Дар мавриди шумораашон маълумоти омори расмӣ ва рақамҳое, ки масъулини вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистону ширкати «Барқи тоҷик» аз минбарҳои баланд эълон медоранд, ба ҳам мувофиқат накарда истодаанд. Аз маълумоти паҳншуда, бармеояд, ки вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон шумораи нерўгоҳҳои хурдро 88 адад барзиёд нишон дода истодааст.
Вайсиддин Тиллоев, сардори шўъбаи нерўгоҳҳои хурди Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар сўҳбат бо «Озодагон» шумораи нерўгоҳҳои хурдро дар кишвар ба ҳолати 20 – уми феврал 267 адад арзёбӣ карда, иқтидори умумиашонро 23,3 ҳазор киловатт номид.
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон се сол пеш дар кишвар 53 нерўгоҳи хурд ва соли 2010 34 адад ва соли гузашта ҳудуди 30 адад нерўгоҳи хурд ба истифода дода шудаанд. Тиллоев мегўяд тибқи барномаи сохтмони нерўгоҳҳои хурд, дар кишвар ҳамасола бояд ҳадди ақал 30 адад нерўгоҳ сохта шаванд ва аз буҷети давлат ҳам ба ин мақсад барои ширкати «Барқи тоҷик» як миқдори муайяни маблағ ҷудо мегардад.
Ин дар ҳолест, ки гуфтугузорҳо дар мавриди тез аз кор мондани нерўгоҳҳои хурди кишвар зиёданд. Аз ҷумла гуфта мешавад нерўгоҳи якмегаватӣ, ки 26 –уми августи соли гузашта дар деҳаи Санги Кари ноҳияи Рашт ва инчунин дар шимоли Точикистон, ки бо иштироки президенти кишвар расман ифтитоҳ шуданд, чанде баъд аз кор бозмондаанд.
Вайсиддин Тиллоев мегўяд аз 267 адад нерўгоҳҳои хурди мавҷуда 16 ададашон бо сабабҳои техникӣ кор накарда истодаанд:
«Баъзан нерўгоҳҳои хурд бо сабабҳои техникӣ, - кам омадани об, бо лой пур шудани ҷуйбору қубурҳо мувақаттан аз кор мемонанд ва баъди бартараф кардани ин камбудиҳо боз фаъол мешаванд. Нерўгоҳҳои хурд нозуканд. Онҳо монанди нерўгоҳҳои калон, қубуру агрегатҳои эҳтиётӣ надоранд. Бино ба ин тез аз кор мемонанд ва камбудиҳояшон низ зудҳалшавандаянд.шуд».
Омор дигар чӣ мегӯяд
Аммо маълумоти агентии омор дар мавриди шумораи нерўгоҳҳои мавҷуда дар кишвар дар муқоиса бо эълонҳои масъулини вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон хеле каманд.
Аз ҷумла тибқи иттилои агентии омор ба ҳолати аввали моҳи ҷорӣ дар кишвар 179 адад нерўгоҳҳои хурд ҳисоб карда шудаанд, ки аз эълонҳои вазорати энергетика дар ин бора 88 адад кам аст. Аз 179 адади мавҷуда ба иттилои агентии омор ҳамагӣ 127 адад кор мекунанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи масъулини вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон айни ҳол дар кишвар 251 адад нерўгоҳи хурд фаъол аст.
Вайсиддин Тиллоев, дар мавриди фарқият миёни маълумоти вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва рақамҳои агентии омор мегўяд, ки масъулини омор бо вазорати рушди иқтисод ҳамкорӣ доранду аз маълумотҳои охирин бархурдор нестанд.
Аз тарҳ то амал фосилаи дурест
Коршиносон мегўянд, агар масъулини вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба масъалаи сохтмони нерўгоҳҳо сатҳӣ барои худнамоӣ муносибат накунанду ҷиддӣ кор кунанд, он метавонад барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар қишлоқҷойҳо, мусоиддат кунад.
Слависа Робич, коршиноси байналмилалӣ мегўяд дар ҳоли ҳозир 75 фоизи мардуми камбизоати Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ дорад ва ҳамагӣ 8 фоизи қувваи барқи дар кишвар истеҳсолшавандаро истифода мекунанд. Вай мўътақид аст, ки бо мурури таъмини аҳолии камбизоат бо барқ вазъи вазъи иқтисодию иҷтимоии онҳо босуръат беҳбуд ёфта, рушди маориф, саноати маҳаллӣ, тандурустӣ ва ғайра таъмин мегардад.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси масоили иқтисодии тоҷик дар қатори пайомадҳои иҷтимоии бунёди нерўгоҳҳои хурд, - созмони ҷойҳои нави корӣ, коҳиши муҳоҷират аз қишлоқҷойҳо, рушди саноати маҳаллӣ ва ҳифзи муҳити зист номид.
«Аз ҷумла тибқи таҳлилҳо барои сохтмони 1000 нерўгоҳи хурд, атрофи 100 миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Дар натиҷа танҳо дар бахши энергетика 4000 ҷои нави корӣ пайдо мешаванд. Аз ин миқдор нерўгоҳ, ки ҳар як тоашон иқтидори миёнаи 100 кВт доранд, дар маҷмўъ мо метавонем, наздики 1 миллиарду 800 миллион доллари амрикоӣ фоида гирем. Ҳамчунин дар натиҷаи сохтмони 1000 нерўгоҳи хурд, бурриши дарахтони мевадиҳандаю ҷангалҳои нестшудаистодаи Тоҷикистон ба 500 000 метри мукааб кам мешавад. Партофти СО2 ба ҳаво то 900 000 метри мукааб коҳиш меёбад».
Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик» бунёди нерўгоҳҳои хурдро дар шароити деҳот самаранок арзёбӣ карда, дар шароити Тоҷикистон насохтани нерўгоҳҳои бузургро «гуноҳ» номид. Аз ҷумла Ёров, мавқеи ҷойгиршавӣва захираҳои энергетикии дарёи Вахшро, бо 350 киллометр дарозӣ ва як километр нишебӣ нодир ва доди Худо гуфта, афзуд, ки агар мо дар он нерўгоҳҳое монанди Роғуну Шуроб насозем, гуноҳ аст.
Ҳаким Давлатёров
« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |