Бахшҳо
02 дек 2011 10:18Сӯҳбати рӯз

Абдулло Ҳабибов: «Бо як изҳороти ВКХ мушкили муҳоҷирон ҳал намешавад»

Боздошт ва ба маҳкама кашидани халабонҳои Русия аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ва дар ин замина сард гардидани муносиботи ду кишвар, тайи чанд муддати ахир мавзӯи рақами 1 барои ВАО шуд. Ҳанӯз сару садои халабонҳо анҷом наёфта, чанд рӯз пеш ду   шаҳрвандони Тоҷикистон- Бахтиёр Расулов ва Зокир Қурбонқулов аз сӯйи афроди номаълум дар ФР ба қатл расиданд. Коршиносон ҳадс мезананд, ки мӯътадил гаштани муносиботи Тоҷикистону Русия аз амалкарди роҳбарони сатҳи болоӣ вобаста аст, на чизи дигар. Хабаргузории «Озодагон» дар робита ба ин ва бархе аз паҳлӯҳои масъалаи номбурда сӯҳбате дошт бо Абдулло Ҳабибов, генерали мустафъӣ, роҳбари созмони ҷамъиятии «Дӯстони Русия» Озодагон: Ба назари шумо айни ҳол муносиботи Тоҷикистону Русия дар кадом сатҳ аст ва онҳоро чӣ гуна баҳогузорӣ метавон кард? Абдулло Ҳабибов: Воқеаҳои охир роҷеъ ба дастгир шудани халабонҳои Русия пеш аз интихоботи ин кишвар муносибатҳои ду ҷониб- Тоҷикистон ва Русияро сард кард. Лекин фикр мекунам, ки ин омил дар муносибатҳои ҷонибҳо  набояд таъсири зиёде расонад. Ҳоло бароямон масъали доғ ин вазъияти кунуни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мебошад. Зеро дар ҳақиқат  ҳуқуқи онҳоро дар Русия касе ҳимоя намекунад. Танҳо дар он вилоятҳое, ки созмонҳои тоҷикон фаъолият мекунананд, корҳои муҳоҷирони тоҷик идорашаванда аст ва аз ҷониби сарпарастон дар як ҳолати хуб қарор доранд, вале мутаасифона дар дигар қисматҳои Русия, дар дигар вилоятҳо аз вазъияти онҳо касе хабардор нест. Агар умуман гирем чанд сол, аст, ки муносибати Тоҷикистону Русия  хуб аст ва шартномаҳои гуногун байни ду давлат амал мекунад. Дар Русия гурӯҳҳои фашистӣ хело зиёд мебошанд, ин барои Русияи сермиллат хуб нест, онҳо эътибору обрӯи ин кишварро паст мекунанд. Мутаасифона, ҳамон гуруҳҳо имрӯз дар Русия сар бардоштаанд ва муҳоҷирони ҳамватани мо ҳадафи ҳамлаву таъқиби онҳо қарор мегиранд. Ин воқеъият аст. Озодагон: Тайи як моҳи ахир дар Русия се ҳамватани мо ба қатл расонида шуд. Ду нафари онҳо ба таври ваҳшиёна ва даҳшатнок (сарбурида) кушта шуданд. Паёмади ин ҳаводис чӣ хоҳад буд? Абдулло Ҳабибов: Мутасифона аз ҷониби ҳукумат, ВКХ, аз тарафи сафорати мо дар Русия ягон ҳушдор ва этироз нест. Паёмади кушта шудани се ҳамватани мо  ҳамин аст. Ин амалҳо як бори дигар  нишон медиҳад, ки шаҳрвандони мо ягон пушту паноҳ надоранд ва ҳуқуқҳои онҳоро дар Русия ягон кас ҳимоя намекунад. Агар мо нисбат ба ин қазияҳо ягон масалагузорӣ накунем ва барои боздошт ва муҷозот намудани ҷинояткорон истодагарӣ накунем, ин  амалҳо идома ёфтан мегиранд. Мо бояд талаб кунем, ки ҳуқуқи шаҳрвандонамон дар Русия ҳифз шавад, он вақт муҳоҷирони меҳнатии мо мефаҳманд, ки соҳиб доранд.        Озодагон: Оё изҳороти парлумон, ВКХ азҳоби сиёсӣ натиҷае медиҳад? Абдулло Ҳабиб: Муносибатҳои байнии давлатӣ пеш аз ҳама аз изҳороти ВКХ сар мешавад, яъне ҳар як давлат муносибату кору фаъолияташро бо дигар давлатҳо аз изҳороти ВКХ оғоз мекунад. Албатта бояд ВКХ-и мо изҳорот диҳад, лекин бо як изҳороте, ки дар ВАО  чоп мекунад натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд. Бояд масъулин баъди пахши изҳорот ҷиддӣ кор кунанд, он вақт метавон ба муваффақият даст ёфт. Бояд нисбати ҳодисаҳои куштори муҳоҷирони тоҷик омори мушаххас дошта бошанд, муайян намоянд, ки дар кадом вилояти Русия чунин ҳодиcаҳо зиёд рух медиҳад, ин маълумотҳоро ба ҳукумати Русия пешниҳод намояд. Ба он минтақа намояндагони ҳукумат ва вакилони мардумӣ равон шаванд. Вакилони мардумӣ ва намояндагони ҳукумат барои пешгирии ин ҳодисаҳо бо намояндагони давлати Русия гуфтушунид гузаронанд. Озодагон: Роҳи бурунрафт аз ин ҳодиса ба назри Шумо кадом аст? Абдулло Ҳабиб: Фикр мекунам барои ҷилави ин ҳодисаҳоро гирифтан пеш аз ҳама бояд ҳукумати Тоҷикистон бо вилоятҳои гуногуни Русия бевосита ҳамкорӣ дошта бошад. Намояндагони ҷумҳурии мо бояд бо намояндагони ҳукумати Русия барои ҳифз кардани ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва барои беҳтар намудани вазъи будубош ва пайдо кардани  ҷои кор пайваста мулоқот намоянд. Худи вакилон ва намояндагони мо дар Русия барои сӯҳбат ва шиносоӣ аз вазъи зиндагии муҳоҷирон бираванд. Он вақт ин мушкилиҳоро аз байн бурда метавонем.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)