Дар вилояти Суғд як занро барои фурӯхтани фарзанди навзодаш дастгир кардаанд.
Аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба хабарнигори маҳаллии Озодагон иттилоъ доданд, ки ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шудааст, ки сокини 21 солаи ҷамоати Лоҳутии нохияи Конибодом Ф.Р. 6-уми июни соли равон дар таваллудхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фарзанди ҷинсаш мард таваллуд карда, 8-уми июн бо маслиҳати пешакӣ бо Р.Ф, сокини 47 солаи ноҳияи Конибодом ва Р.Р, сокини 33 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров навзодро ба сокини 22 солаи ҳамин ноҳия Ч.З ба маблағи 300 сомонӣ мефурӯшад.
Оид ба ин ҳодиса тибқи моддаи 167 қисми 2 (фурӯши ноболиғон)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр