Бахшҳо
24 окт 2011 04:16Сӯҳбати рӯз

Муҳайё Нозимова: Донишҷӯён устодонро танбал кардаанд…

Нашрияи «Овоза ва ҳақиқат», ки аслан ба масоили тафреҳ, иҷтимоъ ва фарҳанги хонаводагӣ таваҷҷӯҳ дорад, ахиран иқдомеро рӯйи даст гирифт.

Ҳайати эҷодӣ таҳти унвони «Замоне…» озмун эълон кардааст, ки иштироки хонандагон дар конкурс озод аст. Хабарнигори «Озодагон» дар ин маврид ва чанд мавзӯъи дигар бо муассис ва сардабири ҳафтаномаи «Овоза ва ҳақиқат» - Муҳайё Нозимова ҳамсӯҳбат гардид, ки фишурдаи онро дар ихтиёри шумо мегузорем.

Озодагон: Барои як бону ба дӯш доштани бори масъулияти хонавода, кори рӯзноманигорӣ ва тиҷорат халал намерасонад? Гузашта аз ин, Муҳайё ба ҳама ин «кор»-ҳо кай вақт меёбад?

Муҳайё Нозимова: Роҳбарам дар ширкати тиҷоратӣ, ки ман бо он сару кор дорам, мегӯяд: Чаро як рӯз ҳамагӣ аз 24 соат иборат аст? Чаро 48 соат не? Барои ба сомон расонидани кулли нақшаҳои рӯзонааш ӯ субҳи барвақт аз хоб мехезад ва пайи кораш мешавад, то онҳоро давоми рӯз ба сомон расонад. Ман ҳам ба қавле «санъати саҳархезӣ»-ро аз худ кардаам, кӯшиш мекунам барвақттар аз хоб хезам ва нақшаҳоямро амалӣ кунам. Ин то ҷое бароям даст медиҳад, ҳарчанд мушкил аст. Инсон бояд ҳар як рӯзи худро ба нақша гирад, ҳарчанд ман ҳама рӯзи худро ба нақша гирифта наметавонам, баъзан  мешавад, корҳоеро бояд анҷом бидиҳӣ, ки дар нақшаат набуданд. Дар мавриди расидагӣ ба ҳамаи ин корҳо ман имрӯз аз падару модар ва ҳамсарам миннатдорам, ки маро мефаҳманд ва ба қадри имкон кӯмак мекунанд. Шавҳарам дар ҳама кор ба ман ёрӣ медиҳанд, аз ҷумла дар кори рӯзноманигориву тиҷорат. Ҳатто агар зарур шавад, вақти худро барои манн сарф мекунад. Фикр мекунам, ки агар инсон як ёрдамчии хуб дошта бошад, як нафаре бошад, ки  тавонад ба ӯ такя кунад, аз ӯҳдаи иҷрои ҳама кор мебарояд.

Масалан, ман барои омӯзиши шеваи тиҷорат ҳамроҳ бо ҳамсарам ба назди Сайидмурод Давлатов, равоншиносу иқтисоддон мерафтем. Аснои таълиму тадрис аз он кас ва дигар мураббиён маълумоти зиёде дарёфт кардем, ки чӣ тавр тиҷоратро бояд ба роҳ монд ва чӣ гуна ба ҳадаф мешавад расид.Таъсиси як нашрияи шахсӣ бароям ҳанӯз хеле барвақт буд, аммо пас аз пушти сар кардани давраи омӯзишӣ дар назди доктор Давлатов эътимодам ба имконияти шахсиам бештар шуд. Одам қабл аз оғози кадом коре ҳатман бояд ба худаш ва зарфияташ бовар дошта бошад.д. Шояд фалсафаи зиндагӣ ҳамин аст, баъзан бархе аз дӯстон маро сарзаниш мекунанд, ки ба худат аз ҳад зиёд бовар дорӣ. Аммо намедонам, ин ҷиҳати мусбӣ ва ё манфии ман аст… Ба ҳар ҳол ба худам эътимодам қавӣ аст.

Озодагон: Шумо аз ҷумлаи он занони журналистед, ки дар Тоҷикистон бо маблағи шахсиатон нашрия таъсис додаед. Хуб, ташкил ва роҳандозии ҳафтаномаи «Овоза ва ҳақиқат» бароятон ба осонӣ даст дод ва ё хайр?

Муҳайё Нозимова: Ҳа. Ин дуруст аст, ки ман бо маблағи шахсиам нашрияро ташкил кардам, яъне бидуни ягон бурсу (грант) лоиҳа ва дигар имдодпулӣ. Зимни таъсиси «Овоза ва ҳақиқат» боз ҳам ҳамсарам кӯмаки худро дареғ надоштанд. Боз як дӯсти хонаводагиамон ҳам ёрдам карданд, аммо мутаасифона номашро гуфтан наметавонам, 50 дарсади масрафоти таъсиси ҳафтаномаро он кас ба зиммаи худ гирифтанд. Аз маслиҳату машваратҳои шоир ва рӯзноманигор Абдувоҳиди Зевар ҳам сарфарозам, ки беғаразона кӯмакамон кард.

Озодагон: Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон тарҷумонҳои хуб дар ҳама бахшҳо намерасанд. Шумо, ки худ собиқаи кор дар ин самтро доред ва ба касби омӯзгорӣ ҳам машғулед, сабаби ин мушкилро дар чӣ мебинед?

Муҳайё Нозимова: Ба назари ман, гунаҳкори аслӣ худи донишҷӯёнанд. Онҳо ҳавсалаи кам доранд, камтар ба омӯзиш машғул мешаванд ва вақтро барҳадар зоеъ мекунанд… Шахсан ман, хатмкардаи факултаи журналистика ва  тарҷумонии ДМТ ҳастам, ихтисосам аз рӯи мадраки донишгоҳ- журналист ва тарҷумони забони англисӣ аст. Баъди анҷоми таҳсил маро ба аспирантура қабул карданд ва тӯли бештар аз ду сол ба донишҷӯён дарс гуфтам. Ҳоло дар рухсатии меҳнатиам, чаро ки духтарчаам ҳанӯз хурд аст…

Ба қисмати дуюми пурсишатон болотар посухи кӯтоҳ гуфта будам, шояд то ҷое иштибоҳ кунам, аммо ин назари шахсии ман аст: Тайи муддате, ки дар донишгоҳ масруфи тадрис ва таълими шогирдон будам, ҳолатҳое мешуд, ки ба сари бархе гурӯҳҳои донишҷӯён дӯғу пӯписа мекардем, дод мезадем, сахтгирӣ мекардем, аммо бефоида. Камтари эшон ҳаваси хондану чизеро омӯхтан доштанд. Аммо як сол қабл, баъди аз рухсатӣ ба кор баромаданам, гурӯҳеро бароям ҷудо карданд, аз бахши журналистикаи байналхалқӣ. Пеш аз тақсимот мо тасмим гирифтем, ки аз донишҷӯён тест мегирем ва пасон онҳоро ба гурӯҳҳои англисиву арабӣ ҷудо мекунем. Хушбахтона, аз 12 нафаре, ки шомили забони англисӣ шуданд, ҳама барои омӯзиш саъй мекарданд. Дар ҷараёни дарс фақат бо забони англисӣ гап мезадем ва салиқаи онҳо ҳам хуб буд. Вақте ки донишҷӯ аз устод талаб мекунад, барои муаллим ҳам чорае ба ҷуз омӯзонидан ва омӯхтан намемонад, аммо агар донишандӯз бепарвою фориғбол бошад, устод ҳам бемасъулият мешавад. Ҳоло метавон гуфт, устодони моро худи донишҷӯён танбал кардаанд. Аксари донишҷӯёни ҳозира фақат барои рӯзгузаронӣ ва гирифтани диплом ба донишгоҳу донишкадаҳо шомил мешаванд, ки ин албатта бойиси нигаронист.    Барои тайёр кардани тарҷумон кадом як техникаву технологияи муосир зарурат надорад, ин аз худи донишҷӯён вобаста аст, ки то кадом андоза касби интихобкардаашонро дӯст медоранд. Вақте ки мо дар ДМТ таҳсил мекардем, шароит на ба таври имрӯза буд, аммо шавқу шӯри ҳамсабақони мо нисбати дарс дигар буд. Ҳоло ҳам намегӯям, ки шарту шароит дар сатҳи олист, аммо дар қиёс ба 4-5 соли пеш хеле пешрафт кардааст. Гоҳ-гоҳ, ки барои дидорбинӣ ва ҳолпурсии устодон ба факулта меравам, мебинем, ки тағйироту пешравиҳо зиёданд. Тахтаҳои электронӣ дар утоқҳо насб шудаанд, кабинетҳои лингафонии муосир, компютер ва интернет дар ҳама аудиторияҳо ҳастанд.

Замони дар донишгоҳ ба ҳайси муаллима кор карданам, ман ба он ҷо компютери худамро мебурдам, филму наворҳоро тамошо мекардем ва мусиқӣ бо забони англисӣ гӯш мекардем. Баъд аз донишҷӯён талаб мекардам, ки чизи шунида ва дидаашонро ба забони тоҷикӣ ва ё баръакс баргардон кунанд. Вазифаи устод ба донишҷӯ дониш додан аст, агар муалим толибро қонеъ накунад, бигузор донишҷӯён устоди нав талаб кунанд, худашон тасмим бигиранд, ки ин омӯзгор бошад, ё не. Шумо ҳам хуб медонед, ки дар гурӯҳҳои шартномавӣ пули калон месупоранд, пас онҳо ҳақ доранд, ки талаб кунанд

Озодагон: Бонуи журналист ва мавзӯъи сиёсат аз назари як зан, сардабири нашрияи мустақил дар кадом вазъ аст?

Муҳайё Низомова: Бонувони журналист дар пайгирӣ ва баррасии мавзӯҳои сиёсӣ то андозае муваффақ ҳам ҳастанд, аммо камтар ба ин паҳлӯи масъала таваҷҷӯҳ доранд. Бархеҳоро агар тарсонанд, дигаронро насиҳат мекунанд, ки занро ба сиёсат чӣ кор? Ман аз таҷрибаи худам мегӯям, ба дигарон камтар кор дорам. Ҳамсарам аз ман хоҳиш карданд, ки ба мавзӯҳое, ки бойиси фишори рӯҳиву равонӣ ва таҳқир хоҳанд шуд, даст назанам. Ба фаҳмиши ман ин ду ҷиҳат дорад:  Якум ин ки ӯ намехоҳад ман  азоби рӯҳӣ кашам, зеро ман хонуми ӯям. Ва гузашта аз ин ман боварӣ надорам, ки дар Тоҷикистон ба ҳадди зарурӣ ҳуқуқи журналистон ҳимоя мешавад. Аз ҳамин хотир бонувони журналист дар мавриди масоили ҷиддии сиёсӣ пардапӯшона ҳарф мезананд ва ман ҳам ба мавқеи онҳо то ҷое мувофиқам.

Озодагон: Асрори муваффақ шудани Муҳайё дар чист? Мутолиаи зиёд, кори дучанд ва ё кӯшиши муддавом?

Муҳайё Низомова: Сири «комёбӣ»-ҳои ман ин мутолиаи доимии китобҳо аст. Барои ба натиҷаи мусбӣ расидан, инсон ҳамеша бояд мутолиа кунад, омӯзад ва дар амал татбиқ намояд. Масалан, хондани асари «Ман ва пул» (Я и денги)-и Сайидмурод Давлатов ҳаёти маро ба куллӣ тағйир дод. Китобҳое амсоли «Аз ҳама бойтарини Бобулистон», «Асъор», «Андеша намо ва сарватманд шав» аз қабили ашёҳои зарурии рӯзгори манн маҳсуб мешаванд. Аслан инсон бояд аз китобҳо, таҷрибаи зиндагӣ ва хатоҳои худ омӯзад, сабақ гирад ва пеш равад.

Озодагон: Ҳадаф аз таъсиси озмун дар нашрияи «Овоза ва ҳақиқат» аз чӣ иборат аст ва он идеяи кӣ буд?

Муҳайё Нозимова: Дар озмуне, ки  аз сӯи ҳафтаномаи мо таҳти унвони «Замоне…» эълон гардидааст, ҳама метавонанд, ширкат намоянд. Донишҷӯву устод, талабаву табиб, ронанда, афсар ва хоса ҳар касе, ки хоҳиш дошта бошад. Ин озмун аз дигар конкурсҳо бо он тафовут дорад, ки иштирок озод аст ва шахс метавонад, лаҳзаеро аз давраи мактбахониаш рӯйи коғаз биёрад ва онро унвонии нашрия ирсол кунад.Хоҳ он қиссаи аз дарс дер мондан аст, хоҳ ишқи аввали замони кӯдакӣ ва ё занги аввалу охири мактаб.

Аслан ин идеяи ҳамкорамон Фарангис Усмонова аст. Рӯзе андешаашро оиди ин мавзӯъ дар коғаз навишта, ба наздамон овард. Ҳайати эҷодӣ онро мақбул дониста, озмуни саросарӣ эълон кард. Ҳар ҳафта нома ва навиштаҳои зиёде мегирем, ки аз таваҷҷӯҳи муштариён дарак медиҳад. Арзи сипос мекунам, ба маркази таълимии  «Фазл-2010»,  мағозаи «Bagozza Milano» ва ТҶ «Даст ба даст», ки сарпарастии озмуни мазкурро ба зимма гирифтанд. Ҳамзамон, аз дастгирии иттилоотии хабаргузории «Озодагон», радиои «Ватан» ва нашрияи «СССР» миннатдорам.

Мусоҳиб: Мавзуна Абдуллоева

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)