Бахшҳо
29 фев 2012 09:46Гузориш

Шаҳодатнома ба «муҳоҷири оянда». Роҳ ба ҳеч куҷо…

Ба назар менамуд, ки дар ин чорабинӣ бархе аз иштирокчиёни курси омӯзиши забони русӣ,  фикри худро бо забони тоҷикӣ дуруст баён карда наметавонанд, чӣ расад ба забони русӣ.

 

Аз зумраи 100 нафар, ки тайи панҷ моҳ ба омӯзиши забони русӣ ва тайёрии касбӣ фаро гирифта шуда буданд, 94 каси онҳо соҳиби шаҳодатнома гардид. Ин гурӯҳи   курсҳои омӯзиширо аз 1-уми сентябри соли гузашта оғоз намуда буданд. Имрӯз дар маросими супоридани шаҳодатномаҳо, ки дар китобхонаи Фонди марказии «Русский-мир»-и назди Донишгоҳи Слявянии Тоҷикистону Русия баргузор гардид,  намояндагони Хадамоти муҳоҷирати кишвар, Вазорати маориф ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон ширкат намуданд. Онҳо ба ғайр аз омӯзиши забони русӣ бо омӯзиши дигар ихтисосҳо, аз қабили электрик, кафшергарӣ давоми 5 моҳ таҳсил намудаанд. Анвар Бобоев, муовини аввали сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ин гурӯҳ ҷавононе, ки сертификати 3 намуди кор ва шаҳодатномаи забони русиро гирифтанд, нисбати он муҳоҷироне, ки чунин ҳуҷҷатҳоро надоранд, дорои имтиёзҳои зиёд мебашанд. Ин ҳамсӯҳбатамон мегӯяд, акнун нафарони дорои чунин шаҳодатномаҳо тавассути корхонаи воҳиди давлатии рушди хоҷагии кор, ки дар сохтори Хадамоти муҳоҷират фаъолияти корӣ дорад, ба хориҷа мераванду расман ба кор таъмин карда мешаванд: « Албатта ба ҷои кор таъмин гардидани онҳо дар асоси шартнома ва дархости кордиҳандаҳои Русия сурат мегирад. Агар чунин кор амалӣ гардад (ба ҷои кор таъмин намудани ин гуруҳ ҷавонон аз ҷониби кордиҳандагони Русия) Хазинаи «Русский мир» ва Хадамоти муҳоҷирати Русия дар ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ин иқдомро боз идома хоҳанд дод.

Аммо мушкил дар дигар ҷост…

Ҳамзамон, Кобулшоҳ Аҳмадов як тан аз хатмкардагони курси мазкур  шароити дарсҳоро хуб арзёбӣ намуд ва иброз дошт, ки на ҳамаи омӯзишгирандагон пурра иштирок мекарданд: «Аз 24 нафаре, ки дар гурӯҳи мо буд, 4 нафараш рӯзҳо иштирок накарда, «эн-бе» мегирифтанд. Онҳо бо муаллимон занг зада огоҳ мекарданду аз пайи корҳои худашон мешуданд». Раҷабалӣ Қурбонов, яке аз омӯзгорони ин гурӯҳи ҷавонон ин гуфтаҳоро тасдиқ намуда, иброз дошт, ки маҳз аз сабаби иштирок накардан ва пурра аз худ накардани барномаҳо ба 6 нафар ҳуҷҷат дода намешавад: «Мо дар аввал 100 нафар қабул карда будем, ки ба имтиҳони хатм ҳамагӣ 94 нафараш роҳ дода шуду халос. 6 нафаре, ки роҳ дода нашуданд, дар давоми дарсҳо нақшаи таълимиро аз худ накарданд ва дар сурати фарқиятҳоро супориданашон, баъдан онҳо метавонанд, соҳиби ҳуҷҷати касбӣ шаванд».

Ба назар чунин менамуд, ки дар ин чорабинӣ бархе аз иштирокчиёни курси омӯзиши забони русӣ,  фикри худро бо забони тоҷикӣ дуруст баён карда наметавонанд ва ё худ мустақилона бо журналистон гап зада наметавонанд. Мушоҳида кардам, ки ҳар нафаре, ки аз онҳо сухан кардан мехоҳанд, қаблан намояндагони Хадамоти муҳоҷират ( бархе аз кормандони маркази матбуотияш) бо онҳо чӣ гуфтанро таъкид мекарданд. Ҳатто як нафар хатмкардаи ин курси мазкурро дар сӯҳбат бо  хабарнигори як шабакаи телевизиони давлатӣ қаблан Абдуло Қодирӣ, сухангӯи маркази матбуотии Хадамоти муҳоҷират 3 маротиба дар мавриди изҳори минатдорӣ карданаш аз Хадамоти муҳоҷират гап нишон дод, ки бо вуҷуди ин, ӯ гуфтаҳои Қодириро дар рӯ ба рӯи наворбардори ТВ пурра гуфта натавонист, ки инро Абдулло Қодирӣ ба суст будани фонди луғавии онҳо рабт дод.

Суоли матраҳ ин аст, ки агар фонди луғавии муҳоҷирини оянда бо забони модарӣ ин қадар мушкил дорад, пас онҳо забони русиро чӣ тавр омӯхтанду шаҳодатнома гирифтанд. Ман нафаҳмидам, шумо чӣ?

Алишер Зарифӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)