Бахшҳо
23 сен 2011 05:23Иқтисодӣ

Соҳибкории мавсимӣ дар Тоҷикистон

Дар меҳмонхонаи "Меркурий"-и шаҳри Душанбе семинаре баргузор шуд, ки дар он мавзӯи рушди соҳибкории хурду миёна таҳти унвони «Стратегияи муваффақи ширкатҳо дар шароити нав: воситаҳои созмони бизнесмоделҳои муваффақ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон дар мавриди шароити рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, монеаҳо ва мушкилоти мавҷуда изҳори назар карда шуд.

Гуфта мешавад, ки дар баробари ин ки Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ замина фароҳам меорад ва таъсиси "Равзанаи ягона" аз чораҳои муассири давлат дар ин самт аст, аммо ҳанӯз мушкилоти зиёде ҳаст, ки дар пешрафти соҳибкории хурду миёна монеа эҷод мекунад.  Чан моҳ қабл Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи байналмиллалии молӣ  дар гузорише таҳти унвони "Пешбурди тиҷорат дар соли 2011: тағйирот дар фаъолияти соҳибкорон" вазъи тиҷорат дар Тоҷикистонро нисбат ба соли гузашта беҳтар арзёбӣ карда, тасмими ҳукуматро барои соддатар кардани сабти номи муассисаҳои тиҷоратӣ тавассути "Равзанаи ягона" ҷонибдорӣ намуда буд. Вале аз ҷониби дигар Тоҷикистонро дар радифи кишварҳое қарор дод, ки дар он соҳибкорон барои гирифтани иҷозаи сохтмону манзил ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Бо чунин баррасӣ аз як сӯ роҳандозии "Равзанаи ягона"-ро тасмими саривақтӣ номида, аз ҷониби дигар бо ишора ба он ки равзанаи мазкур чандон натиҷаи дилхоҳ надодааст ва ҳанӯз соҳибкорон ҳангоми гирифтани иҷозатнома ба мушкилоте мувоҷеҳанд, фаъолияти ин равзанаро зери суол бурдааст.

Дар шароити баъди бӯҳронӣ рушди соҳибкории хурду миёна яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Мақомот мегӯянд, ки минбаъд дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна асосан дар самти истеҳсолот давом дода мешавад. Дар робита ба ин соли ҷорӣ президенти кишвар дар фаъолияти соҳибкории ватанӣ, ки ба истеҳсолот сару кор мегирад, моратория эълон кард. Ин дар ҳолест, ки қаблан дар бахши соҳибкории хурду миёна 2 сол моратория эълон шуда буд ва соли 2010 мӯҳлати он ба охир расид. Вале натиҷаи он ба таври гуногун арзёбӣ шуд ва хусусияти духурагӣ ҳам дошт. Мақомот натиҷаи онро мусбат арзёбӣ мекарданд, вале ба бовари бисёре аз коршиносони мустақил дар се соли сипаришуда моратория чандон эҳсос нашуд. Зеро бо вуҷуди эълони моратория ниҳодҳои зидахл бо баҳонаи тафтиши нақшавӣ дари корхонаву ширкатҳоро мекӯфтанд. Духурагии моратория дар он дониста мешуд, ки аз як сӯ давлат соҳибкоронро аз ҳама гуна санҷишҳо озод мекард, вале аз ҷониби дигар ба хотири таъмини сифатнокии маҳсулот фаъолияти ин бахшро таҳти назорат ва санҷиш қарор медод. Дуруст аст, ки назорати давлатии сифати маҳсулот бояд танзим шавад, вале ба андешаи соҳибкорон ин амр баҳонаи "проверка"-и ниҳодҳои тафтишотиро тақвият медиҳад.

Раиси Консорсиуми юрдикии Тоҷикистон, Раҳматилло Зойиров, ки маркази дастгирии ҳуқуқии соҳибкоронро таъсис додаст ва ба онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон медиҳад, дар як сӯҳбат гуфт, ки бо вуҷуди қобили қабул будани худи моратория натиҷаи он чандон муассир набуд. Зеро ниҳодҳои дахлдор соҳибкоронро бо баҳонаҳои гуногун, масалан, тафтиши нақшавӣ, тафтиши андоз ва ғайра ба ташвиш мегузоранд. Вай аз ҷумла иброз дошт: "Мо бояд ба соҳибкорон фаҳмонем, ки тафтиши санитарӣ-эпидемологӣ ё сӯхторхомӯшкунӣ як кори табиист ва набояд аз он ҳарос дошта бошанд. Вале баъди эълони моратория шикоятҳо оид ба дахолат ва тафтишоти мақмот бештар шуданд. Ҳар дафъа фаҳмонидан зарур меомад, ки кадом амали санҷиш мувофиқ қонун ва кадоме ғайриқонунӣ аст. Агар ҳамаи ҳуҷҷатҳои соҳибкорон дуруст бошад тафтишоти берун аз нақша ва дигар намуди санҷишҳо ягон ҷои ҳарос надорад, вале проблема дар он аст, ки гоҳе соҳибкор аз ҳақ будани худ шубҳа дорад.  Соҳибкорон дар аксар ҳолат бо такя ба меъёрҳои қонун кӯшиши ҳимояи худро намекунанд, баръакс мансабдоронро ба гирифтани "тӯҳфаҳои бидуни заҳмат" омӯхта мекунанд. Соҳибкорон ҳоло ба худ бовар надоранд, лекин мансабдорон ба имконияти худ аз ҳад зиёд эътимод мекунанд. Соҳибкорон бояд дастгирии давлатро эҳсос кунанд ва боварӣ пайдо намоянд, ки давлат онҳоро аз фишори мансабдорон наҷот дода метавонад".

Яке аз монеаи рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистонро бархе аз коршиносон дар зиёд ва гарон будани андоз медонанд. Зеро дар аксари ҳолат, соҳибони корхонаву ширкатҳо ба хотири зиёд пардохт накардани андоз шумораи расмии коргаронро кам  ба қайд мегиранд ва музди меҳнати коргаронро дар коғаз дигар хел менависанду аз даст ба даст бо тарзи дигар пардохт мекунанд. Ба эътимоди Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон яке аз монеаҳои рушди соҳибкорӣ низ гаронии андоз мебошад ва танҳо дар сурати ворид кардани ислоҳот дар низоми андоз ва кам кардани теъдоди он мушкили мавҷуда бартараф мешавад. Вай чунин мешуморад, ки на теъдоди андоз, балки шумораи андозсупорандаро бояд зиёд кард.

Дар тӯли якуним-ду соли фаъолияти маркази дастгирии ҳуқуқии соҳибкорон ҳазорҳо соҳибкорон барои гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ муроҷиат кардаанд. Вале ба назари роҳбари марказ ҳанӯз қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ комил нестанд ва баъзе бандҳо ба ҳамдигар мухолифат мекунанд. Вале аз ҳама мушкили асосӣ андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ дониста мешавад. Ба қавли Раҳматилло Зойиров корхонаҳое, ки пул кор карда метавонанд ба проблемаҳои зиёд мувоҷеҳ мешаванд. Зеро қонунгузории андоз имрӯз имкони хуб фаъолият карданро намедиҳад ва соҳибкорон ноилоҷ пешниҳодҳои барояшон судоварро, ки ғайриқонунӣ аст қабул менамоянд ва аз супоридани андоз даст мекашанд. Ҳар корманди андоз инро медонад ва бо ин далел бидуни тарс ба санҷиши сохторҳои тиҷоратӣ меравад, на ба хотири он ки воқеан тафтиш гузаронида, ҳуҷатҳои соҳибкорро дуруст кунад, балки мехоҳад пули бедарди миёнро ба киса занад ва дар натиҷа ҳар ду, ҳам соҳибкор ва ҳам андозситон қонунро вайрон мекунанд.

Бо мақсади ислоҳот ворид кардан дар кодекси андоз масъулини Кумитаи андоз хостори дархосту пешниҳодҳои мардум ва дигар ниҳодҳо шудаанд, ки лоиҳаи қонун бояд дар таҳрири нав қабул шавад. Аммо дар гузашта ҳамин хел таҷриба буд, ки андешаи андозсупорандагонро ба инобат мегирем гуфта, боз аз рӯи хости худ қабул карда буданд.

Ба андешаи таҳлилгарон яке аз омилҳое, ки ба рушди соҳибкории хурду миёна таъсири манфӣ расонд ин бӯҳрони иқтисодӣ буд, ки аз оғози соли 2008 ба вуҷуд омад. Дар ин давра аксари корхонаҳову ташкилотҳои соҳибкорӣ муфлис шуданд. Дар давраи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иттилои масъулини Вазорати иқтисод бештари корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмондаанд. Аз рӯи омори расмӣ дар семоҳаи аввали соли 2009 сӣ фисади корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмондаанд. Мувофиқи маълумотҳо дар ҳудуди кишвар 844 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст, ки дар нимсолаи авали соли 2009 дусаду чордаҳ тои он тамоман кор накардааст. Бо вуҷуди он ки бӯҳрони молӣ паси сар шуд, вале ҳанӯз муфлисшавии корхонаҳо ва ноком мондани соҳибкорон ба назар мерасад. Тибқи хабарҳо тайи 9 моҳи соли 2010 дар Тоҷикистон аз 844 корхонаи саноатӣ 143 корхона ё шашяки онҳо кор накардаанд ва 12 корхона муфлис эълон шуда, 28 тои дигар дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дорад.

Мақомоти Кумитаи андоз сабаби ба муфлисшавӣ расидани 34 корхонаи ватаниро аз надоштани имконият барои пардохти андоз шарҳ медиҳад. Вале дар ҳамин ҳол бар асоси иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ин корхонаҳо бо сабаби рақобати носолим дар гардиши истеҳсолот натавонистаанд андозро сари вақт пардохт кунанд. Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хостори қабули як қонуни ҷадиди зиддинҳисорӣ барои аз байн бурдани рақобати носолим дар ҷумҳурӣ шуд. ӯ дар як сӯҳбат гуфт, ки тайи чанд соли ахир бештари ширкатҳои воридкунандаи молу маҳсулот ба бозорҳои кишвар нархҳоро ба таври сунъӣ боло бурдаанд, ки ин ба рушди иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонидааст.

Аз мушкилоти дигари рушди соҳибкорӣ фароҳам набудани муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки омилҳои ба он таъсиррасон ноамнии минтақа, ба хусус Афғонистони ҳамсоя, нобоварии сармоягузорон ва сатҳи баланди коррупсия дар ниҳодҳои давлатӣ мебошад. Бо чунин далелҳо ҷалби сармои хориҷӣ то андозае мушкил гаштааст. Аз мушкилоти дигар фоизи баланди бонкӣ ва масъалаи гирифтани қарз шуморида мешавад. Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон соҳибкорон ба сарчашмаҳои маблағгузорӣ дастрасӣ надоранд. Зеро ба андешаи ӯ бонкҳои Тоҷикистон имконияти сармоягузориро надоранд ва агар дошта бошанд ҳам таваккал (риск) намекунанд. Вай аз ҷумла гуфт: "Он қарзҳое, ки бонкҳо медиҳанд аз як сол зиёд нест, ки ин ба рушди соҳибкорӣ кӯмак карда наметавонад. Дар бахши кишоварзӣ, алалхусус дар кишти пахта соҳибкорон барои даромад гирифтан бояд 1,5 сол интизор шаванд то маҳсулот фурӯхта шавад ва аз ин ҳисоб қарзи бонкро диҳанд, аммо бонкҳо ба хотири он ки муфлис нашаванд, риск кардан намехоҳанд. Навад дар сади соҳибкорони хурду миёна бо бонкҳо робита надоранд, ки дар ягон кишвари дунё ин тавр нест".

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар бахши соҳибкории Тоҷикистон рақобати солим вуҷуд надорад. Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки бо далели он ки дар Тоҷикистон тамоми бахшҳои тиҷорат, бозор, соҳибкорӣ ва содироту воридот байни якчанд нафар тақсим шудааст ва онҳо бозорро контрол мекунанд, рушди соҳибкорӣ ғайриимкон аст. Ба андешаи ӯ соҳибони ширкатҳои бонуфуз, ки бозорро монополия кардаанд, дар мақомот пуштибони худро доранд ё тиҷорати худи мансабдорон маҳсуб мешаванд. Аз рӯи қонун мансабдори давлатӣ ба тиҷорат набояд машғул шавад, вале ин қонунро касе риоя намекунад ва мансабдорони баландпояи давлативу намояндагони парлумон соҳиби тиҷорати шахсии худанд. Ин падида намегузорад, ки бозор рақобат дошта бошад ва озод фаъолият кунад, мегӯяд ин коршинос.

Дар ҳоли ҳозир фаъолияти соҳибкорӣ гӯё чун "устухон дар гулӯ"-и мақомот мондааст. Аз як сӯ рақобати солим мегӯянду нархҳоро ба шароити бозор вогузор мекунанд. Вале танзимнашаванда будани нархҳоро эҳсос карда, боз қонуни нави савдоро қабул карданд, ки нархи маҳсулоти ниёзи аввалро бояд давлат танзим кунад, на ба ихтиёри соҳибкорон дода шавад. Аз ҷониби дигар ҳукумат мехоҳад, ки барои рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи истеҳсолот шароит фароҳам кунад ва даъво ҳам дорад, ки то андозае ба ин ҳадаф комёб гардидааст, лекин коршиноси иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки норасоии нерӯи барқ, ба хусус дар тирамоҳу зимистон корхонаҳои истеҳсолиро мавсимӣ сохтааст ва истеҳсолоти кишварро зери суол мебарад. Ба ҳамин сабаб тавлидоти мол дар Тоҷикистон сол то сол кам шуда, корхонаҳои хусуси ҳам таъсис намеёбанд, зеро корхона сохтан имкон дорад, вале бидуни нерӯи барқ фаъолият намекунад. Ба бовари ӯ ин мушкили № 1 дар Тоҷикистон аст.

Ҳамзамон дар чанд моҳи ахир боло рафтани нархи сӯзишворӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири манфӣ расонд ва нарху наво ба маротиб боло рафт. Ахиран, ҳатто президент соҳибкоронро ҳушдор дод, ки гаронфурӯши накунанд, вагарна аз бозор ронда хоҳанд шуд ва ҷои онҳоро деҳқон метавонад иваз кунад. Зулфиқори Исмоилиён чунин мешуморад, ки ҳоло соҳибкорӣ ба роҳи худ ва давлат бо роҳи худ аст, яъне равобити миёни онҳо норавшан аст. Дар ҳоле, ки дар давлатҳои пешрафта асосан ба рушди соҳибкории хурду миёна аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Ин ҳамаро дар маҷмуъ агар хулоса кунем, чунин натиҷа ҳосил мешавад, ки барои фароҳам овардани шароити рушди соҳибкорӣ системаи устувори иқтисодӣ ҳоло ба вуҷуд наомадааст ва бахши соҳибкорӣ хусусияти мавсимӣ дорад.

Исфандиёр ХАЛИЛӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)