Бахшҳо

Шӯрои ВАО дар Рашт. Мулоқот бо райиси ноҳия ва роҳбарону масъулин, намояндагони расонаҳои маҳаллӣ

«Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ва нақши Шўрои ВАО дар таъмини риояи онҳо».


Таҳти чунин унвон дар китобхонаи ноҳияи Рашт ҳамоиши омўзишӣ доир гардид.    Зумрад Лоиқова, зимни ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт, дар ин чорабинӣ роҳбарону намояндагони идораҳои корҳои дохилӣ , прокуратура, суд, амният, маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон, занон ва оила, ташкилоти минтақавии журналистӣ ва рўзноманигорони ноҳия иштирок намуданд.
Раиси Шўрои ВАО-и Тоҷикистон Зинатулло Исмоилов перомуни фаъолияти Шўро сухан ронда, изҳор намуд, ки ҳамоиши мазкур идомаи фаъолияти гуногунҷабҳаи Шўрои ВАО-и Тоҷикистон дар мавриди татбиқи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ мебошад. Аъзоёни Шўро- Иброҳим Усмонов ва Қироншо Шарифзода аз таърихи таъсиси ин ниҳоди худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ ва зарурати таҳияву қабули меъёрҳои ахлоқӣ изҳори назар карданд.   
-Доир намудани чунин чорабиниҳо, - изҳор дошт Зумрад Лоиқова, муовини раиси ноҳияи Рашт, -ба манфиати ҳам мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандист. Зеро маҳз дар чунин маҳфилҳо табодули назар роҷеъ ба муҳимтарин масоили ҷомеа имконпазир аст: « Аз ин хотир иқдоми Шўрои ВАО-и Тоҷикистон лоиқи дастгирӣ ва шоистаи пайравист».  
Маврид ба ёдоварист, ки раиси  ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии  Тоҷикистон Саидумрон Абдураҳмонов қабл аз баргузории ҳамойиш раиси Шўро ва аъзои раёсати онро ба ҳузур пазируфт. Масоили вобаста ба фаъолияти Шўрои воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ, масъулияти журналистон ва риояи одоби касбии нигорандагон, риояи тавозуни назарҳо дар навиштҳои журналистон ва ҳолати нашрияи маҳаллии «Оинаи Рашт» меҳвари гуфтугўҳо буд. Саидумрон Абдураҳмонов изҳор дошт, ки сафари роҳбарияти Шўрои ВАО-и Тоҷикистон ба минтақаи Рашт ва дидору гуфтугўҳо бо роҳбарону намояндагони мақомоти давлатии ҳокимияти иҷоияи ноҳия ва рўноманигорони минтақа барои ба вуҷуд овардани журналистикаи босифат ва масъулиятпеша аҳамияти калон дорад. Дар навбати худ намояндагони роҳбарияти Шўрои ВАО –и Тоҷикистон перомуни ҳадафҳои ин ниҳоди журналистӣ сухан ронда, изҳор доштанд, ки баргузории ҳамоишҳои омўзишӣ аз ҷумла дар ноҳияи Рашт барои тавзеҳи бештари нақши Шўрои ВАО ба ҷомеа нигаронида шудааст.
Бояд гуфт, Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВАОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.








Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)