Бахшҳо
24 фев 2012 06:37Иҷтимоӣ

Оё стандарти "ҳалол" дар Тоҷикистон пайдо мешавад?

Шунидан ё дидани навиштаҷоти "ҳалол" дар кишварҳои ғайримусалмон чизи табиист.

(Гӯшти "ҳалол" - "мурғи ҳалол"...)

Зеро аксари сокинони ин давлатҳо пайравони дину мазҳаби дигаранд ва истилоҳи "ҳалол" ба пайравони дини ислом хос аст. Аммо солҳои охир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, ки аксари аҳолиаш мусалмонанд, маҳсулоте бо навиштаҷоти "ҳалол" пайдо шуд.

Ба ақидаи коршиносон дар маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯштию ширӣ навиштани калимаи "ҳалол" аз як тараф ба хотири ислом ҳалол будани маҳсулот бошад, аз тарафи дигар ҳадаф ҷалби харидор аст. Аммо ҳамаи он маҳсулоте, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаваду навиштаҷоти "ҳалол" доранд, воқеан ҳалоланд?!

Мардум чӣ мегӯяд?

Бештари мардум дар Тоҷикистон ба ҳалол будани маҳсулоти бо ном "ҳалол" шубҳа доранд ва мутмаинанд, ки истеҳсолкунандагон аз онҳо ҳақиқати ҳолро пинҳон медоранд. Масалан, гӯшти яхкунонидашуда, ки дар аксари бозору мағозаҳо мефурӯшанд, баҳси зиёдеро оиди ҳалол будани он ба миён овардааст. Бархе аз фурӯшандагон онро маҳсулоти Эрон, қисми дигар аз они Ҳиндустону Индонезия муаррифӣ мекунанд.

Гурӯҳе ба "ҳалол" будани гӯшт "сад фоиз гарантия" медиҳанд. Қисми дуюм эҳтиёткорона мегӯянд, ки кафолат дода наметавонанд, зеро аксари ин гӯштҳо аз Ҳиндустон ворид мешаванд ва кас намедонад, кӣ ва чӣ гуна забҳ мекунанд? Дар мавриди ҳалол будани ҳасибҳои Тоҷикистон низ гумону шубҳа ва овозаҳо зиёд аст.

Таҳлилу пурсишҳои мо нишон дод, ки аксари мардум намедонанд, ки ҳасибҳо аз чӣ сохта мешаванд. Мардум мегӯянд, ки аз гӯшти ҳалоли чорвои маҳаллӣ не, зеро дар ин ҳолат оё аз рӯи мантиқ аст, ки қимати як килограмм гӯшти гов 28 сомонӣ бошаду ҳисоби миёнаи нархи ҳасиби истеҳсолшуда аз 6 то 30 сомонӣ шавад?!

Истеъмолкунандагон бар ин ақидаанд, ки шояд ба таркиби ҳасибҳо гӯшти кала ва рӯдаю меъдаи ҳайвон, лӯбиё, гӯшти гову мурғи аз дигар кишварҳо воридшударо омехта созанд. Овозаҳо низ вуҷуд дорад, ки гурӯҳи соҳибкорони беинсоф аз истифодаи гӯшти ҳайвони худмурдаву мамнӯъ ва дигар маводҳои манъшуда рӯй намегардонанд ва бо ин корашон ба рӯйи ҳамаи истеҳсолгарон хати сиёҳ мекашанд. Пас чӣ бояд кард, ки гумону шубҳаҳои мардум бартараф шаваду маҳсулоти воқеан ҳалол ба вуҷуд ояд?!

Ҳалол чист?

Ҳалол аз калимаи арабии "ал-ҳалол" гирифта шуда, маънои он иҷозат дода шудааст. Аз назари олимони ислом ҳалол ашё ва амалест, ки дар асоси оятҳои "Қуръон" ва аҳодиси набавӣ истеъмол ва истифодаи он иҷозат дода шудааст. Аммо он амал ё ашё, ки дар Қуръон ва ҳадисҳои паёмбар ҳазрати Муҳаммад (с) истифода ва истеъмоли он манъ карда шудааст, ҳаром ном дорад. Масалан, истифода, истеъмол ва фурӯши гӯшти хук, моли худмурда, хун ва моли ба ғайри номи Аллоҳ забҳшуда...

Аксари олимони ислом ақида доранд, ки истеъмоли гӯшти моли мурда хатари марговар дорад. Аммо хук ҳайвонест, ки ҳамаи чизро бетафовут мехӯрад, ҳатто гӯшти ҳамҷинсони мурда ва зиндаи худро. Аз ин рӯ, истеъмоли гӯшту равғани хук дар ислом ҳаром аст.

Забҳ ё қувваи барқ?

Мутахассисон мегӯянд, ки агар мол бо қувваи барқ кушта шавад ё тавассути болға ба сараш кӯфта шавад, дили ӯ якбора аз кор мемонад, баъдан ҳарчанд корд истифода шавад ҳам, хун дар бадани ҳайвон боқӣ мемонад ва табиист, ки сабаби иллатҳои зиёд шуда метавонад. Вале вақте ки мол мувофиқи талаботи шариат забҳ карда шавад, ҳайвон пойҳояшро сахт ҳаракат медиҳад ва ҳамин тавр тамоми хун, хилтҳои зараровар, ҳормонҳои тарс ва адреналин аз бадани ӯ хориҷ мегардад.

Забҳ чист?

Забҳ куштани чорво ва парандаи иҷозатшуда, аз қабили гову гӯсфанд ва шутуру буз, мурғ бо зикри номи Аллоҳ, аз ҷониби мусалмон ва бо истифода аз корд аст. Аммо мувофиқи талаботи ислом забҳ шартҳои худро дорад. Кушандаи мол, яъне қассоб бояд мусалмон ва болиғ бошад. Қобилияти кор дошта бошад. Мол бояд солим бошад. Дар пеши чашми мол тез кардани корд дуруст нест. Корд бояд тез ва дароз бошад ва як бор ба ҳалқи чорво ронда шавад. Инчунин, набояд дар пеши як мол чорвои дигар кушта шавад.

Ҳам ҳалол ҳам муфид

Талоши мусалмонон барои луқмаи ҳалол, табиист, зеро ин супориши Худованд аст, ки дар китоби муқаддаси Қуръони карим борҳо зикр шуда. Аммо имрӯз на танҳо мусалмонон, балки пайравони дину мазҳабҳои дигар низ ҳарчӣ бештар ба маҳсулоти ҳалол рӯй меоваранд. Танҳо ҳамин далел кофист, ки соли 2011 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти "ҳалол" дар дунё ба 2,1 триллион доллар расидааст.

Сабаби асосии рушд ёфтани бозори маҳсулоти ҳалол дар он аст, ки он пурра ба талаботҳои ветеринарӣ, беҳдорӣ-вогиршиносӣ ва экологию стандарти ҷаҳони муосир мувофиқ аст. Аз сӯи дигар, талаботи бозори истеъмолӣ аз ҷониби кишварҳои исломӣ бузургтарин давлатҳои тавлидкунандаи гӯшт - Австралия, Индонезия ва Бразилияро водор сохтааст, ки мувофиқи талаботи шариат маҳсулоти гӯштӣ истеҳсол кунанд.

Дар Тоҷикистон кай стандарти "ҳалол" пайдо мешавад?

Имрӯз дар аксари давлатҳои дунё, аз ҷумла, Русияву Қазоқистон сохторҳои махсусе ҳастанд бо унвони Кумитаи "ҳалол" ё "маркази стандарти ҳалол". Ин сохторҳо аз ҳисоби намояндагони уламои дин ва идораҳои дахлдори давлатии масъули сифати таркибёфта, вазифаи он танзими истеҳсоли маҳсулоти ҳалол аст. Аъзои ин марказҳо дар асоси дархост ба ин ё он корхона рафта, ҷараёни истеҳсол ва ашёи хоми онро ташхис мекунанд ва дар ҳолати мувофиқи талаботҳои шариат ва меъёрҳои беҳдорӣ-вогиршиносӣ будани он, ба корхона ҳуҷҷати расмӣ-гувоҳномаи "ҳалол" медиҳанд.

Ба ақидаи коршиносон ҷорӣ шудани стандарти "ҳалол" дар Тоҷикистон чанд фоида дорад. Аввалан пеши роҳи истеҳсоли маҳсулоти пастсифат ва ба саломатии мардум зараровар гирифта мешавад. Ва муҳим аз ин, гумону шубҳаи мардум нисбати ҳарому шубҳаовар будани маҳсулоти корхонаҳои Тоҷикистон аз байн меравад.

 

Атохон ҒАНИЕВ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)