бону Анна модари сарбози шаҳиди рус баёнгари сарнавишти талхи ҳамаи модароне аст, ки фарзандони азизи худро дар ин набардҳо аз даст додаанд. Ба қавли Олжас Сулаймонов "Амр ба маъруф аст, ки шоир сафири сарзамини хештан аст. Шинохти шоир, шинохти халқи ӯст, вале барои халқи худ шоир расули ҷомеаи башарӣ ва намояндаи тамаддуни ҷаҳонист."

Акнун, ки муаллифи "Сурӯши Сталинград" вориди 80-умин солгарди ҳаёти пурбаракаташ мешавад, қабл аз давлати Тоҷикистон бояд давлати Русия аз хадамоти ин пири хирад ва башардӯст истиқбол кунад ва барои ин мунодии сулҳу дӯстӣ арҷ бигзорад.

Мантиқан, ин рӯзҳо Душанбеву Кобулу Теҳрон ҳам  бояд маҳали гирдиҳамоӣ  ва маҳфилу нишастҳои илмии шоирону донишмандони кишварҳои форсизабон барои гиромидошти зодрӯзи ин шоири хидматгузор мебуд, аммо мутаассифона на "аз халиҷи Форс насими форсӣ мевазад" ва на дар Кобул "мушки суда мерезад". Дар Душанбе ҳаво боронӣ аст ва шамол мисли ҳамеша "аз самти ғарб ба шарқ дар як сония ҳамчунон 12 см" дар ҳоли вазидан аст...

Аз як моҳ қабл, ки барои навиштани ин матлаб омодагӣ медидам, дар китобхона бо як байти Фирдавсии ҳаким дар "Шоҳнома" бархӯрдам, ки ба худо қасам, дар қиёс бо 60 ҳазор байти дигар аз ҳама бештар баёнгари воқеияти имрӯзи мо дар ҷомеаи башарӣ аст:

Ба яздон, агар мо хирад доштем,
Куҷо ин ҳама ҳоли бад доштем!

Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)