Бахшҳо
30 дек 2011 12:14Гузориш

Соли Нави «Tcell»-у нағмаҳояш, «Лови удачи» ва «гӯл»-и муштариён

Рӯз ҳам ба поён расид, аммо паёми «Tcell» аз Вефа-Сентр то хабаргузории «Озодагон» нарасид. Ё шояд омаду дар роҳ ӯро «вирус» хӯрд?  Ба болои ин «Tcell» аз муштариёни миллионнафарааш ҳатто узр напурсид.

 

Ширкати мобилии «Tcell », ки қаблан бо номи «Indigo-Tjk» ёд мешуд, ҳамаро «қоил» кард. Аку «қоил» накарда бошад ҳам, кулли муштариёнашро бо як нӯл зад. Тасаввур мекунед, ки «ҳаводорон»-и ин ширкат дар саросари Тоҷикистон наздик ба 2 миллион нафаранд, ҳарчанд ин омори расмӣ нест. Масъулини ин Гиганткорхона бошанд, иддао доранд, ки: «Мо беш аз 2 миллионем», «Бо мо наздикиро эҳсос мекунед»…. Хайр, чӣ агар 2 миллион ҳамватани мо дар муҳоҷират бошанду дарди ҳиҷрону фироқ кашанд, 2 миллион муштарии «акаи  Tcell» кайфу сафо карда шинанд, хуб аст?  Не! Намешавад, бояд муштариёни  «Tcell» ҳам кам-кам азоб кашанд, фиреб хуранд ва таҳқир шаванд, не? Чаро не: Агар ҳа ва ҳам агар не, биёед, бо ҳам бубинем, ки чӣ буду чӣ шуд.

«Чунин иқдомро тамоми кишвар дар ёд надорад». Маҳз ана ҳамин тавр шурӯъ мешуд, ҳамҳамаву дамдамаи PR-рекломи навбатии  аксияи «Лови удачу 2011», ки аз сӯи ширкати  «Tcell» ҳанӯз 25-уми октябри соли равон оғоз гардида буд. Ин ширкат аз тамоми васоити иттилоъ истифода карда ҳамвора мегуфт, ки бо «Tcell» орзуҳо амалӣ мегарданд! Иштирок намоед ва 6 адад автомобилҳои «KIA Sportage» бурд намоед. Барои иштирок намудан дар аксия, Шумо бояд ба рақами 777 занг занед ва ё паёмак ( SMS – паём)  фиристед, баъд аз чанд дақиқа таввасути паёмак шумо лотореяро бо рақами тартибии худ мегиред. Арзиши як адад SMS - паём ё занг ба рақами кўтоҳи 777 - ҳамагӣ 1 сомонӣ бо ҳисоби ҳамаи андозҳо таъин карда шудааст! Хамчунин, 10 нафар иштирокчиёни фаъолро планшетҳои «Apple iPad 3G интизоранд. Боз ҳам илова мешуд, ки ҳар чӣ зиёдтар ба рақами 777 SMS - паём фиристед ва ё занг занед, ҳамон қадар зиёдтар имконият доред, ки яке аз автомобилҳоро бурд намоед.

Маврид ба тазаккур аст, ки аксия барои муштариёни «Tcell», ки рақами телефонашон бо рамзи 92 ва 93 сар мешавад, роҳандозӣ гардида буд. Ин чорабинӣ ё худ «пиари сердаромад» аз  25 октябр то 27 декабри соли 2011 давом дошт.

Кӣ гунаҳкор: «Tcell»  ё радиои «Ховар»?

Ҷавоб хеле содда аст, боз ҳам муштарӣ, ки ин ширкатро барои хидматрасонӣ пазируфта, ба ҳамёни бетаги он маблағ мерезад. Ҳоло ки сарфаҳм нарафтаед, таваҷҷӯҳ: Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки бозии мукофотии аксияи «Лови удачу»   3 адад кроссовер барои муштариёне, ки рақами телефонашон бо рамзи 93 сар мешавад, санаи 29 декабр соати 15:00 дар пахши мустақим радио «Ховар» (101.5FM) баргузор мегардад.Ҳамзамон, барои муштариёне, ки рақами телефонашон бо рамзи 92 сар мешавад, санаи 29 декабр соати 15:00 дар ш. Хуҷанд, назди арчаи солинавии хиёбони К. Хуҷанди ба воситаи пахши мустақими «ТВ Суғд» баргузор мегардад.

Банда ҳам, ки 7 сол боз муштарии «Indigo», эъ, мебахшед, «Tcell» ҳастам, табиист, ки дар бозӣ ширкат карданӣ будам, аниқтараш барои санҷиш (проба) ширкат кардам. 78 паёмак унвонии 777 ирсол карда, ба сари 78 сомонии бо хуни қалам ёфтаам оби хунук рехтам. Фикр накунед, ки дилам барои 78 сомониям сӯхт, не! Ҳоли 2 миллион муштарии «фиребхӯрда» пеши назарам омад, ки яке аз онҳо манам.

Хуллас, расо соати 15-00-и  рӯзи 29-уми декабр, гӯшии радиоро ба мавҷи радиои «Ховар» тупа-туғрӣ карда, натиҷаи эълони аксия ва иқболдоронро интизор шудам. 20 дақиқа гузашт, ним соат пушти сар шуд, аз радио фақат садои мусиқӣ бо овози Давлатманди Хол, Ҷӯрабеки Мурод, Меҳрнигори Рустам ва ғайраҳо меомад, аммо аз «Лови удачу» ва аксияи «Tcell» дарак набуд. Шояд мушкили фаннӣ асту баъдтар сар мекунанд, аммо чӣ мегӯед, ки баъдтар ҳам чизе нагуфтанд. Тоқатам тоқ шуду ба «колл-сентр» ё худ маркази хизматрасонӣ ва сервиси ширкат тамос гирифтам, пас аз 14 дақиқаи интизорӣ бо як оператор, ки баъдтар исмаш бароям рӯшан шуд, тамос гирифтам. Вақте ки аз ӯ (Ғайрат ба гуфташ) суол кардам, ки чаро дар радиои «Ховар» дар бораи аксия чизе намегӯянд, дар ҳоле ки қаблан ваъда шуда буд ва дар сомонаи расмии «Tcell» ҳам иттилоъ пахш карда буданд. Ғайрат-оператор ғайрат карда гуфт, ки нашуд-да, аку ба Кохи Ваҳдат наздик шавед. Барояш фаҳмонидам, ки ман дар корхонааму наметавонам коргоҳро тарк кунам. «Чӣ магар ягон ҷоят кам мешавад?»,- гуфта гӯширо гузошт… Дигар то соати 18-00 на аз аксия дарак буду на аз «Лови удачу»  

Беэҳтиромӣ

Имрӯз (30-юми) декабр хабаргузории «Озодагон» ба ширкати «Tcell» дар тамос шуда, ғолибони бозии мукофотии аксияи «Лови удачу»-ро фаҳмидан хост. Аммо боз ҳам дар «Tcell»-и калон гуфтанд, ки: «Мо тариқи телефон хабар дода наметавонем, ба воситаи пуштаи электронӣ натиҷаи озумунро ба шумо равон мекунем».

Рӯз ҳам ба поён расид, аммо паёми «Tcell» аз Вефа-Сентр то «Озодагон» нарасид. Ё шояд омаду дар роҳ ӯро «вирус» хӯрд?

Ҳадди аққал «Tcell» аз муштариёни миллионнафарааш, ки ба ин ширкат ҳудуди 800 ҳазор паёмак (SMS) ба манзури иштирок дар аксия ирсол карда буданд ва пахши мустақими натиҷаи онро ширкат таъмин накард, узр напурсид. Ҳатто сабаби онро ҳам шарҳ надод. Маълум гашт, ки «Tcell» 2 миллион одамро эҳтиром намекардааст… Ё не? Ҳа!

Хилватшоҳи Маҳмуд

PS: Суоли боз ин аст, ки чаро ва барои чӣ пахши мустақими аксияи «Лови удачу» тариқи радиои «Ховар» таъмин нагардид ва масъули ин бемасъулиятӣ кист? Ширкат ва ё иҷрочӣ?

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)