Барандагони Бозиҳои олимпии Лондон-2012 аз шимоли мамлакат бо ҷоизаҳои пулӣ қадр мешаванд.
Аз хадамоти матбуотии райиси вилояти Суғд ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ахиран Қоҳир Расулзода ҷиҳати ҳавасманд намудани ғолибони олимпиадаи Лондон қарор «Дар бораи тадбирҳои ҳавасмандкунии ғолибони Бозиҳои XXX олимпӣ»-ро тасвиб кард.
Тибқи қарори мазкур, барои варзишгарони вилоят, ки медали тиллои олимпиро соҳиб мешаванд, 60 000 ҳазор сомонӣ дода мешавад. Ғолиби ҷои дуюм бо 40 000 ҳазор ва барандаи медали биринҷӣ бо 30 000 ҳазор сомонӣ қадр хоҳанд шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки аз вилояти Суғд танҳо як нафар роҳхати олимпиро дарёфт кардааст. Ҷаҳон Қурбонов дар намуди муштзанӣ шарафи Тоҷикистонро ҳимоя мекунад.
Мӯҳр