Бахшҳо
02 июн 2011 09:30Иқтисодӣ

«Муаммои гушт»-2011

Афзоиши нархҳо дар пойтахт на танҳо ба бўҳрони ғизоӣ гирифтор шудани ҷаҳон, балки ба он ҳам вобаста аст, ки тиҷорати маводи ғизоӣ ба монополияи гурўҳҳои хос низ афтодааст.

Ба назар чунин менамояд, ки дар Тоҷикистон масъалаи дигаре ҷуз гаронии нархи гўшт вуҷуд надорад. Инро таҳлилгарон ба гунае шарҳ медиҳанд, ки гўё ҳукумат нишон доданист: мардум он қадар сарватманд шудаанд, ки ба ғайр аз гўшт чизи дигаре хўрдан намехоҳанд.

Бахусус дар шаҳри Душанбе. Ҳол он ки масъулини ҳукумати пойтахт мегўянд барои онҳо ҳаҷми умумии бозори истеъмолии гўшт маълум аст.  Тибқи таҳлили онҳо  талаботи ҳаррўзаи сокинони шаҳр бо гўшт 70 тоннаро  ташкил медиҳад ва барои фурўши як кг гўшт бо ҳисоби миёнаи (гов ва гўсфанд) 23,5 сомонӣ ҳамарўза маблағи 1 млн 645 ҳазор сомонӣ зарур мебошад. "Воридоти гўшт ба маблағи 4 млн. сомонӣ имкон хоҳад дод, ки талаботи бозори истеъмолии шаҳр ба гўшти хушсифат бо нархҳои зикргардида комилан таъмин гардад" мегўянд онҳо.

Қаблан аз ин раиси шаҳр барои ҳалли ин мушкил тасмимҳое анҷом дода буд. Аз ҷумла 4 миллион сомониро бидуни фоиз дар ихтиёри соҳибкорон гузошт, то ба ин васила тавонанд барои ғановати бозор саҳим бошанд. Яъне дар Душанбе алорағми минтақаҳои гуногуни кишвар, ки аз соҳибкорон ба таври иҷборӣ "хоҳиш" карда мешавад, то нархҳоро поин баранд, бархўрд бо тоҷирон бештар бо дарназардошт бо шароити иқтисоди бозаргонӣ сурат мегирад.

Асомиддин Ризоев, иҷрокунандаи директори бозори "Шоҳмансур" ва ҳамзамон директори Корхонаи воҳиди давлатии "Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе" мегўяд, ки  маблағҳои қарзи бюҷет барои харид ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ тибқи Қарори раиси шаҳри Душанбе № 276 аз 7 майи соли 2011 "Дар бораи чораҳои иловагӣ баҳри таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввал ва ба танзимдарории нархи маҳсулотҳо" 12 000 000  сомониро ташкил медиҳад. Ба иттилои вай дар маҷмўъ 20 000 000 сомонӣ ҷудо шудааст, то ба коҳиш додани нарх дар бозорҳои пойтахт таъсир расонда шавад.

Ҷаноби Ризоев мегўяд, агарчӣ нархи гўшт танҳо дар Душанбе мавриди гуфтугўҳост, аммо арзиши ин маҳсулот назар ба ноҳияҳои дигар дар пойтахт поинтар аст. "Бубинед, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳоло ҳам нархи 1 кг гўшт 27 сомонист, вале дар пойтахт нархи он ба 22 сомониву 50 дирам ва ё 23 сомонӣ баробар аст. Ҳамчунин мо барои дар мувозинат нигоҳ доштани нархи гўшт тасмим гирифтаем, тоҷирони ба хариду фурўши гўшт машғулбударо аз пардохти патент, гирифтани шаҳодатномаи фурўши маҳсулот ва чекпулӣ тамоман озод намоем", мегўяд директори Корхонаи воҳиди давлатии "Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе".

Айни замон миқдори нафароне, ки ба харид ва фурўши гўшт машғул ҳастанд, 83 нафарро дар бозорҳои давлатӣ ташкил медиҳанд ва инчунин 2 ферма ва 120 чорворо  дар 6 ноҳияи тобеи марказ дар ихтиёр доранд ва ба ин восита метавонанд барои таъсир гузоштан ба арзиши гўшт дар бозор мусоидат намоянд.

- Барои паст кардани нарх дар бозорҳо дигар аз кўмаки мақомоти қудратӣ истифода нахоҳем кард ва ниёз низ надорем. Чунки худи ҳамин маблағҳои ҷудонамудаи шаҳдорӣ метавонад, барои паст кардани нархҳо мусоидат намояд мегўяд Ризоев.

Бовуҷуд, ба гуфтаи ў, феълан чун мавзўи таъмини маҳсулоти кишоварзӣ дар Душанбе мавриди зиёди гуфтугўҳо қарор гирифтааст, онҳо тасмим гирифтаанд, ки такяи бештар ба имконоти худ намоянд. "Яъне вазъи баамаломада нишон дод, ки на дар ҳама ҳолат метавон ба соҳибкорони инфиродӣ бештар итминон дошт. Ҳарчанд  дастгириҳои ҳукумати пойтахт дуҷониба буда, ба ҳеҷ ваҷҳ характери иҷборӣ надоранд. Баръакс, ҷавобан ба иқдоми соҳибкорон роҳбарияти шаҳр баҳри дастгирии молиявии онҳо оид ба зиёд намудани  воридоти чорвои забҳӣ ва гўшт дар шаҳр аз ҳисоби буҷети шаҳр ба Иттифоқи "Тоҷикматлубот" - 2 млн. сомонӣ, КВД "Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе"-1 млн. сомонӣ  ва 20 нафар соҳибкорон ба ҳар яке аз онҳо 50,0 ҳазор сомонӣ - 1 млн. сомонӣ қарзи бефоиз бо назардошти баргардонидани маблағҳо дар тўли соли молиявӣ ҷудо кард, ки имрўзҳо ҳар кадоме онҳо ба иҷрои вазифаҳои  худ аллакай шурўъ кардаанд" мегўяд Ризоев.

Бояд гуфт маблағҳои аз ҳисоби буҷа ихтисосдодаи ҳукумати шаҳр танҳо ба соҳибкорони гўштфурўш иртибот надорад. Аз маблағҳои мазкур 12 млн. сомонӣ барои харидориву захираи ғаллаву орди хушсифати Қазоқистон, 4 млн. сомонӣ барои истеҳсолу захираи маҳсулотҳои ниёзи аввалияи кишварзӣ ва бастани шартномаҳо бо хоҷагиҳои деҳқонии минтақаҳои мамлакат сафарбар шудаанд.

Бо вуҷуди он ки шаҳрдорӣ гўё ҳамаи имконоти худро барои пешгирии бўҳрон ва паст кардани шиддати нархҳо равона мекунад, аммо ҳамоно аз ҳама бештар маҳз таъсири афзоиши нархҳо дар пойтахт эҳсос ва аз ҷониби мақомоти болоӣ дида мешавад. Сабаби ин дар чист?

Коршиносон мегўянд ин як раванди табиист. Зеро дар пойтахти ҳар кишвар мардуми нисбатан сарватманд ва дорои талаботи бештар зиндагӣ мекунад. Илова ба ин, мушкилоти зиёди кишварҳо одамони сокини деҳотро низ водор мекунад, ки ба урбанизатсия ё шаҳрнишинии муваққатии онҳо рў биёранд. Дар ин сурат, дар пойтахтҳо баргузории мониторинг ва муайян намудани талаботи воқеии пойтахт мушкил хоҳад буд.

Бо ин ҳама, ба гуфтаи таҳлилгарон гуфтан имкон надорад, ки шаҳрдории Душанбе тамоми зарфиятҳои худро барои таъмини амнияти ғизоӣ ва паст шудани коҳиши нархҳо истифода кардааст.

Қурбоналӣ Партоев, номзади илмҳои кишоварзӣ, ходими калони Институти ботаника, физиология ва гинетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкили асосии кишвар дар ин бахшро ба он нисбат медиҳад, ки дар мамлакат шабакаҳои хосаи фурўши маҳсулоти кишоварзӣ вуҷуд надоранд. Ҳол он ки ҷаноби Партоев аз таҷрибаи кишварҳое чун Олмон, Ҳинд ва Ҳоланд меорад, ки дар ҳар як нуқтаи фурўши маҳсулот намояндаи фермерҳои бузург нафарони худро доранд ва маҳз онҳо ҳуқуқи фурўши маҳсулотро соҳибанд. "Дар ин гуна ҳолат ба вуҷуд омадани "дасти дуввуму сеюм" имконнопазир мегардад" мегўяд ў.

- Дар мо оид ба он ки худи деҳқон дар бозор нишинаду ба савдо машғул шавад, бисёр мегўянд. Бешак, агар худи деҳқон дар бозор шинаду маҳсулоташро фурўшад, кори  хуб аст. Вале деҳқони асил вақт надорад. Роҳи ҳалли паст кардани нархҳо дар бозорҳои шаҳр ин нест".

Ба гуфтаи Партоев, агар тасмими ҳукумати Тоҷикистон дар бораи аз бозорҳо берун кардани ба қавли мақомот "ҷаллобҳо" воқеият шавад, танҳо боис ба эҷоди мушкили наву кўҳна - афзоиш додани бекорӣ мусоидат намояду халос.

Яке аз муассисаҳое, ки ба сурати алтернативӣ барои нигаҳдориву эътидоли нархи маҳсулоти кишоварзӣ бояд баромад кунад, "Тоҷикматлубот" аст. Воқеан, дар мулоқоти ахири президент Раҳмон дар ноҳияи Данғара ин ташкилот низ мавриди интиқод қарор гирифт. Аммо раҳбарияти ин муассиса ба зудӣ дар бораи иқдомҳое хабар дод, ки боис ба гуфтугузорҳои ҷиддии таҳлилгарон гардид. Сухан дар бораи ба таври зуд таъсис додани забҳхонаи нав дар ноҳияи Рўдакӣ меравад, ки бо арзиши калон, аммо дар муддати хеле кўтоҳ бунёд шудааст. Иброҳими Гулов, муовини аввали директори "Тоҷикматлубот" мегўяд чунин бархўрди оҷили онҳо набояд боис ба баҳс бошад. "Муҳимтар ҳоло ин аст, ки ин забҳхона сохтаву ба истифода дода шуд ва барои коҳиши нархи гўшт мусоидат хоҳад кард" мутмаин аст ў.

Ба иттилои муовини раиси "Тоҷикматлубот" онҳо 11 корхонаи ҳамчунин дар ноҳияҳои гуногун дар ихтиёр доранд. Илова ба ин дар ихтиёри онҳо 111 бозор низ ҳаст. Бо ин ҳама ў мегўяд  танҳо ба идораи онҳо умед бастан барои коҳиши нархи маҳсулот дар бозорҳо имконпазир нест.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон, пас аз оҷилан таъсис додани забҳхона дар ноҳияи Рўдакӣ тахмин задан мумкин аст, ки бар иловаи таъсири бўҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон, дар Тоҷикистон имкони ба монополияи гурўҳҳои хос афтидани маҳсулоти ғизоӣ вуҷуд дорад.  Ин бошад барои боз ҳам афзоиш ёфтани қимматҳо дар Тоҷикистон мувофиқ хоҳад омад, мегўянд коршиносон.{jathumbnail off}

Ҷамила Мирбозхонова

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)