Бахшҳо
04 июн 2011 05:02Ҷавонон ва варзиш

Экспресс-овозаҳо дар Душанбе

Бо як дӯстам аз назди истгоҳи ахир ба қавле «конечка»-и микроавтобуси 13 мегузаштем. Дар ин мавзеъ тасодуфан шоҳиди баҳси як зани мусофир ва марде, ки масъули ин хатсайр буд, гардидем, ки он зан «пой» дар «як мӯза» андохта, мегуфт, «қарори Убайдуллоев отменит шудай», вале мард гуфтаҳои занро «овоза» ва «ҳангома»-и навбатӣ  унвон мекард.

Воқеан ҳам, дар мавриди бекор шудани қарори марбутаи шаҳрдорӣ оид ба нархи роҳкиро дар пойтахт сару садоҳои зиёде паҳн гардидааст.

Вале навбатдори  ситоди шаҳрӣ (ин ситод барои фаҳмондадиҳии мардум таъсис дода шудааст) дар сӯҳбати телефонӣ ба мо гуфт, ки қарор бекор нагардидааст ва субҳи 3-юми июн ба ронандаҳо ва ҷамъиятҳо фаҳмондаанд, ки ҳар мусофиркаше, ки экспресс нест, дар нақлиёти худ бояд насб намояд, ки роҳкиро дар нақлиёташ 1 сомонӣ аст.

Бояд гуфт, аз 24 майи соли 2011 қарори раиси шаҳри Душанбе №251 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар  шаҳри  Душанбе» ба тасвиб расида, аз 1-уми июн мавриди амал қарор мегирифт. Вале 30-юми май қарори дигаре таҳти № 260 ба имзо расид, ки тағйири дигаре дар қарори қаблӣ ворид менамуд.

Аз соли 2004 то кунун бори саввум аст, ки арзиши роҳкиро боло меравад. Яъне соли 2004 якбора роҳкиро аз 20 ба 40 дирам расида, баъдан ин арзиш боз 60 дирам шуд. Ҳақмузди кормандон қариб ҳама соҳот дар кишвар на бештар аз 30% баланд бардошта мешаваду арзиши молу маҳсулот баробар бо арзиши қаблиаш боло меравад, ки ин мардумро безобита менамояд…

Баъд аз ворид гардидани, ГАЗелҳои сафеди ба истилоҳи мардумӣ «Манижа» ва соҳиби кардани як хатсайри серодам (№18, маҳаллаи Обшорон-назди бозори «Шоҳмансур») сару садо баланд гардид, ки ин ГАЗелҳо аз ҳукумати шаҳр ҳастанд, ки арзиши роҳкиро ин ГАЗелҳо бо қарори худи ҳукумати шаҳр 10 дирам аз аз дигар автобусу микроавтобусҳо тафовут дошт, яъне роҳкирои ГАЗелҳои №18-70 дирам муқарар гардида буд.

Ҳамчунин, хатсайрҳои Душанбе, ки ҳар яке мутаалиқ ба ҷамъиятҳои гуногун аст ва  мардум ин омилро монополия унвон кардаанд, ки бидуни напардохтани «доля» ба ин ҷамъиятҳо наметавонӣ барои мардум хизмат намоӣ.

Субҳи 3-юми июн бо яке аз ронандаҳои автобуси рақами №7сӯҳбат намуда, аз тарзи кору фаъолияташ пурсон шудем. Тибқи иттилои ӯ автобусҳои ба кишвар воридшуда як қисмате зери назорати ҳукумат монда, дигареро ба ронандагон иҷора медиҳанд.Нафаре, ки автобусро иҷора мегирад, таъмир, хариди қисмҳои эҳтиётӣ ва масрафи сӯзишвориро худ ба дӯш мегирифтааст. «Мо хозрасчетам ҳар рӯз 80- сомонӣ аренда месупорем. Автобусҳое, ки давлатӣ ҳастанд, ба монанди экспресс №8 қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишвориро давлат медиҳад»-мегӯяд ронандаи автобуси №7.

Акнун суоли матраҳ ин аст, ки «иҷорагирон» аз экспресс чӣ камӣ доранд ва дар сурати вайрону корношоям гаштани нақлиёташон онҳо ба кадом мақомоти салоҳиятдор шикоят баранд? Аз ҳама асосиаш, кӣ ҳуқуқи мо истифодабарандагони оддиро ҳимоя мекунад… Ман-ку намедонам, шумо чӣ?

Сафари Халил

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)