Бахшҳо
20 июн 2011 10:55Рӯ ба рӯ

Шариф Раҳимзода: Ҳоло тақрибан 18 ҳазор сомонӣ дар ҳисоби бонкӣ дорам

Шариф Раҳимзода: Ташаккур ба хабаргузории «Озодагон» ва ҳамаи онҳое, ки ба масъалаҳои бонку бонкдорӣ ва муносибатҳои пулӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, саволҳои худро фиристодаанд.

Бовар дорам, ки чунин мусоҳибаҳо донишу фаҳмиши моро оиди ин мавзӯъҳо тақвият мебахшад. Акнун, шурӯъ мекунем ба ҷавоби саволҳо.

Аз хабаргузории  “Озодагон”:  Ба таваҷҷӯҳи истифодабарандагони маводи сомона мерасонем, ки лаҳни (тарзи пешниҳоди) суолҳои шумо тағйир дода нашудааст. Ва инак
посухҳои райиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ба суолҳои дарёфтшуда: курби асъор


Суолдиҳанда: Мухаммад ,

Аввало салом ба сомонаи Озодагон баъдан ба Раиси мухтарам. Ман як донишчуи курси сеюми Донишгохи Аграри аз Шумо пурсиданиям, ки чаро курби асъори хоричи боло рафта истодааст ва боло шудани асори хоричи ба бозори Душанбе чи дахолат дорад, ки нарху навои бозор хам баланд шуда истодааст...

-Ба ин савол пурратар ҷавоб медиҳам, зеро бисёре аз саволҳои поёнӣ низ ба ҳамин савол монанданд.
Тавре маълум аст, аз аввали соли
ҷорӣ болоравии нархи маводҳои воридшаванда, хусусан сузишворӣ ва орду гандум дар бозори ҷаҳонӣ, ворид кардани пардохтҳои гумрукии иловагӣ аз ҷониби Русия ва хушксолии беназир дар кишварамон тайи 50 соли охир  боиси болоравии нархҳо дар бозори дохилӣ гардид. Масалан, ба санаи 1 майи соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта нархи воридотии маҳсулотҳои нафтӣ 59 фоиз, орд 66 фоиз, гандум 111 фоиз зиёд шудааст. Вобаста ба ин, талабот ба доллари америкоӣ низ зиёд мешавад, зеро тоҷирони мо ҳоло барои хариди ҳамон ҳаҷми маҳсулот аз беруни кишвар 1,5 – 2 баробар зиёдтар доллар медиҳанд. Масалан, моҳҳои январ-апрели соли гузашта  ба кишвари мо 101263,2 тонна гандум бо нархи 14,48 млн. доллар ворид шуда буд, имсол бошад, дар ҳамин давра 101323,2 тонна гандум бо нархи 30,54 млн.доллар ворид шудааст. Тавре мебинем, ҳаҷми мол қариб тағйир наёфта, хароҷоти доллар барои он ду баробар афзудааст. Ҳамин гуна мисолҳоро дар мавриди харидории орд, сӯзишворӣ ва маҳсулотҳои дигари воридотӣ овардан мумкин аст.

Боло рафтани нархи маҳсулотҳои воридотӣ талабот ба доллар ва қурби онро зиёд мекунад, зеро доллар низ мисли дигар маҳсулотҳо мол буда, қурби он аз талаботу пешниҳод вобаста аст. Аз аввали сол то имрӯз барои яку якбора поён нарафтани курби пули миллӣ Бонки миллӣ зиёда аз 30 млн. долларро ба воситаи нуқтаҳои мубодилаи асъору бонкҳо ба бозор баровардааст. Вале, Бонки миллӣ наметавонад инро беохир давом диҳад, зеро ин ба манфиати воридкунандагони мол бошад ҳам, ба зарари молистеҳсолкунандагони дохилӣ аст.  Илова ба он, дар ҳолати пешбурди чунин сиёсат давлат метавонад захираҳои асъории худро пурра аз даст диҳад.

Боло рафтани нархи маҳсулотҳои воридотӣ ва бетағйир нигоҳ доштани қурби пул маънои аз ҳисоби буҷет пардохт намудани қисми нархи маҳсулоти воридшавандаро дорад, ки ин дар навбати худ ба манфиати воридкунандагон, вале ба зарари иқтисодиёту буҷет мебошад.

Бинобар ин, дар тамоми дунё, аз он ҷумла ШМА, бо роҳи поин бурдани курби пули худ кишварҳо молистеҳсолкунандагони дохилиашонро дастгирӣ мекунанд. Молистеҳсолкунандагони дохилӣ бошанд, онҳоеанд, ки ҷойҳои нави корӣ ташкил дода, намегузоранд, ки кишварашон аз давлатҳои хориҷӣ вобаста бошад.

Дар бораи вобастагии нарху наво аз қурби осъори хориҷӣ гуфтаниам, ки ин вобастагӣ бисёр ночиз аст. Масалан, соли 2009 қурби доллар 27 фоиз боло рафт, вале нарху наво ҳамагӣ 5 фоиз тағйир ёфту халос. Соли 2010 бошад, қурби доллар бетағйир буд, вале нархҳо қариб 10 фоиз боло рафтанд. Ҳамон тавре дар боло қайд кардам, имсол болоравии нархҳои дохилӣ аз истифодаи боҷҳои иловагии гумрукӣ дар Русияю болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва хушксолии бемисл вобаста аст. Худо хоҳад, ин рӯзҳои имтиҳонӣ низ мегузаранд.

Хушбахтона, ду ҳафтаи охир нархҳои хӯрокӣ (картошка – 13 %, пиёз – 5 %, сабзӣ - 7 %, гандум- 3,5 %, нон – 2,6 %, гӯшти гов – 2,5 % ва ғайра)  поён рафта истодаанд.


47 миллион доллар
Суолдиҳанда: Ахмадшох Масъуд ,

Мухтарам Шариф Махсумович! Салому паём ба Шумо арз мекунам ва ин суолро мехостам, чавобашро аз шумо пурсам: Алимардонов Муродали худуди 47 миллион доллари ба хочагихои кишоварзи нигаронидашударо ба кавле "обу лой" карда буд. Оё ин маблагхо пурра баркарор шуданд, ё хайр? Ташаккур!

- Бародари азиз. Он вақт гап дар бораи 47 млн.долларе мерафт, ки Бонки миллӣ аз Хазинаи байналмилалии асъор қарз гирифта буд ва бояд бармегардонд. Ин қарз пеш аз мӯҳлат баргардонида шуд. Дар ҳақиқат, Бонки миллӣ аз бонкҳои хориҷӣ низ қарз гирифта, ба кишоварзон дода буд, ки баъдан ин қарзҳо аз ҷониби Ҳукумат бахшида шуданд. Қисме аз қарзҳо бевосита ба хоҷагии “Баракат”, ки ба ҳамдеҳагони ҷаноби Алимардон тааллуқ дорад, дода шуда буд ва онҳо мутобиқи ҷадвали имзошуда баргашта истодаанд. Бояд қайд намоям, ки ин хоҷагиест, ки нисбати дигар соҳибкорон-фючеристон хубтару беҳтар ӯҳдадориҳои худро иҷро карда истодааст.  Фючеристҳое ҳастанд, ки даҳҳо млн. доллар қарздоранд, вале на қарз мегардонанду на сӯи Бонки миллӣ меоянд.

Албатта, ман мехостам, ки қарзҳо тезтару пурратар баргарданд.


ба саволхои ман посух гуед
Суолдиҳанда: Одилчон ,

Салом ба Раиси мухтарам. Ман муалими Донишгохи миллии Точикистон аз Шумо хохиш дорам ки ба саволхои ман посух гуед.

1. Чаро музди маоши муаллимон кам аст.

2. Чаро нарху навои бозори имруза руз ба руз боло рафта истодааст.
3. Курби асор сабаби боларавиаш дар чи аст.

4. Мачмуи махсулоти дохили аз кадом хисоб зиед карда мешавад.
5. Барои чи кризис нав ба мо таъсир кард.

6. Чаро пеши рохи болоравии нарххо гирифта намешаванд аз он чумла маводи сузишвори ва г.

-  Ташаккур Одилҷон барои саволҳо.

-1)  Ман низ чун муаллими пешини донишгоҳ фикр мекунам, ки бояд маоши баландтарин ба муаллимон дода шавад, зеро онҳо тарбиятгари насли ояндаю мутахассисони зарурӣ мебошанд, вале ҳоло камии буҷет ба ин имкон намедиҳад.

-2)ва 3) Ба ин саволҳо дар боло ҷавоб гуфтам.

Бо вуҷуди ин гуфтаниам, ки имрӯзҳо болоравии нархҳо касали умумиҷаҳонӣ аст. Дар кишварҳои дигар низ нархҳо боло рафтаанд. Фақат қисме аз ҳамсояҳои мо чунин факту рақамҳоро чоп намекунанд, дар қисми дигар нархҳо аз бозори мо дида болотаранд. Дар ватани мо, ки қисми асосии сандуқи истеъмолиро (58 фоиз) маводи ғизоӣ ташкил медиҳад, ин бештар намоён аст, дар кишварҳое, ки ҳиссаи он дар сандуқи истеъмолӣ кам аст (масалан, Франсия 10 фоиз) тағйири нархи маводи ғизоӣ ба сатҳи таваррум ноаён аст.

-4) Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аз ҳисоби бештар истеҳсол кардани маҳсулоту хизматрасонӣ, сохтмону соҳаҳои дигар зиёд мегардад. Хушбахтона, новобаста аз бӯҳрону масъалаҳои дигар ММД-и Тоҷикистон ҳар сол зиёд шуда истодааст. Масалан, дар     5 моҳи соли ҷорӣ зиёдшавии он 6,4 фоизро ташкил намуд. Вале, бо суръати баланд зиёд шудани шумораи аҳолӣ таъсири мусбии ин нишондиҳандаро қариб, ки ба нестӣ мебарад. Сатҳи зиндагии мардум ҳамон вақт хуб мешавад, ки агар ММД ба ҳар сари аҳолӣ зиёд шавад. Дар кишвари мо бошад, ММД зиёд мешавад, вале баробари он шумораи аҳолӣ низ меафзояд, аз ин рӯ, зиёдшавии он ба ҳар сари аҳолӣ ночиз аст. Дар кишварҳои авропоӣ ё америкоӣ ММД 2-3 фоиз афзоиш ёбад ҳам, ба ҳамин дараҷа сатҳи зиндагии мардум хуб мешавад. Албатта, кишварҳое низ ҳастанд, ки дар онҳо ҳам аҳолӣ зиёд мешаваду ҳам нишондиҳандаи ММД ба сари аҳолӣ. Масалан, қисме аз мамлакатҳои араб онро аз ҳисоби нафти бе дарди миён ба дастомада таъмин мекунанд. Вале, бовар дорам, ки бо ҳал шудани проблемаи норасоии сӯзишворӣ ва гузариш ба истифодаи дигар намудҳои сӯзишворӣ, ин кишварҳо давоми чанд сол ба қафо мераванд.

-5) Ин таъсири бӯҳрон ба ифтисодиёти мо нест. Ин таъсири хушксолӣ, вориди гумрукпулӣ аз ҷониби Русия ва болоравии нархҳои ҷаҳонист, ки мо онро худо хоҳад паси сар мекунем. Дар боло ин масъаларо баррасӣ карда будем.

-6) Болотар изҳор карда будам, ки пешгирии болоравии нархҳо маънои ба ҷойи молворидкунандагон аз ҳисоби буҷет ё ҳамаи андозсупорандагон додани қисми нархи маҳсулоти воридшаванда ва номуфид кардани истеҳсоли бисёр намуди маҳсулотҳо дар дохили кишвар аст. Аз тарафи дигар, агар мо ба хотири бетағйир нигоҳ доштани қурби пул захираҳои асъории худро аз даст диҳем, оянда мумкин ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шавем.  Оқибати ин амал дар Белоруссия рух дод. Онҳо даҳҳо млрд. доллар қарз гирифта, қурби пулашонро бо роҳи сунъӣ бетағйир нигоҳ доштанд, вале вақте, ки чанде пеш  ба онҳо қарзи навбатиро надоданд, яку якбора (25 май соли ҷорӣ) қурби пулашон 56 фоиз поён рафт ва мардумро воҳима пахш кард ва ҳар молу ашёе, ки дар мағозаҳо мавҷуд буд, харидорӣ карданд. Худо аз чунин рӯз мардуми моро эмин нигоҳ дорад.


курби сомони
Суолдиҳанда: Мубориз ,

Салом мухтарам Раис! Рости пештар ба Шумо эътимоди кави доштам ва боварии комил доштам, ки зери сарварии Шумо низоми пулии кишвар комат рост карда "бечораи сомони" охи сабук мекашад. Аммо афсус, имрузхо чун мушохида мешавад, курби пули сомони беист ба поён фаромада истодааст. Агар ин хел рафтан гирад, намедонам холи мо мардуми бечора чи мешуда бошад??? Сабаб дар чи аст? Чи бояд кард? Шахсан худи Шумо чи накшахо доред барои нигох доштани курби пули милли??? Агар ин вазифаи Бонки милли нест, пас вазифаи кист??? Каблан сипосгузорам барои чавобхоятон!

- Фикр мекунам, ки ба ин саволҳо дар боло ҷавоб гуфтам. Харидору фурӯшанда дар бозор вобаста ба талаботу пешниҳод нархи молҳо, аз он ҷумла долларро муайян мекунанд. Мувофиқи талаботи қонун мо ҳуқуқи дахолати бевосита ба бозорро надорем. Яъне, агар худи шумо долларҳоятонро фурухтанӣ бошед, мо наметавонем шуморо маҷбур кунем, ки онҳоро бо нархи пешниҳодкардаи мо фурӯшед. Шумо низ дар ин кор ба мо гӯш намекунед, зеро ин ба манфиататон нест. Мардуми ба гуфти шумо “бечора” доллар надорад ва агар аз ҳисоби муҳоҷирону фурӯши маҳсулот маблағе дошта бошад, яқин аст, ки мехоҳад онро қиматтар фурӯшад. Фақат воридкунандагони мол ба қурби пасти доллар манфиатдоранд. Тавре дар боло қайд шуд, Бонки миллӣ аз ҳисоби захираҳояш аллакай зиёда аз 30 млн.долларро ба савдо баровард ва хушбахтона, имрӯзҳо қурби сомонӣ ба эътидол омадааст.


химояи пули милли
Суолдиҳанда: салом раис ,

бонки милли барои химояи пули милли алъон чи кадар тилло дорад?

- Захираҳои байнамилалии бонк зиёда аз 700 млн. долларро ташкил медиҳанд, ки қисми зиёди онҳо дар шакли тилло мебошад ва ҳар вақте бонк зарур шуморад, қисми зарурии асъори доштаашро ба тилло иваз мекунад. Имрӯзҳо доштани миқдори муайяни тилло ба болою поён рафтани нархи он вобаста аст.


пул
Суолдиҳанда: пулдор ,

Салом мухтарам Шарифзода, лутфан мегуфтед, ки дар шароити имрузаи Точикистон пул чоп карда, онро дар гардиш карор дода, дар натичаи гардиши пул ва мол вазъи таъмини иктисодиёт бо пулро бехтар кардан имкон дорад ё не? Агар ха, пас чаро ба чопи пул даст намезанед? оё метарсед, ки аз вазифа меронанд? Ба хар хол агар аз мансаб равед хам бо кори хайре ки мекунед мардум Шуморо ба неки ёд мекунанд. Агар не, пас чи кор бояд кард то сатхи бо пул таъмин будани иктисодиёт бехтар шавад? Чи пешниходхо доред?

- Бо чопи бемеъёри пул дастгирӣ кардани иқтисодиёт хоси иқтисоди планӣ буд, зеро он ба қурби пул таъсир расонида наметавонист. Масалан, дар СССР қурби пул муайян шуда буд ва касе наметавонист онро дигар кунад. Инчунин, касе ҳуқуқи доштани асъорҳои дигарро надошт. Барои истифодаи асъори хориҷӣ, ҳатто дар ҷайби худ нигоҳ доштани он одамонро ҳабс мекарданд. Чунин тартиби давлатдорию идоракунии иқтисод то тамомшавии захираҳои мавҷуда идома мекунад. Баъдан маҷбур мешавед, ки поятонро вобаста ба андозаи курпа дароз кунед.

Дар шароити имрӯза аз меъёр зиёд баровардани пул боиси болоравии нархҳо ва беқуршавии пул мегардад. Мо ҳама вақт миқдори зарурии пули чопшударо дар ихтиёр дорем, вале онро танҳо дар асоси барномаи муайяни бо Ҳукумат мувофиқашуда, ба муомилот мебарорем.


рибо
Суолдиҳанда: мусулмон ,

Салом акаи Рахимзода,

Ман дар бораи фаъолияти бонкхои исломи пурсидани будам, ки чаро дар Точикистон ичозаи фаъолият надоранд? Оё рост аст, ки сохибони бонкхо махсус ичозат намедиханд, ки бонки исломи дар Точикистон фаъолият кунад, ба хотири он ки бизнеси "судхурии" бонкдорони мо касод мешавад. Ва ё дигар сабабхо хам хаст, ки бонки исломи кушода намешавад?

- Ба роҳ мондани фаъолияти бонкҳои исломӣ дар мамлакат кори осон нест ва каме вайрон кардани қоидаҳои шариат дар бонкдорӣ метавонад боиси беэътимодии саҳмдорони он гардад. Дар Бонки миллӣ гурӯҳи махсус бо дастгирии Бонки исломии рушд (ш.Ҷидда, Арабистони Саудӣ) ва Бонки марказии Малайзия ба омодасозии лоиҳаи қонуни махсус ва ҷорӣ кардани ин намуди бонкдорӣ машғуланд. Худо хоҳад, натиҷаҳои онро хоҳем дид.


Бонкхои хароб кунандаи Миллат !
Суолдиҳанда: Zuhur ,

1) Ман дар бораи фаъолияти бонкхои исломи пурсидани будам, ки чаро дар Точикистон ичозаи фаъолият надоранд? Оё рост аст, ки сохибони бонкхо махсус ичозат намедиханд, ки бонки исломи дар Точикистон фаъолият кунад ки бе Фоиз бе Суд кор мекунанд ки ин ба манфиати Халкамон аст , ба хотири он ки бизнеси "судхурии" бонкдорони мо касод мешавад. Ва ё дигар сабабхо хам хаст, ки бонки исломи кушода намешавад?

2) Барои чи Шумо ичазат намедихед ки Бонкхои Аврупои дар Чумхурии Мо кор ва фаъолият кунанд ки Карзи кам Фоиза 1% - 0,50% кор мекунанд чой намедихед ки ин Бонкхои Чумхури Мо шумо бо фоизхои баланди аз 3% то 25% Мохона Солона ва дар вакти Карз гирифтан боз маблаг меситонанд хамаро хона хароб кардаанд. бонки исломи дар Точикистон фаъолият кунад ки бе Фоиз бе Суд кор мекунанд ки ин ба манфиати Халкамон аст .

- 1)Дар Тоҷикистон бонкҳои аврупоӣ, ба монанди Аксесбонк ва Аввалин бонки маблағгузории хурд фаъолият мекунанд, вале фоизҳои онҳо аз фоизҳои бонкҳои маҳаллӣ болотар аст, зеро мақсади ташкили бонк новобаста аз он, ки куҷоист, гирифтани фоидаи барзиёд мебошад. Мо интизори муроҷиати ташкилкунандагони бонкҳои нав аз Аврупоем.. Агар яке аз онҳо шумо бошед, марҳамат муроҷиат намоед.

- 2)Оид ба бонкҳои исломӣ. Мо дар ин самт кор карда истодаем ва дар ин бора болотар иттилоъ дода будем.


Суолдиҳанда: Air ,

Чаро арзиши доллар дар бахши тичоратиро наззорат намекунед? Барои мисол, агар як билети хавопайморо ба сад доллар харидан хохед, бояд биравед ва сад долларатонро ба арзиши масалан 400 сомони иваз мекунед ва сипас бар он 10 сомонии дигар зам карда, билети хавопаймо мехаред, зеро онро бо сомони, аммо бо арзиши хариди кучагии доллар мефурушанд.
Е ин ки бисере аз созмонхои байнулмилал, сафоратхо ва СММ то чи андоза хак доранд, ки арзиши долларро худашон муайян намоянд?

- Бародар, ман вазъи шуморо мефаҳмам, вале бори дигар таъкид мекунам, ки касе, аз он ҷумла мо низ, ҳуқуқ надорем, доллардорро маҷбур кунем, ки онро бо нархи дилхоҳи мо фурӯшад. Ин ҳуқуқи соҳиби доллар аст. Агар фишор оварем, онҳо долларҳояшонро ба Тоҷикистон намеоранд.


Курби долар бе мани
Суолдиҳанда: Парвиз ,

Салом чаноби Рахимзода, барои чи да БМТ курси долар дигар асту дар бозор дигар, зеро мо бо долар карз мегирем, бонкхо бо курси бонк медиханду бо курси бозор кабул мекунанд.

- Бонки миллӣ мутобиқи қонун қурби долларро танҳо барои баҳисобгирӣ дар тавозун муайян мекунад. Муносибати шумо бо бонкро шартнома муайян менамояд, ки бо розигии тарафайн баста мешавад.


Олмон ва Точикистон

Суолдиҳанда: Комилчон Чураев ,

мухтарам Шариф Махсумович,

Ман Комилчон Чураев хастам намояндаи тичоратии Точикистон дар Олмон ва суолхои ман чунинанд.

  1. 1. чаро пулхои миллие, ки шумо омода кардед ин кадар сифати паст доранд?
  2. 2. чаро дар Аврупо, махсусан дар Олмони мо, курби евро устувор хасту шумо ба ном мутахассисони бонки аз ухдаи нигохдории сатхи муайяни он намебароед?
  3. 3. агар шумо дар оянда низ хамин гуна камфаъолиро нишон дода, аз ухдаи кори давлатии худ набаромадан гиред, ое чойро барои мо барин мутахассисхои сатхи Аврупо холи мекунед?
  4. 4. боки саломату сарбаланд бошед.

-1) Мо пулҳои миллии худро дар ҳамон кишваре чоп кардаем, ки Шумо ҳоло фаъолият доред. Немисҳо ё худ олмониҳо бо сифати баланди кору маҳсулоташон дар дунё обрӯю эътибор ба даст овардаанд. Сифати пулҳои мо беҳтарин аст. Азбаски муомилоти мо аслан нақдӣ буда, қисми зиёди пулҳо ба бонкҳо барнамегардад, иваз намудани онҳо ғайри имкон аст. Агар мӯҳлати истифодаи пулҳои хурди аврупоӣ 1,5 – 2 сол бошад, бо баҳисобгирии муносибати бад ба пули милии тоҷикӣ мӯҳлати истифодаи пулҳои мо бояд 1 сол бошад, вале пулҳое ҳастанд, ки 10 соли охир дар муомилотанд ва онҳоро баргардонидан мушкил аст. Мо бо воситаи чорабиниҳои махсус қисме аз пулҳои фарсударо аз муомилот гирифтем ва ин корро давом медиҳем, Комил-ака.

-2) Ман зиёда аз 5 сол дар Аврупо ҳамчун сафир кор карда, худро аврупоӣ гуфта натавонистам, шумо бо чанд муддати намояндаи тиҷоратӣ кор карданатон аллакай худро олмонӣ ва мутахассиси сатҳи аврупоӣ эълон кардед. Табрик ва офарин ба хоксориатон, бародар Комилҷон.

-3)Дар бораи устувории қурби евро. Қурби евро устувор нест ва Шумо инро намедонед, барои он, ки бо асъорҳои дигар кор намекунед. Масалан, қурби евро 5 майи соли ҷорӣ 1,484 доллар буд, субҳи 14 июн бошад, он то 1,4376 доллар ё 3 фоиз поён рафт. Дар ҳамин давра қурби сомонӣ дар Тоҷикистони мо низ тақрибан 3 фоиз поён рафтааст. Ба фикрам, дигар зарурате ба шарҳ нест.

-4)Мутахассисро ба ин вазифа Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар таъин мекунанд. Агар Шумо ба худ боварӣ дореду раиси Бонки миллӣ шуданиед, пас исбот кунед, ки сазовор ҳастед, ақаллан бо роҳи навиштани фикру ақидаҳоятон дар матбуот. То ҳол, ман шуморо ҳамчун иқтисодчӣ намешиносам, мақолаҳои илмию умумиатонро дар ягон ҷо нахондаам. Надидаам, ки дар ягон муҳосиба мавқеи худро ҳимоя карда бошед. Ба ҳар ҳол, ба шумо барор мехоҳам ва донед, ки мутахассиси асил ҳеҷ гоҳ худро таъриф намекунад. Бузургон гуфтаанд: ҳар қадар бисёр донӣ, медонӣ, ки намедонӣ. Агар мабодо, ба Тоҷикистони мо омадӣ, аз мардуми одии мо бипурс, маънояшро мефаҳмонанд.


Барои чи !!! ??? .....
Суолдиҳанда: Safar ,

1) Барои чи халк дигар ба Бонкхои мо - точики эътимод надоранд ва дар хоричи кишвар маблагхои худро захира мекунанд?

2) Ва барои чи дигар халки мо аз бонкхо карз намегиранд?
Хамин аст паст равии сатхи зиндагии ва бекориро эчод мекунед, сунъи . барое ки ягон точир ва ягон шахрванди зираку кордони Точикистони намехохад ва метарсад, ки корхонае ва коргохе ташкил кунанд ва ё заминеро бакор дароранд, ки мабодо дар таги карз монда танхо ба бонкхо ва кисаи муфтхурхо ва рибохурхо кор кунанд! бо хамин сабаб хамаи чавонон бе чои кор монда ба мухочират рафта тамоми куваи коргари Халки Точик дар дигар шахру Давлатхо кор карда ободон карда истодаанд! (мо ин кадар чойхои кори таъмин кардаем барои Чавонон бо маоши 1,20 -1,50 сом ) хайф. !!!

-1) Аксари мардуми Тоҷикистон маблағҳои доштаи худро дар бонкҳои Тоҷикистон нигоҳ медоранд. Танҳо чанд нафар маблағҳои бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба дастовардаашонро аз тарси сохторҳои қудратӣ дар хориҷ нигоҳ медоранд. Ба диққати Шумо мерасонам, ки пасандозҳои аҳолӣ ҳар сол зиёда аз 30 фоиз зиёд шуда истодаанд.

-2) Бародар, мумкин Шумо қарз намегиред ва ё ба Шумо қарз намедиҳанд. Дигарон қарзҳоро гирифта истодаанд. Барои мисол, дар 5 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22 фоиз афзудааст.


пул ва сахмия
Суолдиҳанда: Илхом ,

Салом, раис буво!
1. Курби пули сомони поён шавад, яъне 100 доллар 500 сомон ё 550 сомон шавад, ин ба манфиати хукумат аст?

2.Точикистон чи кадар ва аз кадом созмон ва давлатхо каздор аст? ва ин маблагхоро чи хел бармегардонад?

3.Ман сахмияи Рогунро мачбури харидам, холо мехохам фурушам, вале касе пайдо нашуда истодааст, ки 500 сомони, хатто ба 250 сомони сахмияи Рогунро харад, оё ягон бонк мехарад?
4. Агар курби пули милли паст шудан гирад сахмияи мо харида чи мешавад?

1) Не, ин ба манфиати ҳукумат нест, зеро фаъолнокии иқтисодиёт суст мегардад ва вобаста ба он ҳаҷми воқеии маблағҳои ба буҷет воридшаванда кам мегарданд. Вале вақте, ки нархҳои маҳсулотҳои воридотӣ зиёд мегардаду талабот ба доллар боло меравад бозор нарх ё қурби онро низ боло мебарад. Долларфурӯшон аз бензинфурӯшон қафо мондан намехоҳанд.

2) Бародар, ин  саволҳо (2-3-4) ба Вазорати молия дахл доранд. Ман низ мисли шумо ва ҳамчун як фарди тоҷик саҳмия харидаам ва бовар дорам, ки ҳам Роғунро месозему ҳам фахр аз он хоҳем кард, ки ба қадри ночиз ҳам бошад дар сохтмони он саҳм гузоштаем.


АДОЛАТИСТОН
Суолдиҳанда: АДОЛАТХОХ ,

Салом, Раиси мухтарам. Тарики кабул барои кор дар Бонки Милли чи хел аст? Тарики озмун ё "бо хар роху восита"?

- Идораҳое ҳастанд, ки кормандонашон бо роҳи санҷиши дохилӣ қабул карда мешаванд, масалан, кормандони идораи амният, муносибатҳои байнал-милалӣ ва кор дар бозори озод. Ба ин идораҳо кормандони таҷрибадор ва малакаи муайяндошта бо таври санҷиш қабул мешаванд. Кормандони идораҳое, ки фаъолият дар онҳо малакаи махсусро талаб намекунад бо роҳи озмун қабул карда мешаванд. Масалан, ба наздикӣ озмун барои қабули корманди Хадамоти матбуот шуда гузашт ва ғолиб интихоб гардид. Ҳоло, озмун барои қабули кормандон оид ба бехатарии сӯхтор ва мудофиаи гражданӣ ва тарҷумони тоҷикӣ-русӣ эълон шудааст.


Оиди пули милли
Суолдиҳанда: Сиёвуш ,

Салом раиси мухтарам!Ман фикр мекунам руи пуле,ки курби паст дораду дар бозор мардум асосан барои хариди хурок аз руи эхтиёч кам-кам асъори худро иваз мекунанд чоп кардани акси бузургоне ки ба кавли русхо"визитная карточка"-и точикон аст ва умуман баровардани пул оё шитобкори набуд? Рости пули миллия ба даст гирифта ягон хиссиёте монанди фахр хис намекуни.Точикистон барои пули худро доштан базаи мустахками иктисоди надошт ва то имруз надорад,шумо чи фикр доред?

- Қабл аз ҳама, бояд изҳор намоям, ки пули миллии мо қурби паст надорад. Қурби онро метавонед ба қурби сӯми узбекӣ, соми қирғизӣ, манати туркменӣ, танга, рубли рӯсӣ, рубли белоруссӣ ва ғайра муқоиса кунед. Дар бозор қабул кардан ё накардани пули мо аз ҳисси ватандорию ватандӯстии ҳар шахс вобаста аст, на аз пастравии қурби он. Як доллар тақрибан ба 2500 сӯми узбекӣ баробар аст, вале дар он кишвар ҳама ё ихтиёрӣ ё маҷбурӣ ин пулро истифода мекунанд.

-Баровардани пул бошад, ба шитобкорӣ алоқамандие надорад, зеро мамлакати соҳибистиқлол хоҳу нохоҳ бояд пули миллии худро дошта бошад.

- Ҳис кардан ё дарки фахр ҳангоми ба даст гирифтани пули миллӣ аз ҷаҳони дохилии шахс вобаста аст, агар ҳисси миллӣ надошта бошӣ, бо дидани нишону байрақи давлат низ он пайдо намешавад. Агар шумо ҳангоми ба даст гирифтани рубли русӣ фахр кунед, пас бояд донед, ки қурби он соли 2009 якбора 56 фоиз поён рафт ва фикр намекунам, ки ягон рус ҳиссиёти миллиашро гум кард.

- Доштани пули миллӣ аз заминаи иқтисодӣ низ вобаста нест, қурби он метавонад аз ин вобаста бошад. Агар баъди мустақил шудан мамлакат то имрӯз он пули миллии худро намедошт, пас ҳамчун пул чиро истифода мекард? Агар пули хориҷиеро истифода мекардем, пас қисман барои он давлату миллат кор мекардем. Бинобар ин, ин масъалаҳоро хубтар омӯхта, баъд ба баҳс ворид шудан лозим.


Суол ба окои райис
Суолдиҳанда: Мухаммади Мубориз ,

Мардак барин гуфта метавонед, ки чи кадар пасандоз дар бонкхо ва чи кадар дар хона доред?

- Кормандони бонкҳо пулҳояшонро дар хона нигоҳ намедоранд. Маоши кормандон, аз он ҷумла Раис, рост ба ҳисоби бонкӣ гузаронида шуда бо воситаи корти бонкӣ истифода мешавад. Азбаски мо ба хориҷа бисёр сафар мекунем, корти бонкӣ беҳтарин ва самараноктарин роҳи нигоҳдошт ва истифодаи пул аст.  Ҳоло дар ҳисоби бонкиам тақрибан 18 ҳазор сомонӣ дорам.


Суолдиҳанда: Нишонрас ,

Cалом. Оё дуруст аст, ки болоравии курби доллар дар Точикистон ба ду ва ё се нафар мансабдори давлати (ЧИНОВНИКХО) таълук дорад? Яъне пасту баланд шудани курби доллар аз тичорати оилавии онхо (монополя карданд хама чоро) вобаста аст, не? Омилхои дигарашро дар нишастхои хабари аз Шумо фахмидааем.

- Барои бозоре, ки дар он ҳарсола зиёда аз 5 млрд. доллар ва асъори дигари хориҷӣ гардиш мекунад, тиҷорати 2-3 нафар ночиз аст ва наметавонад таъсире дошта бошад. Аз тарафи дигар, аксари пулдорони калон ба воридоти мол ва хариду фурӯши он машғуланд. Боло рафтани қурби доллар бошад, фоидаи аз воридот гирифташавандаро кам мекунад, бинобар ин, воридкунандагони мол ҳавасманд нестанд, ки қурби доллар боло равад ё ба таври дигар он қимат шавад.


СУОЛОТ
Суолдиҳанда: АТОУЛЛО ,

АВВАЛАН САЛОМ БА "ОЗОДАГОН" ВА РАИСИ МУХТАРАМ, БАЪДАН МЕХОСТАМ БИДОНАМ, КИ БАРОИ РУШДИ КИШОВАРЗИ ЧАРО КАРЗХОИ ДАРОЗМУДДАТ БА ХОЧАГИХОИ ДЕХКОНИ ДОДА НАМЕШАВАД. ЗЕРО МАН ХУД КОРМАНДИ МАСОИЛИ КАРЗИ ХАСТАМ ВА АЗ ФАЪОЛИЯТИ БОНКХОИ ИМРУЗА БА ХУЛОСАЕ МЕОЯМ, КИ БОНКХОИ МО ИМРУЗ ГОРАТГАРИ ДЕХКОН ХАСТАНД!!! АНА РАИСИ МУХТАРАМ БИНЕД: ДЕХКОН ИМРУЗ МАБЛАГИ 3000 ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ РУШДИ КИШОВАРЗИ БО ФОИЗИ МИЁНАИ ДАР КИШВАР АМАЛКУНАНДА 3% МЕГИРАД ВА БА У ТО ДУ СОЛ (АЗ ХАМА ЗИЁД) МУХЛАТ ДОДА МЕШАВАД, БОЗ БАР ЗАММИ ИН АНДОЗХОИ ГАРОНУ ДИГАР ХАРЧХОИ ЧОРИИ ФАЪОЛИЯТ. БОВАР КУНЕД ДЕХКОН ОН ТАРАФ ИСТАД ХАТТО ТОЧИРИ ТОЧИК МУФЛИС МЕГАРДАД.

- Мутобиқи муқаррароти қонун Бонки миллӣ ҳуқуқи ба хоҷагиҳо ва аҳолӣ додани қарзро надорад. Бонкҳои тиҷоратӣ бошанд, ба сифати миёнарав баромад карда, маблағҳои аз дигарон ба қарз гирифтаашонро чун қарз ба ҳоҷагиҳо медиҳанд. Фоизи қарзи ба хоҷагиҳо додашаванда бештар аз фоизи қарзи аз дигарон гирифташуда, ки ба таври дигар пасандоз ном дорад, вобаста аст. Агар имрӯз фоизи пасандозҳо то 22 фоизи солона бошад, бонк наметавонад қарзро аз ин меъёр камтар диҳад. Фоизи пасандозҳо ҳамон вақт кам мешавад, ки захираҳои дигари арзонро ҷалб кардан мумкин бошад. Масалан, соли 2008 захираҳои хориҷӣ бисёр буданд ва фоизҳои қарз поён рафтанд, вале баъди саршавии бӯҳрон хориҷиҳо пулҳояшонро талаб карда гирифтанд ва фоиз боз боло рафт. Бовар дорам, ки баробари ба эътидол омадани вазъият фоизҳо боз поён мераванд. Барои мисол, дар 4 моҳи соли ҷорӣ фоизи қарзҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 банди фоизи паст шудааст. Мӯҳлати қарз низ аз мӯҳлати пасандозҳо вобаста аст. Ҳоло оҳиста-оҳиста бошад ҳам, ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат дар ҷамъи умумии қарзҳо зиёд шуда истодааст. Худо хоҳад, ин камбудиҳо низ паси сар мешаванд.

Он чи, ки ба андозу андозбандӣ дахл дорад аз мо вобаста нест.


сабаби боло рафтани курби асъор

Суолдиҳанда: Усмон ,

Салом огои Раис, хуб мешуд мегуфтед, ки барои чи имруз нархи курби асъор дар осмон аст? Ин холат сабаби он шуда, ки нархохо низ имрузхо баланд ва ба чамъият зарари худашро бевосита расонида истодааст. Хуб мешуд пеши рохи чунин амалиётро мегирифтед. Худо накунаду хаминхел рафтан гирад дар оянда чи хохад шуд?

-Бародар бубахшед, ки такрор карда наметавонам. Ба ин савол аллакай дар боло ҷавоб гуфтам.


Суолдиҳанда: Шумо чунин кардаед ки Халки Точик ???? ,

Шумо ва Бонкирхо муфт хури судхури Фоиз хур ( ки ин харом аст) ва ди-он - чунин холате ногувори иктисоди ба халк пешниход кардаед ки Халки Точик ба муфлиси ва касоду даст дарози ва камбагали занаду хеч гох миёнаш мустахкам нагардад яъне зиндагии шоистаи ки У мехохад (точик бача ) бе талбандаги ва чанчоли оилави бо сабаби нарасидани маошхо барои рузгор истифода шуда . вой дод ! ва намегузоред ки Точир-бачаи зираки Точик кори худашро кунад - не бояд уро зери фоизхо налогхо ва гайра монеъахои сунъи раф ва даф кунем !

- Бародар, аз рӯи навишту фикррониатон аз худу аз зиндагӣ норозиед, бовариатон ба Худо рӯякӣ буда, шукрона намекунед. Айбро дар дигарон меҷӯед. Ман ин хулосаро дар асоси таҷрибаи 10-солаи муаллимию 6-солаи дипломатиам кардам ва Худо кунад, ки он хато бошад.  Кормандони бонкҳо, ки зиёда аз 12000 нафарро ташкил медиҳанд, бародарону хоҳарони мову мумкин шумоянд. Ҳисси ватандорию ватандӯстӣ ва миллатпарастиашон аз шумо кам нест. Болотар, дар бораи фоизу фоизбандӣ маълумот додем ва зарурати такрор нест. Ба диққати Шумо мерасонам, ки фоидаи бонкҳо ночиз аст ва аз рӯи натиҷаи соли 2010 аксари бонкҳо ягон дирам дивиденд надоданд, зеро ё фоида нагирифтанд ё фоидаашон ночиз буд. Агар, шумо дар ҳақиқат “Тоҷирбачаи зираки Тоҷик” бошед, пас бояд донед, ки дар ҷаҳони муосир барои пешрафт бояд савияи дониши худро такмил диҳед, забондону аз компютер ва донишҳои зарурии ҳозирзамон бархӯрдор бошед, вагарна аз дигарон қафо монда, аз тоҷирӣ дур намеравед. Боқӣ, паноҳатон ба Худо.


суол ба чаноби Шарифзода

Суолдиҳанда: Дамирмухаммад ,

Чаноби Раис! Шумо дар пресс кофронсатон гуфта будед, ки маоши худро бо карори раёсат эълон мекунед. Оё вакташ нарасидааст?

- Ман гуфта будам, ки мувофиқи қарори Раёсат, ки то ба ин вазифа таъин шудани ман қабул шудааст, эълони маблағи маоши Раис ва кормандони бонк мумкин нест. Ин қарорро фақат худи Раёсат дигар карда метавонад.


музди мохона

Суолдиҳанда: Аслидин ,

салом суоли ман чунин аст. Шумо раиси мухтарам маоши мохонаро таин мекунед ё кормандони хукумат?
Музди маоши хади акал дар Точикистон чанд аст илтимос чавоби аникро талаб мекунам

- Маоши ҳадди ақал дар ҷумҳурӣ бо пешниҳоди Вазорати молия аз ҷониби ҳукумат муқаррар мешавад ва ҳоло 80 сомонӣ мебошад. Маоши миёнамоҳона 435 сомонӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки меъёри маоши ҳадди аққал барои ҳисобдорӣ истифода мешавад, на барои муайян кардани маблағи маоши кормандон.


таворум
Суолдиҳанда: Ahmadshoh Komilzoda ,

  1. Бонки милли барои чилавгири аз таворум чи корхоро анчом медихад?
  2. Хукмат ва Бонки милли хануз дар соли гузашта барои чилавгири аз таворум ваъда дода буданд, вале таворум беамон аз домани мардум гирифтааст, чаро?
  3. Аслан Бонки милли барои чилавгирии таворум чи захире дорад. Аагар захирае дорад, он чист ва аз кадом манбаъ гирифта шудааст?

-1) Бонки миллӣ ба таваррум танҳо бо истифодаи фишангҳои пулӣ таъсир расонида метавонад. Дигар вобаста аз истеҳсоли молу пешниҳоди он ба бозор ва агар моли хориҷӣ бошад, аз арзиши ону пардохтҳои гумрукӣ ва хароҷоти нақлиёту иловапулиҳои дигар вобаста аст. Аз аввали сол, Бонки миллӣ ҳаҷми пули дар муомилотбударо дигар накардааст, вале мутаассифона, болоравии нарх

Мӯҳр
Мухтарам Шариф Рахимзод! Оё Бонки миллии Точикистонро бонки давлати гуфта метавонем?

Салом суоли ман хамин ки бо курби асъори хоричи имконияти паст шудан дорад ё не
Ва сабаби болоравиаш дар чист?

Рамазон
Салом ман н, дусти чаро пули свет нархаш ба боло расид света хдмон истехмол мекнем шаройтмон намераса Бахшиш ягон хато Карда Бошам,,,,

Асалому алейкум бонки милли дар айни хол девалватсия ва ревалватсияро пешгири кардаистодоаст ё на ва айни замон пули милли дар кадом сатх карор дорад боки дар панохи Худованд бошед???

асалому алейкум ман донишчуи курси 3 дар Донишкадаи Молия ва Иктисод бисёр муалимхоро ва муалимахоро суоле медизам ки устод бонки Милли бонки давлати аст аммо бисёри онхо мегуянд ки бале боз устоди дигаро суол медихам ки бонки Милли бонки давлвтиаст аммо мутасифона мегуяд бале шогирди азиз ман намедонам инхо чихел кстод хастан ман кати устодон бахс кардам аммо у худашро донову окил мехисобад аммо ман азшумо ехтиромона хохиш менамоям ки ба саволхои ман чавоби аник дихед боки хонаобод бошед???????????

Аввало саломалейкум ман Сафаров Икром донишҷӯи ДДҲБСТ ба Шумо як суоле дорам. 1 Муаммоҳои нигоҳ доштани таваррум ва самаранокии сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014-2015 солҳо.

Салом мухтарм Шариф Рахимзод,

Бори дигар салом арз менамоям ба шумо мухтарм Шариф Рахимзода ! Чи тавре ки ба мою шумо маьлум аст , дар шароити имруза ки гузариш ба иктисоди юозоргони хаст , руз то руз шаклхои нави хочагихои фермери , чамьиятхои сахомии пушида ва кушодае пайдо мешаванд . Албатта хар яки онхо кушиш ба харч медихан , ки аз ин фаьолияти иктисодии худ фоидае ба даст биеранду то ки ба ракобат тобовару дар бозори чахони молу махсулотащон ракобатпазир бошад ,
Ва ин субьектхо ва чамьиятхо бе восита кушиш мекунанд ки дар бораи пасту балан рафтани асьорхои хоричи нисбати асьори дохили яьне Сомони маьлумоти кофи дошта бошанд , ,,,, ин маьлумот дурнамои минбаьдаи фаьолияти онхо ба хисоб меравад, Максади асосии ман аз он иборат аст ,ки шумо хамчун устод ва щахсе , ки дар сохаи Иктисод маьруфу машхуред ба ман маслихате медодед то ки дар доираи маслихати шумо фаьолияти минбаьдаи хешро сар мекардам , Ман хатмкардаи Донишкадаи Молия Ва Иктисодии Точикистонм баьди хатми донишго дар Бонки Амонатгузори тули 6 мох тачриба омухтам ва маро низ ба кор даьват каржан аммо аз сабаби баьзе мушкилихои оилави ба русич рахсипор шудам, Сухан кутох баробари омадан дар бозор ба хайси Фурушанда ба кор даромадм ва тули 6 сол аст , ки кор мекунм ва дар якчояги бо хамкурсонам ки дар Маскав кору фаьолият доран , максади кушодани як маркази савдо дорем , ,,,, Оё мо дар ин щароити тунду тез ки курби асьорхои хоричи ва дохили ин чунин болоравии нарххо ба назар мерасад ба ракобат тоб овардан метавонам ё на , хохиш интизори чавоби шумоем ин чавоби шумо барои мо бе андоза мухим устод ,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)