Сардухтури беморхонаи касалиҳои асаб дар пайи як сониҳаи нақлиётӣ ҷони худро аз даст дод.
Ронандаи автомобили тамғаи «Опел-Астра», Файзалӣ Тӯрамуродови 59-сола аснои ҳаракат аз маркази ноҳияи Ёвон ба самти корхонаи «Тоҷиккимиё» чархи пеши мошинаш аз кор баромадааст. Зимнан, мошини пизишк аз роҳ баромада, ба симчӯб бармехӯрад. Тӯрамуродов аз зарбаи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, пас аз интиқол ёфтанаш ба беморхона ба ҳалокат расид.
Мӯҳр