Бахшҳо
25 янв 2012 04:44Гузориш

Дар Душанбе шабона ҳам дарс мехонанд

Аммо мо аллакай дер кардем, бояд ин мактабҳо барвақт таъсис дода мешуданд, бархе аз ҷавонони мо аққалан таҳсилоти пурраи миёна ҳам надоранд…

Теъдоди хоҳишмандон барои таҳсил дар синфҳои шабона, ки дар чор мактаби ноҳияҳои  пойтахт таъсис дода мешавад, ба 600 нафар расидааст.Гулнора Бобоева, сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар як нишасти хабарии созмонётфт эълом дошт, ки айни замон масъалаи дар кадом мактабҳо ҷорӣ кардани ин навъи тадрис ҳалли худро ёфтааст. Барои таҳсили шабона мактабҳое интихоб гардидаанд, ки ҷойи нишасти зиёд доранд ва барои ҳозир шудан ба мактабҳои мазкур хизматрасонии воситаҳои нақлиёт хуб ба роҳ монда шудааст ва ин таълимгоҳҳо ҳамагӣ дар маркази шаҳр ҷойгиранд.
Хонум Бобоева мегӯяд, феълан теъдоди онҳое, ки ба таҳсили шабона рағбат доранд, ба 600 нафар расидааст. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар мактабҳои шабона таҳсил ройгон буда, шаҳрвандони аз 16-сола то 50-сола ҳуқуқи таҳсил карданро доранд. Қарор аст, ки синфҳои шабона дар давоми соли 2012 ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард.

 

Коршинос: Ин таҷрибаи нав нест

Шариф Муллоев, устоди донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба он назар аст, ки таъсис додани мактабҳои шабона танҳо ба манфиати беҳбуд бахшидани фаъолияти сохтори маориф мебошад: «Гумон мекунам,ки шояд аз ташкил намудани ин мактабҳо сафи бесаводон кам карда шавад. Баъзеи ҷавонон рӯзона аз пайи ризқу рузӣ шуда мактабро фаромӯш карданд. Фикр мекунам,шояд бо ин роҳ каме ҳам бошад савияи дониши шахсони аз макотиб дуршударо таъмин намоем, ин таҷриба шояд меваҳои хуб ба бор орад. Ҷавонони тоҷик акнун метавонанд рӯзона кору фаъолият намуда, шабона дониш андӯзанд». Номбурда иброздшт, ки ин таҷриба пеш дар ҷумхурӣ амал менамуд, бисёр шахсони  машҳури соҳаи илми тоҷик дастпарварони мактабҳои шабона мебошанд. -Аз ин таҷриба шояд бурд намоем,-афзуд Шариф Муллоев, устоди донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия  
Ҷовид Муқимов, устоди ДМТ таъсис шудани мактабҳои шабонаро иқдоми хуб арзёбӣ намуда изҳор дошт, ки таъсиси мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шабона, ки асосан дар он нафароне, ки рӯзона кор мекунанд, ё ин ки аллакай синну соли онҳо барои рӯзона таҳсил кардан дар мактаби ҳамагонӣ мувофиқ нест, барои онҳо равона шудааст: «Ин иқдоми хуб аст. Дар замони шуравӣ чунин мактабҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳо умуман дар собиқ шуравӣ вуҷуд доштанд. Мутаасифона, баъд аз соҳибистиқлолии кишвар вақте ҷанги шаҳрвандӣ сар заду бесару сомониҳо шуд ин мактабҳо аз байн рафтанд. Аслан, таҳсилоти шабона чизи нав нест, ҳатто дар донишгоҳу донишкадаҳо шӯъбаҳои шабона ҳам буданд, ки аслан барои нафароне равона шуда буд, ки рӯзона кор мекарданд».   Номбурда ба он назар аст, ки мо аллакай дер кардем бояд ин мактабҳо барвақт таъсис дода мешуданд зеро  аллакай як гурӯҳи ҷомеаи мо аз мактаб дур монданд ва онҳо аққалан таҳсилоти пурраи миёна ҳам надоранд. Ӯ мегӯяд, то кадом дараҷа ин таҳсилот воқеӣ сурат мегирад ва дар он ҷо доништалабон чӣ гуна дониш меомӯзанд, ин суоли дигарест. Дар ҳоле, ки имрӯз сатҳи дониш дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии рӯзона дар сатҳи паст қарор дорад ва дар донишгоҳу донишкадаҳо низ талаботи донишомӯзи дар сатҳи поин аст наметавон гуфт, ки ин мактабҳо имрӯз яку якбора сатҳи дониши довталабонро боло мебаранд. Агар воқеан ҳам барномаҳои мактабӣ пурқувват бошанд ва аз шогирдони дарсхон  ба таври бояду шояд илм талаб карда шавад, он вақт шояд ин мактабҳо донише ба шогирдон диҳанд. Агар ба хотири ному ба хотири гирифтани номаи камол дар бораи хатми мактаб бошад ва агар талабот чиддӣ ба роҳ монда нашавад, аз ин навъи таҳсил ҳам чизеро интизор шудан мумкин нест, ҳатто ба гумон аст, ки чизе ба даст орем.

Ибодуллоҳи Тоир

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)