Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон шашликпазе дастгир шуд, ки самбӯсапазро ба қатл расонид.
Баҳси шашликчиву самбӯсапаз барои мизоҷон сурат гирифта буд. Шашликӣ тобистони соли гузашта рӯзи равшан дар дохили бозор миёни анбӯҳи мардум самбӯсапазро чанд корд зада, аз ҷойи ҳодиса пинҳон шуд. Аз он ки шашликпаз зодаи Ӯзбакистон буд, пулис гумон доштааст, ки ӯ ба ватанаш фирор кардааст. Аммо пулиси Ӯзбакистон қотилро дар зодгоҳаш пайдо накард. Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ пулис қотилро дар яке аз музофотҳои наздишаҳрии Алмаато дастгир мекунад. Қотил ба гуноҳаш пурра иқрор намудааст.
Мӯҳр