Додгоҳи Дания чор нафарро бо иттиҳоми қасди ҳуҷум бар дафтари кории рӯзномаи Jyllands Posten барои 12 сол равонаи зиндон кард.
Тибқи иттилои расонаҳо ин афрод қасд доштаанд, дар посух ба нашри карикатураҳои Муҳаммад паёмбар (С) дар соли 2005 кормандони рӯзномаи Jyllands Posten-ро ба қатл бирасонанд. Додгоҳ Мунир Авад, Умар Абдуллоҳ Абоилазм, Мунир Бин Муҳаммад Даҳрӣ ва Сабӣ Бин Муҳаммад Залутиро барои тасмими куштани ҳар чӣ бештари ғайримусулмонон муҷрим шинохтааст.
Мақомоти амниятии Швейсия ва Дания изҳор доштаанд, ки чанд моҳ боз ин нафаронро таҳти пайгард ва назорат қарор дода будаанд. Ин афрод дар Дания ба сар бурда, аммо зодагони Тунис, Миср ва Либиё будаанд. Пулис ҳанӯз соли 2010 онҳоро боздошт намуда, аз манозили зисташон миқдори зиёди аслиҳа ва дигар маводҳои ҷосусӣ пайдо намудааст.
Ёдовар мешавем, пештар додгоҳи Ослои Норвеҷиё низ 2 нафарро бо ҷурми омодагии таҳоҷум бар дафтари рӯзномаи Jyllands Posten равонаи зиндон намуд. Карикатураҳо ба паёмбари Ислом (С) соли 2005 аз сӯи рӯзномаи Jyllands Posten мунташир шуд ва баъдан чанд рӯзномаи дигари аврупоӣ онро бознашр кард. Ин ҳолат эътирозҳои шадидеро миёни мусалмонони дунё ба вуҷуд овард.
Мӯҳр