Як дона нон дар бозорҳои пойтахт аз аввали моҳи равон то имрӯз зиёда аз понздаҳ дарсад қиммат шуда, феълан аз рӯи маълумоти расмӣ ба ҳисоби миёна 1 сомонию 75 дирам арзиш дорад.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ин болоравӣ дар пайи афзоиши нархи гандум ва орд дар бозорҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст. Манбаъ таъкид кард, ки нархи як дона нон дар бозорҳои кишвар дар ҳамин давраи соли гузашта, яъне 4-уми сентябр 1 сомонию 45 дирам қиммат дошт. Ҳоло аз ҳама нархи гарон дар дӯконҳои нонфӯруши бозори «Деҳқон»-у «Саховат» ба назар мерасад, ки як дона нон 2 сомонӣ ба фӯруш гузошта шудааст.
Нархи аз ҳама арзони нон бошад, дар бозорҳои «Шоҳмансур»-у «Варзоб» мушоҳида шуд, ки ба 1 сомонию 50 дирам баробар мебошад.
Ёдрас менамоем, ки шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии раёсати Вазорати корҳои дохила эълон карда, ки нисбати тоҷироне ки беасос нархро баланд мебардоранд ва бе ҳуҷҷати лозима фаъолият мекунанд, парванда боз мекунад.
Мӯҳр