Бахшҳо
30 сен 2011 09:38Иҷтимоӣ

600 тобути тоҷик аз Русия

"Ҷавонони тоҷик бо тарс аз он, ки дар бораи мушкилоташон дар Русия, агар наздиконашон хабар ёбанд, аз сафари онҳо ҷилавгирӣ мекунанд, кўшиш мекунанд, дар ин бора расман чизе нагўянд".


"Ба касе нагўй, ки саркалҳо лату кўб карданд"

Ин ҷумлаест, ки муcоҷироне, ки аз миллатгароёни рус зарбу лат хўрдаанд, ҳангоми ворид шудан ба ватан баён медоранд.

Тақрибан аксари ҷавонони муҳоҷири тоҷик аз тоссарҳо ё худ миллатгароёни рус лату кўб шудаанд. Маъмулан, аксари онҳо бо сабабҳои маълум ба мақомоти Русия дар ин бора муроҷиат накардаанд ва дар Тоҷикистон низ пас аз бозгашт онҳо дар мавриди лату кўб шуданашон хомўширо ихтиёр мекунанд. Бо тарс аз он ки дар бораи ин мушкилашон дар Русия наздиконашон хабар ёфта, монеъи сафари дубораи онҳо ба ин кишвар мешаванд.

Умар Салимов (ном иваз карда шудааст) аз ҷумлаи онҳоест, ки аз ҷониби сартарошидаҳои рус шадидан лату куб шудааст ва тавре дар боло ишора кардем, ҳанўз ҳам дар ватани худ дар ин бора озод ҳарф зада наметавонад. Сабаб ҳам маълум аст: Пас аз фаҳмидани ин воқеа волидайнаш ба ў иҷозаи сафарро нахоҳанд дод.

"Вақте, ки то мурдан заданд..."

Умар, донишҷўи соли саввуми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст, ки барои дарёфти маблағи бештар барои таҳсил дар тобистони соли равон ба Русия рафта буд. Ў аввали моҳи сентябр барои идомаи таҳсил ва бо маблағи андаке аз заҳмати семоҳа аз Русия баргашт, аммо бо ҷароҳатҳои гуногуне дар бадан, ки онҳоро пинҳон медорад. Вай дар шаҳри Оренбурги  Федератсия Русия мардикорӣ мекардааст, аммо рўзе дар дохили метро шоҳиди ҳодисае шуд, ки ба гуфти худ, умре онро фаромўш нахоҳад кард.  Умар  нақл мекунад, ки ў дар роҳи бозгашт аз ҷои кор дар дохили метро аз тарафи 6 тан сартарошида, ки бо овози баланд мегуфтанд, "таджики чурки" ба таври ногаҳонӣ  мавриди лату кўб қарор гирифтааст, вале касе ба доди ў нарасидааст.

- Ду рўз шабонарўзӣ кор карда будам. Сахт монда шуда будам ва дар метро ба фикри худам машғул ба ҷои лозимӣ бояд мерафтам. Ногаҳ садои таҳқиромези сартарошидаҳоро шунида, хостам аҳамият надиҳам, ки бе ягон гуфтугў ба ман ҳамла карданд. Маро бо тамоми қувват лату кўб карданд. Ҷое метро ист кард, беҳолу бемадор худро ба берун ҳаво додам. Дар берун ҳам маро заданд ва шояд диданд, ки аз ҳуш рафтаам, фикр карданд, мурдаам ва маро гузошта рафтанд,-ба ёд меорад, Умар.

"Реклама накунед, ки скинхедҳо заданд"

Ба гуфтаи Умар, қариб дар Оренбург ҳар рўз чунин ҳодисахо ба чашм мерасанд, аммо касе на ба доди латукўбшудагон мерасад ва латукўбшудагон низ чун медонанд, ки ба додашон намерасанд, аз шикоят кардан худдорӣ мекунанд. Ў ҳамчунин афзуд, ки баъди ҳодисаи ба сараш омада, фавран чанд маблағе, ки дар даст дошт, чипта харидорӣ мекунад ва баъд аз 2 рўз ба Тоҷикистон бармегардад.  Ва фавран ба беморхонаи Қарияи Болои Душанбе рафта, аз озмоиши тиббӣ мегузарад. Натиҷаи озмоиш нишон додааст, ки дар сар ҷароҳати вазнин бардоштааст ва зуд бояд муолиҷа гирад. Баъд аз озмоиш вай ба Бадахшон рафта  ҳафтае  дар яке  аз беморхонаҳои ноҳиявӣ ба табобат машғул мешавад. Умар мегўяд, аз ҳодисаи ба сараш омада, на танҳо ба ниҳодҳои кудратию ҳуқуқии Русия муроҷиат  накардааст, балки аҳли оилааш низ аз ин хабар надорад.

-Ман намехоҳам, ки номам дар рўзномаҳо зикр шавад. Зеро  агар волидайнам аз ин қазия огоҳ шаванд, дигар иҷозати ба Русия рафтанро ба ман намедиҳанд. Ман дар хонаводаам писари бузургам. Бояд бо ҳама мушкилӣ рафта кор кунам ва ҳам маблағи таҳсиламро пайдо кунам ва ҳам ба хонаводаамон кўмак кунам,- мегўяд, ў.

Бо ин ҳама мушкил ў хоҳиши ба Русия рафтан дорад, аммо ин бор на ба Оренбург, балки ба ягон шаҳри амнтар ва холӣ аз сартарошидаҳо.

Вай мегўяд: "Бовар кунед, доираҳои манфиатдор дар Русия ба фаъолияти чунин гурўҳҳои қавмгаро ҳадафмандона мусоидат мекунанд. Ман қаблан ҳам аз забони дўстонам зиёд шунидаам, ки маротибаҳои зиёд аз ҷониби тоссарҳо мавриди лату кўб қарор гирифтаанд ва ба ниҳодҳои қудратии Русия  муроҷиат ҳам кардаанд, аммо ҳамааш  бефоида ва онҳо хаста шудаанд".

Хортарин муҳоҷир дар Русия

Лату кўби муҳоҷирон аз ҷониби сартарошидаҳои рус мушкили ягона нест. Зайниддин, як муҳочири дигари тоҷик, ки наздик ба 12 сол дар Оренбург ва дигар шаҳрҳои мухталифи Русия кору зиндагӣ кардааст, мегўяд, лату куби муҳоҷирон як тарафи масъала ҳаст. Ба гуфтаи ў, аксари муҳоҷирон меҳнат мекунанд, аммо маблағашонро намедиҳанд ва касе ба додашон намерасад.

- Ҳатто ман писарбачаҳои тоҷикро медонам, ки аз маҳз бо чунин мушкилот  надоштани пул ё сари вақт ба даст нагирифтани он дар таҳхонаҳо ва вагонҳо мехобанд. Ҳатто боре шоҳиди ҳол ҳам шудам, ки муҳоҷирони бесарпаноҳи тоҷикро ҳангоми талаб кардани ҳақмузд, сардорони ширкатҳо мавриди латукўб қарор додаанд,-нақл мекунад бо афсус ў.

Аммо бо ин ҳама мушкилот сафи онҳое, ки мехоҳанд, ба муҳоҷират раванд, коҳиш намеёбад. Алисултон Гадомамадов,  шаҳрванди 24 солаи Тоҷикистон, зодаи водии Вахони Бадашон дар сўҳбати телефонӣ ба "Озодагон" гуфт, маоше, ки барои мо муҳоҷирон дар ин ҷо таъин кардаанд, дар муқоиса бо маоши Тоҷикистон хеле беҳтар, аммо ба маоши ҳадди ақалли русҳо баробар аст. Бовар кунед,- мегўяд, Алисултон,- ин маошро  бештари вақтҳо хеле дер медиҳанд, аммо баъзан тамоман намедиҳанд.

- Тамоми масъулини сафорати Русия дар Тоҷикистон ва дигар масъулин низ аз чунин қазияҳо хеле хуб огоҳанд, ки муҳоҷирони тоҷик чӣ ҳолу аҳвол доранд. Чунин мушкилот дар Русия бовар кунед, оҳиста-оҳиста оддӣ шуда истодааст, вале боз ҷабр ба сари мардум, бо таассуф қайд кард, ҳамсўҳбатамон.

Аммо Илҳом, як ҷавони дигари  тоҷик мегўяд, ки мушкилоти муҳоҷирони тоҷик 16 сол боз идома дорад ва барои аз байн бурдани он ҳеч боварам нест.  Ба иддаои ў, фиреб додани муҳочири тоҷик, кушта шудани онҳо ва латукўбашон барои мардуми Русия ба як раванди маъмулӣ табдил шудааст.

- Илоҷ нест, зеро ман шахсан 1 соат дар ватани худам истодан наметавонам, зеро оилаам бузург аст ва онҳоро хўрондану пўшонидан лозим. Бо 300 сомонӣ магар мешавад, зиндагии хешро пеш бурд, албатта не. Инчунин овозаҳои  тоҷикро тоссарҳои рус  ба  зарби корд ба қатл расонданро мешунавем,  замин сахт осмон баланд,  гуфта, сабр карда,  хомўш бояд бишинем,-бо таасуф мегўяд, ў.

Сафорат, созмонҳои муҳоҷират, вале ҳамоно танҳоӣ

Оё роҳе вуҷуд дорад, то сокинони Тоҷикистон чунин ранҷ накашанд?

Абдулло Давлатов, раиси иттиҳодияи Тоҷикони Русия дар ин росто гуфт, ки худи дирўз аз шаҳри  Маскав ва Самара, боз тобути  2 нафар тоҷик ба кишвар оварда шуд, ки сабабашро марги фоҷиавӣ унвон кардаанд.  Давлатов бо таассуфи хеле зиёд қайд кард, ки тахминан 2 - сол қабл  дар шаҳри Екатеренбург маркази иттилоотии байналмиллалӣ ташкил карда шуд, ки раисии онро Ҳамза Касиров ба ўҳда дошт. Мақсади ин марказ аз он иборат буд, ки фикру андешаҳои муҳоҷирони дар Екатеренбург бударо дар бораи фаъолияти консули он вақта Фаррух Шарипов  пурсон шаванд. Бовар кунед мегўяд, ў, аз байни 1000 нафар тоҷик танхо 1 нафар ба фаъолияти кории у баҳои мусбат дод, 999 нафар изҳори норозигӣ  карданд. Бо ин суханон ман  мехоҳам бигўям, ки тоҷикон дар ҳақиқат ҳам нисбати дигар кишварҳо дар Русия ва тамоми шаҳрҳои он мушкилоти бештаре доранд. Чунки худи сафорати Тоҷикистон дарРусия ва дигар созмонҳои вобаста ба он ба мушкилоти муҳоҷирон сахт беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ҷаноби Давлатов  афзуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия фақат аз нафароне пуштибонӣ мекунад, ки маблағи зиёд доранд. Ҳамеша байнашон тафриқа мегузоранд. Ман ҳеч нафаҳмидам, мегўяд вай, сафорати Тоҷикистон дар Русия ва дигар масъулин барои дифоъ аз мардуми бечораи тоҷик ба вазифаҳои интихоб шудаанд ё барои ба даст овардани маблағ? Ҷаноби Давлатов ба тариқи мисол нақл мекунад, ки ў  ҳатто шикояти сокинони шаҳри Красноярскро дар даст дорад, ки барои шаҳодатномаи баргашт ба Ватан аз 1000 рубли руси то 15 000  аз онҳо талаб кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки нархи қонунии он 200 рубли русӣ аст, ки он ҳам барои  баровардани хароҷоти конселярӣ ба роҳ монда шудааст. Ин магар аз рўи адолат аст, ки ба ҷои кўмак ба онҳо аз онҳо маблағ талаб кунанд. "Ман барои ҳалли мушкилоти зиёди тоҷикон вақте ба сафорат муроҷиат мекунам, онҳо дар ҷавоб мегўянд, ки аъзои шуро нестед ва шумо барои  ҳалли чунин проблемаҳо дастдарозӣ накунед. Гуфтаниям, ки мушкилоти тоҷикон ҳалшаванда аст, аммо масъулин он хеле бемасъулиятанд. Ва тамоми мушкилот ва муроҷиати муҳоҷирон хунукназарона муносибат мекунанд. Худро дар назди Эмомалӣ Раҳмонов як одами содиқ нишон медиҳанд, вале чун президент ба Тоҷикистон бармегардад, боз ришваситониву тафриқаандозӣ" мегўяд ў.

Масъулини хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон бар ин ақидаанд, ки ин мушкилот танҳо хоси мардуми тоҷик нест, балки ўзбакҳо, қирғизҳо ва қазоқҳо ҳам он ҷо азият мекашанд. Ба қавли масъулин, онҳо ҳамеша кўшиш мекунанд, сари вақт ба  шикояти онҳо расидагӣ  кунанд.

Абдулло Ҳабибов, раиси созмони ҷамъиятии  дўстони Русия, низ гуфт, ки масъалаи мазкур хеле ташвишовар аст, онро ҳатман бояд мавриди баррасӣ дар сатҳи сиёсии Русия ва Тоҷикистон қарор дод. Вале ў бо таассуф гуфт, ки сафорати Русия дар  муддати 15 ё 16 сол ягон маротиба ягон системаи навро ҷорӣ накард. Ва мисол овард, ки фақат сафорати Тоҷикистон дар Русия дар фикри ҷамъ кардани маблағ аст.

- Ман маротибаҳои зиёд ба Русия сафар анҷом медиҳам ва зиёд ҳам мешунавам, ки ҳатто барои одитарин варақчаи рухсатӣ, ки арзиши 10 сомониро шояд дошта бошад,  100 доллар масъулини талаб мекунанд. Рости гап баъди ҳама ин гапу кор  дилшикаста мешавам. Барои ҳамаи ин мушкилотро аз байн бурдан системаи нав ҷорӣ кардан лозим аст,- мегўяд ў.

Тибқи иттилои расмии омори Тоҷикистон дар Русия 700 000 муҳоҷири тоҷик кор мекунанд. Вале созмонҳои байналмиллалӣ ин оморро сирф нодуруст мешуморанд. Ба андешаи ин созмонҳо шумораи онҳо беш аз 1 миллион аст.

Тибқи иттилои охирин наздик ба 600 тобути муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон оварда шудааст ва дар байнашон ононе ки, аз тарафи тоссарҳо ба қатл расидаанд, кам нестанд.  Аммо онҳое, ки аз сартарошидаҳо лату куб хўрдаанд, боз дубора ба Русия мераванд, вале дар бораи лату куб шуданашон ба ҳеч кас лаб намекушоянд, то наздиконашон монеъи ҳиҷраташон нашаванд.

Ҷамила Мирбозхонова

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)