Бахшҳо

Шӯрои МН: Доираи салоҳияти мақомот ва шахсони ваколатдор васеъ мегардад

Таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар дар нишаст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» муҳокима шуд. Раиси кумита оид ба масъалаҳои агарарӣ ва экология Саиди Ёқубзод вобаста ба ин масъала суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки лоиҳаи  қонун «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» дар таҳрири нав бо мақсади такмил додани қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мутобиқ сохтани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон» ва қонунгузории байналмилалӣ таҳия гардидааст.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҷиҳати иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», ки бо фармони президент аз 3 январи соли 2011 тасдиқ ва бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия карда шудааст, баррасӣ намуданд. Таъкид шуд, ки лоиҳаи Кодекси мазкур дар заминаи қисми мурофиавии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фаслҳои 3 ва 4) таҳия гардида, вобаста ба масъалаҳои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ такмил дода шудаанд.

Зимнан, тазаккур дода шуд, ки тибқи лоиҳаи ин Кодекс, доираи мақомот ва шахсони ваколатдор васеъ гардида, дар баробари ин ваколати онҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат ва субъектҳои соҳибкорию хоҷагидорӣ мушаххас ва соддаю шаффоф гардонида шудааст.Дар лоиҳа тартиби ба истеҳсол қабул намудани парванда барои пешбурд, тартиби баррасӣ, шикоят намудан ба мақомоти болоӣ ва ё шахсони мансабдори болоӣ, аз ҷумла ба коллегияҳои судии судҳои болоӣ аз боли қарорҳои қабулгадида, тартиби иҷрои санадҳои қабулгардида ва дигар масъалаҳо ба таври васеъ дақиқу мушаххас пешбинӣ карда шудаанд.

Тибқи лоиҳаи нав, таҷрибаи солҳои тӯлонӣ ба баррасии такрорӣ ба судҳо ва мақомотҳои поёнӣ ирсол намудани парвандаҳо аз байн рафта, масъулияти судҳо ва мақомотҳои дигари давлатӣ зимни қабули санадҳо баланд гардида, такроран гузаронидани мурофиаҳои судӣ ва даъват намудани иштирокчиёни мурофиа низ кам мегардад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)