Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Санкт-Петербург рафт. Дар ин бора ба Озодагон Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ хабар дод.
Ба иттилои номбурда субҳи имрӯз ҳайтаи парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев барои иштирок дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ, кори комиссияҳои доимии он, инчунин чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Конгресси панҷуми байналмилалии экологии Нева ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар кард.
Дидори Маҳмадсаид Убайдуллоев аз шаҳри Санкт-Петербург дар доираи иштирок дар чорабиниҳои зикргардида аз 15 то 20 майи соли 2012 идома меёбад.
Мӯҳр