18 хонандаи мактаб дар ҷанубу ғарби Хитой бар асари обхезӣ ба ҳалокат расидаанд.
Хабаргузории «Синхуа» менависад, ҳодисаи мазкур дар музофоти Юннан ба вуқӯъ пайвастааст. Гуфта мешавад, дар пайи обхезӣ ҳамчунин як сокини маҳаллӣ ҳам ҷони худро аз даст додааст. Ҳоло рушан нест, ки хонандаҳо ҳангоми обхезӣ дар дохили мактаб қарор доштаанд ё дар саҳни ҳавлии он.
Бино ба иттилои «Синхуа» 7-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҳамин маҳалла заминларзаи шадид сабаби марги 81 нафар шуд. Наздики ҳазор кас ҷароҳат бардошта ва зиёда аз ду ҳазори дигар бесарпаноҳ монда буданд.
Мӯҳр