Бахшҳо
08 сен 2011 07:32Иҷтимоӣ

Ду Рӯзи сарсонӣ дар бемористони Қаряи боло

Як нафар аз наздикон аз ноҳия  кӯдаки яксоларо барои ташхис ба Душанбе овард ва мехост сабаби бемории фарзандашро муайян ва сипас табобат кунад. Мо рӯзи душанбе, 29-уми август ҳамроҳ бо кӯдак ва модари ӯ ба бемористони ҷумҳуриявии Маркази миллии тиббӣ (Қаряи боло) омадем.

Соат 8:00. Аз рафтан ба шӯъбаи бақайдгирӣ худдорӣ кардем, зеро хароҷоти беҳуда аст. Ба бинои(корпус) 11-уми беморхона, ки асосан муоинаи кӯдакон дар ин ҷо сурат мегирад, ворид шудем. Кӯдак шабона кам хоб меравад ва аксар вақт нолиш мекунад, табаш баланд мешавад ва давоми ҳафтаи ахир аз биниаш хун меомада аст. Се ошёнаи ин биноро гаштем, аммо ягон духтур нест, танҳо ҳамшираҳои шафқат  навбатдор ва ин сӯ-он сӯ гардиш доранд. Аз яке ҳамшираҳо пурсидем, ки духтурон куҷоянд, вай гуфт, ки ба маҷлиси 5 дақиқаӣ(пятиминутка) дар сеюм ошёнаанд. Интизории мо тӯл кашид. Моро аз дари асосии бино берун карданд ва гуфтанд, ки то хотимаи маҷлис мунтазир бошем. Дар назди дар беморони зиёде дар навбат буданд. Маҷлиси 5 дақиқаӣ расо як соат давом кард. Ҳатто як духтур аз дигар бино омада суол кард, ки чаро маҷлиси панҷ дақиқаӣ ин қадар тӯл кашид? Билохира соати 9 маҷлиси 5 дақиқаӣ хотима ёфт ва духтурон ба шӯъбаҳои худ рафтанд.

Дар ошёнаи дуввум ба як духтур аҳволи бачаро фаҳмонида, пурсидем, ки ба куҷо барем. ӯ гуфт, ки андаке сабр кунем, обход(хабаргирии беморон) анҷом ёбад, даъъват мекунад. Аммо кор ранги дигар гирифт ва интизории мо боз ба дарозо кашид. Падари беморе аз болои духтурон ба масъули марказ Х. Ғиёсов шикоят бурд ва бозпурсӣ оғоз шуд. Бо ҳамин боз ним соати дигари мо дар интизорӣ гузашт. Сипас духтур омад ва аҳволи бачаро пурсида,  моро ба ошёнаи якуми бино, назди духтури асаби кӯдакона равон кард. Дар ошёнаи якум ба духтур Ш. аҳволи кӯдакро фаҳмонидем. ӯ дар як коғаз ба куҷо рафта, таҳқиқоти умумии хун, рентген ва ташхиси бинӣ карданро навишт. Мо нахуст ба бинои 5-ум барои ташхиси рентгени сар рафтем. Баъди он ки ҷавобашро гирифтем барои ташхиси хун рафтем. Он ҷо 7 сомонӣ супоридем ва аз кӯдак барои таҳлил хун гирифтанд ва гуфтанд, ки ҷавобаш соати 3 омода мешавад. Соат ҳам қариб 11 шуда буд. Ман кӯдакро ба ихтиёри модараш гузошта, худ ба кор омадам. ӯ бояд бинои 2-юм рафта ба духтури чашму гӯшу бинӣ кӯдакро нишон медод. Соати 2: 30 дақиқа занг зада пурсидам, ки муоинаи кӯдак дар чи ҳол аст, модараш гуфт, ки биниашро нишон додааст, аммо ба ҷои пешниҳоди хулоса духтур доруи зиёде навиштааст. ӯ ба назди духтур Ш. бинои 11-ум рафтааст то хулосаи ташхисҳоро нишон диҳад ва сабаби бемории кӯдакро фаҳмад, аммо духтур гуфтааст, ки пагоҳ ояд, имрӯз дигар қабул намекунад. Аҷиб ин буд, ки ба кор соати 9:30 дақиқа оғоз карданд, вале соати 3 вақти корӣ тамом шудааст. Мо интизор доштем, ки имрӯз натиҷаи ташхисҳоро ба духтур нишон дода, хулосаи духтурро мегирем, сабаби беморӣ муайян мегардад ва бо ҳамин кор тамом. Аммо духтур бо як баста ғизои аз мағоза оварда дари ҳуҷраашро аз дохил маҳкам кардааст.

Рӯзи дуввум, охирин рӯзи рӯзадорӣ. Фардо иди Рамазон аст. Шитоб дорем, ки зудтар пеш аз ид сабаби бемории кӯдакро фаҳмида гирем, вагарна ид аст ва баъди ид боз ҷашни 20 солагии истиқлол ва ҳамин тавр 10 рӯзи дигар интизор шудан зарур меояд. Бо вуҷуди он ки ин саҳар дертар, соати 9 ба бемористон омадем, аммо ҳанӯз маҷлиси 5 дақиқаӣ идома дошт. Соати 9:15 хотима ёфт ва боз беморхабаргирӣ(обход) сар шуд. Духтур Ш. гуфт, ки баъди обход оем. Дар беруни дар мунтазир шудем. Чанд бемори дигар низ аллакай дар назди дар духтурро интизор буданд. Ногоҳ як нафар фарзандашро дар оғуш гирифта омад, ки аҳволаш хеле вазнин буд ва ман фикр кардам, ки шояд барои муоинаи ин кудак навбат набошад ва рост ба назди духтур барад, аммо бо сабаби дигар ӯро хам роҳ надоданд. Ба ошёнаи якум назди духтур Ш кадом профессор омадааст ва духтур гуфт, ки баъди як соат қабул мекунад. Ҳамроҳам  гуфт, ки агар ҳозир ягон бемори вазнинро оранд бо ин навбатпойи ва серкории духтурон дар берун мемонад ва худо медонад, ки аҳволаш чӣ мешавад. Баъди якуним соат профессор аз назди духтур баромад ва мо назди дари ҳуҷраи духтур рафта, дар навбат истодем. Аз рӯи навбат мо бояд якум назди духтур мерафтем, вале як зани калонсол бенавбат зада назди духтур даромад. Ана акнун беруни дар мағал сар шуд. Ҳар кас мехост аввал дарояд ва вонамуд мекард, ки гӯё аз соати 7-саҳар интизор аст ва аз ҳама пеш омадааст. Агар рӯзи аввал соати 9:30 дақиқа қабули беморон оғоз шуда бошад, имрӯз қабул тақрибан соати 11 сурат гирифт. Баъди баромадани он зан мо даромадем ва хулосаи ташхисҳоро ба духтур нишон додем. Духтур як чашм давонду гуфт, ки дар ташхиси хун бояд натиҷаи тромботситҳоро нишон медоданд, аммо дар ин ҷо нест. Ташхиси хун омодакунандагонро мазаммат кард ва моро дубора барои гирифтани ҷавоби тромботсит фиристод. Ман аз духтур пурсидам, ки то соати чанд кор мекунад, ҷавоб дод, ки то соати 5 дар ҳамин ҷост. Модари бемор гуфт, пас маълум мешавад, ки рӯзи гузашта хоҳиши қабул кардан надоштааст. Духтур хунташхискунандагонро дар ҳоле мазаммат мекард, ки дар коғази ба мо навишта додааш ин намуди ташхисро зикр накарда буд. Танҳо ташхиси умумии хун навишта шуда буд ва мо фикр кардем, ки ин намуд бояд ҳамаи ташхиси хунро дар бар гирад ва иштибоҳи ташхисгарон аст. Аммо вақте рафта аз духтури ташхисгар ҷавоби тромботситро пурсидем, ӯ гуфт, ки ин навъи ташхис дар алоҳидагӣ санҷида мешавад ва агар дар коғази духтур(направлений) нанавишта бошад, аз нав супоридан лозим аст ва инро дигар ташхисгарон маълум мекунанд. Дар воқеъ дар коғази навиштаи духтур ташхиси тромботсит набуд. Вале духтур хатои худро ба дӯши ташхисгарон партофтанӣ буд. Ноилоҷ ба ҳуҷраи № 8, ки бояд тромботситро ташхис кунанд, рафта пурсидам, ки агар хун супорем, то кай омода мешавад. Яке аз онҳо гуфт, ки то соати 3 омода мешавад. Пурсидам, ки оё имкон дорад, ки тезтар ҷавоби ташхисро гирам. Аввал не гуфт ва сипас изҳор дошт, ки моҳи Рамазон аст ва савоб ҳам чизи даркорист ва ба ин хотир баъди соате метавонем барои ҷавоб оем. Ба хазинадор гуфтам, ки барои тромботсит чек диҳад, 9 сомонӣ гирифт. Аммо вақте чекро ба ҳуҷраи № 8 бурдам, духтур изҳори норизоӣ кард ва гуфт, ки аслан нархи ин ташхис 2 сомонӣ аст ва хазинадор моро фиреб додааст. Акнун "ноз"-и ташхисгар оғоз шуд ва баҳона пеш овард, ки аслан мо дер омадем, ҷавобаш тӯл мекашад, мо бояд чек намесупоридем ва ғайра. Мақсади ӯро фаҳмидам, яъне мо бояд ба хазина неву ба дасти худи ташхисгарон пул медодем ва вақте чекро додам, норозигӣ карданд. Ман фикр кардам, ки дар моҳи Рамазон некӣ кардан мехостанд, вале наандешидам, ки некӣ ҳам пулакӣ шудааст. Дигар барои зуд гирифтани ҷавоб пофишорӣ накардам ва пурсидам, ки барои хулосаи ташхис кай оям? Баъди як соат, посух дод яке аз онҳо. Баъди 45 дақиқа барои ҷавоби ташхис омадам, вале зани ташхисгар боз ҳамон суханҳояшро такрор мекард, ки дер омадаам ва боз чек гирифтаам…Мақсад фаҳмо буд. Ваъда дод, ки баъди даҳ дақиқа омода мешавад. Вақте дубора омадам, гуфт, ки ҷавоби ташхисро бар ивази шоколад медиҳад. Вақте ҷавобро гирифтем соат 11:50 дақиқа буд ва ба сӯи бинои 11, назди духтур Ш шитоб кардем, ки ҳар чӣ тезтар хулосаи ӯро низ гирем. Аммо аллакай дер шуда буд. Духтур чоштхӯрӣ  рафта буд. Боз интизорӣ ва баъди ним соат духтур омад, вале боз дар назди дари ҳуҷраи духтур мунтазир мондем. Беморони зиёде дар навбат буданд. Ногоҳ як зане ба навбат нигоҳ накарда дарро бо зӯр кушода ба назди духтур даромад. Боз баҳсу муноқиша сар шуд. Билохира баъди 20 дақиқаи навбатпоӣ ба назди духтур даромадем ва ӯ ташхисҳоро аз назар гузаронд ва гуфт, ки фишори сар дорад, акнун дилпур шудам, хулосаамро менависам. ӯ ба навиштан оғоз кард. Аммо дигар шарҳ надод. Ман ба пурсидан шуруъ кардам. Сабаби аз бини хун омадан дар чист? Барои чӣ таб мекунад? Хун омадан аз бинӣ ба дарди сар чӣ алоқамандӣ доштааст ва ғайра. ӯ сараш хам менавишт ва базӯр ба саволҳои ман ҷавоб медод. Аз руи ташхиси духтури лор бинӣ шамол хурдааст ва сабаби хун омадан аз ҳисоби бинӣ нест. Вале ин духтур мегуфт, ки аз ҳисоби сар ва шамолхурдагии бинӣ аст. Хулоса як сӯзандору ва се дору навишт ва чавоб дод. Ба дорухона рафтем ва доруҳоро харидем, аммо сӯзандорӯи "Фибс" набудааст, доруфурӯш мехост ба ҷои он дигарашро диҳад, аммо қабул накардем. ӯ мегуфт, ки ин сӯзандорӯ дар ягон ҷо нест ва мо маҷбурем, ки аз навъи пешниҳодкардаи ӯ харидорӣ кунем. Ин гуфтаҳои ӯ кирдори яке аз духтурони бемористони Қаряи болоро ба ёдам овард, ки вақте ба наздаш меомадам муоина мекард ва сипас аз рӯи рӯйхати доруҳое, ки дар даст дошт ва он доруҳо дар дорухонаи худи ӯ фурӯхта мешуданд, табобат мефармуд. Вақте ба дорухонаи ӯ меомадам ва доруҳои навиштаашро ба доруфурӯш медодам, баъзе аз намуди онҳо ё набуданд ва ё ин ки тамом шуда буданд. Доруфурӯш ба духтур занг зада мефаҳмонд, ки кадом доруҳо нестанд ва духтур ҳамон замон алтернативаи онҳоро пешниҳод мекард. Бо вуҷуди он ки духтур исрор мекард, ки иваз кунам боке надорад, ман рад мекардам. Мехост табобати маро аз рӯи рӯйхати доруҳояш ба роҳ монад ва аз ин роҳ фоидаи ду баробар ба даст орад.

Воқеан сухани доруфурӯше, ки алъон мехост ба кӯдак дорӯи алтернативиро пешниҳод кунад, то андозае асос дошт. Панҷ дорухонаро гаштем, "Фибс" наёфтем, аммо дар дорухонаи навбатӣ пайдо кардем, ки 36 сомонӣ арзиш дошт.

Хулоса муоинае, ки чашмдор будем то нисфирӯз ба анҷом мерасад, ду рӯз тӯл кашид ва он ҳам бо сарсониву интизориҳои зиёде. Вале духтур аз духтур фарқ дорад. Баъзе духтурон ҳангоми муоинаи бемор хеле самимӣ сӯҳбат мекунанд, ба таври муфассал аз ҳолати бемор пурсон мешаванд ва сабаби бемориро хуб шарҳ медиҳанд ва тарзи табобату парҳез аз хурданиҳои зарарнокро мефаҳмонанд. Ба ҳар ҳол ин як боздид ва мушоҳида аз ҷараёни муоинаву ташхиси бемор дар бемористон буд ва танҳо як ҳолати интизориву сарсонӣ аст. Дар ин беморхона садҳо нафар беморон ва бемордорон ба назар мерасанд, ки ҳафтаву моҳҳо дари ҳуҷраи духтуронро "иҷора" гирифтаанд ва маблағҳои зиёдеро барои саломатии худу наздиконашон сарф мекунанду ба "ноз"- и баъзе ҳамшираҳо таҳаммул карда мегарданд.

Манзурам танҳо нишон додани ҷараёни муоинаи беморон дар бемористон буд ва агар имкон даст диҳаду раванди кори духтуронро мушоҳида кунем, шояд воқеан ҳоли онҳо ҳам аз заҳмати бемор беҳтар набошад…

Исфандиёр Халили{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)